Ифтитоҳи иншоотҳо дар ноҳияи Балҷувон.
Ифтитоҳи иншоотҳо дар ноҳияи Балҷувон
Санаи 23-юми сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи андози назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи иншоотҳо, аз ҷумла иншооти БДА «Амонатбанк», Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Варзишгоҳи марказӣ, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон иштирок намуданд.
Дар бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили кушодани суратҳисоби бонкӣ, интиқол ва гирифтани маблағ, пардохти хизматрасониҳо ва гирифтани қарзҳо ба роҳ монда шудааст.
Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик тарбия намудани насли наврасу ҷавон мусоидат мекунад. Зеро дар ин ҷо аз давлатдорӣ, муборизаву ҷоннисоркуниҳои фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абӯмуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафари дигар маълумоти зиёд маҳфуз мебошад.
Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бисёр созгор аст. Дар бинои нав ҳамзамон толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ҳуҷраҳои кории шуъбаю бахшҳои дастгоҳ ва мақомот ва бойгонӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон бо тамоми лавозимоти корӣ дар ошёнаи дуюм муҷаҳҳаз мебошанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳ дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, баргузории мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ, чорарабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар миёни сокинон имкони васеъ фароҳам овард.
Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 7200 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.