Резаахбор Оид ба натиҷаҳои ҷаласаи XXIX-и Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Резаахбор
Оид ба натиҷаҳои ҷаласаи XXIX-и Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Рӯзҳои 5-7 октябри соли 2022 ҷаласаи навбатии XXIX-и Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШҲРМА ИДМ) таҳти раёсати Вазорати андоз ва пардохтҳои Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии XXIX-и ШҲРМА ИДМ, ҳайати вакилони мақомотҳои андози кишварҳои иштирокдори ИДМ, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин намояндаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия ва мақомоти андози Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз - Солеҳзода А.М. (роҳбари Ҳайат), сардори Сарраёсати маъмурикунонии андоз – Ш.Кабирзода, муовини сардори Раёсати Ҳамкории байналмилалӣ – У.Хайриддинов ва сардори шуъбаи коркарди маълумот ва мониторинги Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо – Ф.Маҳмадҷонов иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки коршиносон ва Роҳбарони Ҳайатҳо тибқи рӯзномаи ҷаласаҳо мавзӯъҳо вобаста ба қонунгузории амалкунандаи андози давлатҳои иштирокдори ИДМ ва тағйироту иловаҳои ба онҳо воридгардида, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифтанд, оид ба нишондиҳандаҳои кории низомҳои андози кишварҳои иштирокдори ИДМ барои соли 2021, оид ба андозбандии субъектҳои соҳибкории хурд ва татбиқи низомҳои содакардашудаи (махсуси) андозбандии субъектҳои соҳибкории хурд дар кишварҳои иштирокдори ИДМ барои соли 2021, оид ба таҷрибаи муайян намудани сатҳи қаноатбахшии андозсупорандагон, оид ба рушди ҳуҷҷатгузории электронӣ дар кишварҳои иштирокдори ИДМ, оид ба мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ байни кишварҳои иштирокдори ИДМ вобаста ба амалӣ намудани маъмурикунонии андоз аз 2 ноябри соли 2018.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Роҳбарони ШҲРМА ИДМ, маълумот вобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, рушди хизматрасониҳои интерактивӣ дар асоси тамос ва таҳқиқоти таҷрибаи истифодабарандагон дар кишварҳои худ, дар шакли рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар навбати худ, Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз – Солеҳзода Аюбджон Маруф дар мавзӯи “Рушди парадигмаи рақамикунонии хизматрасониҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Дар маърӯзаи худ Солеҳзода А.М. доир ба рушди марҳилаҳои маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтарнамоии фазои рақамӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ бо мақсади зиёд намудани амалиётҳои ғайринақдӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, намудҳои хизматрасониҳои электронӣ, ҷамъоварии автоматии маълумот ва таҳлили онҳо, гардиши ҳуҷҷатгузории электронӣ байни субъектҳои хоҷагидор тавассути истифодаи технологияи иттилоотӣ, пайгирии муомилот, алоқаҳои тиҷоратии андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, истифодаи босамари утоқи шахсӣ, омори даромадҳои андозӣ, Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 ва нақшаву ҳадафҳои ояндаи Кумитаи андоз фикру андешаҳои худро барои иштирокчиён ироа намуд.
Бояд қайд намуд, ки ба рунамои Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз аз ҷониби иштирокчиён, аз ҷумла Роҳбари Хадамоти андози Федератсияи Россия Егоров Д. В. ва Вазири андоз ва пардохтҳои Ҷумҳурии Беларус Наливайко С. Э. баҳои мусби дода шуд.
Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа иҷроиши Нақшаи чорабинӣ оид татбиқи марҳилаи якуми (солҳои 2021-2025) Стратегияи рушди иќтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 вобаста ба қисмати фаъолияти ШҲРМА ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа Ҳисоботи фаъолияти Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия-Ташкилоти базавии кишварҳои иштирокдори ИДМ оид ба омоданамоӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи андозу андозбандӣ шунида ва тасдиқ карда шуд. Қарор қабул шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 дар доираи Ташкилоти базавӣ як қатор семинар ва конференсияҳои илмию-таҷрибавӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ ва маъмурикунонии андоз баргузор карда шавад.
Нақшаи кории ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2022-2023 ва рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ, ки ба мавзӯъҳои зерин бахшида шудааст, аз ҷумла «Ҳалли масъалаҳо таввасути истифодаи технологияҳои рақамӣ, усулҳои таҳлили маълумотҳои калонҳаҷм ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии маъмурикунонии андоз» ва «Рушди иқтидори кадрҳо» тасдиқ карда шуд.
Раискунандаи ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2022-2023 Раиси Кумитаи давлатии даромадҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Жаналинов Данияр Еренгалиевич интихоб гардид.
Баргузории ҷаласаи навбатии ХХХ ШҲРМА ИДМ дар нимаи дуюми соли 2023 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.