Ифтитоҳи иншооти Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Ифтитоҳи иншооти Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Санаи 20-уми августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи иншооти Раёсати
андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
иштирок намуд.
Муосиркунонии соҳаи андоз – яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти
андоз буда, ҷиҳати беҳтарнамоии сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва
фароҳам овардани шароити мусоиду қулай ба шаҳрвандон ва беҳтар иҷро
намудани уҳдадориҳои андозии онҳо пайваста диққати махсус зоҳир карда
мешавад.
Айни замон, мақомоти андоз намудҳои зиёди хизматрасониҳои электрониро
пешниҳод менамояд, аз ҷумла эъломияҳои андозӣ тариқи электронӣ пешниҳод
карда мешаванд ва маълумотномаи лозима дар реҷаи онлайн дархост карда
мешавад, инчунин ҳама гуна маълумотро метавон вобаста ба қонунгузории
андоз дар сомонаи Кумитаи андоз дастрас намуд.
Иншооти замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки
мақомоти андозро ҳамчун яке аз мақомоти хизматрасонӣ дорои технологияҳои
пешқадам муаррифӣ менамояд. Ин ба соддагардонии раванди ҳамгироӣ бо
андозсупорандагон, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва ҷиҳати ташкили
фазои мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Дар иншоот барои андозсупорандагон тамоми нуқтаҳои функсионалӣ алалхусус,
мизҳо барои тартиби ҳуҷҷатҳо, овезаҳои маълумотӣ ва дастрасӣ ба
хизматрасониҳо баҳри қабули самараноки шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.
Бояд қайд намуд, ки иншооти Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти
андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни
миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида,
барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони
инфиродӣ шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.