Резаахбор Оид ба натиҷаҳои Форуми андозӣ ва сармоягузорӣ “Роҳи абрешим”
Рӯзҳои 22-23 феврали соли 2023 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми андозӣ ва сармоягузорӣ “Роҳи абрешим” (минбаъд Форум) бо ташаббуси Маркази байналмилалии андоз ва сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он беш аз 100 иштирокчӣ аз 14 кишварҳои дуру наздик ширкат варзиданд.
Дар Форум аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Раиси Кумитаи андоз – Раҳимзода Абдусалом (роҳбари ҳайат) ва муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилали –Хайриддинов Умедҷон иштирок намуданд. .
Бояд қайд намуд, ки Маркази байналмилалии андоз ва сармоягузорӣ (минбаъд Марказ) созмони мустақили ғайритиҷоратии тадқиқотӣ ва таълимӣ буда, бо мақсади пешбурди ислоҳоти андозӣ ва ташаббусҳои давлативу хусусӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсис дода шудааст. Ситод-қароргоҳи Марказ дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка воқеъ буда, намояндагии минтақавии худро дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис дода аст. Марказ табодули таҷрибаи байналмилалиро дар самти андозбандӣ ва сармоягузорӣ ба роҳ монда, тавассути дастгирии созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо мақомотҳои андоз ва молияи 85 давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд.
Ҳамасола, Марказ дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои андоз ва молияи давлатҳои дахлдор Форуми андозии Авруосиёро ташкил ва баргузор намуда, иштирокчиёни Форуми зикргардида масъалаҳои сиёсат ва маъмурикунонии андоз, ҳалли масъалаҳои андозӣ ва навовариҳои андозиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки дар Форум њайатҳои расмии давлатҳои Гурҷистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва коршиносони байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Халқии Хитой, Туркиё, Федератсияи Россия, Швейтсария, Шоҳигарии Нидерланд, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Африқои Ҷанубӣ иштирок намуданд. Намояндагони Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон, коршиносони Маркази байналмилалии андоз ва сармоягузорӣ ва дигар намояндагони бахши хусусӣ тибќи рўзномаи љаласањои Форум мавзуъњои вобаста ба рушди минтақавии иқтисодӣ ва омилҳои умумии сиёсати андозиву буҷетӣ, маъмурикунонии андозҳои ғайримустақим, ҳамоҳангсозии сиёсати савдо ва андоз бо мақсади рушди савдои минтақавӣ ва муқовимат ба савдои ғайриқонунӣ, истифодаи технология барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, манфиатҳои истифодабарии тамғагузорӣ ва рамзгузории электронии маҳсулот ва пайгирии маҳсулотҳо дар ҳамаи марҳилаҳои муомилот, инчунин андозбандии хизматрасониҳо дар иқтисодиёти рақамӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамчунин, коршиносони байналмилалӣ оид ба навовариҳо дар самти татбиқи тадбирҳои мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида дар доираи BEPS, тиҷорати электронӣ, ҳалли мушкилоти иқтисоди рақамӣ, таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Қазоқистон дар таҳрири нав, пешниҳоди эъломияҳои андозӣ вобаста ба даромадҳо ва молу мулк аз тарафи аҳолии Қазоқистон дар солҳои минбаъда, хавфҳои иҷро нагардидани қонунгузории андоз аз тарафи соҳибкории хурду миёна, дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузории давлатҳои минтақа ва дигар масъалаҳои мубрами андозбандии байналмилалӣ суханрониҳо намуда, масъалаҳои матраҳшударо мавриди муқокима қарор доданд. Зимни муҳокимарониҳо оид ба масъалаҳои номбурда аз ҷониби ҳайати Кумитаи андоз ба коршиносони байналмилалӣ оид ба татбиқи тадбирҳо дар доираи BEPS, роҳҳои ҳалли мушкилотҳо дар самти тиҷорати электронӣ, андозбандии ширкатҳои фаромиллӣ ва тамғагузории маҳсулот саволҳо пешниҳод намуд. Ҳамзамон, ҳайати Кумитаи андоз ба иштирокчиёни Форум оид ба ислоҳотҳои қонунгузории андоз ва рушди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтассар манзур гардид.