Вохӯрӣ бо ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи молиявии илмию тадқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия
Вохӯрӣ бо ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи молиявии илмию тадқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия
Санаи 27 сентябри соли 2021 Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо ходимони илмии Маркази сиёсати андози Пажӯҳишгоҳи молиявии илмию тадқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Россия вохӯрии судманд анҷом дод.
Дар вохӯрӣ Лазарян Самвел Сергеевич – роҳбари самтҳои барномаҳои ҳамкории байналмилалӣ, сардори Маркази тадқиқоти макроиқтисодӣ, Шаталов Сергей Дмитриевич – мушовири директори Пажӯҳишгоҳи молиявии илмию тадқиқотӣ, Пинская Миляуша Рашитовна – роҳбари Маркази сиёсати андоз ва дигар ходимони Пажӯҳишгоҳ иштирок намуданд.
Мақсади вохӯрӣ – мубодилаи таҷриба байни мақомотҳои марбутаи давлатӣ ва ба роҳ мондани семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои дурнамосозии даромади буҷети давлатӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва сиёсати андозро дарбар мегирад.
Инчунин, ҷонибҳо вобаста ба Лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, таъсири он ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди самтҳои гуногуни иқтисодии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани њамкорињои минбаъда бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.