Конфронси дуюми Форуми ҳамкории маъмуриятҳои андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” (BRITACOF).


Конфронси дуюми Форуми ҳамкории маъмуриятҳои андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” (BRITACOF).



    Рӯзҳои 7-9-уми сентябри соли 2021 конфронси дуюми маҷозии Форуми ҳамкории маъмуриятҳои андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” (минбаъд - BRITACOF) баргузор гардид.

    Конфронс аз ҷониби Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шуд. Мавзӯи конфронс: "Рақамикунонии маъмурикунонии андоз ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави идоракунии маълумот".

    Дар конфронс намояндагони мақомоти андози 61 кишвар, 12 созмони байналмилалӣ, доираҳои академӣ ва тиҷоратӣ иштирок доштанд, ки доир ба рақамикунонии маъмурикунонии андоз маърӯза ироа намуданд.

    Ҳадафи ин конфронс мусоидат намудан ба рушди доимии муҳити андозӣ, тақвияти андозбандӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ва ҳамкорӣ баҳри тавсеаи маъмурикунонии андоз дар кишварҳои узви BRITACOM мебошад.

    Аз ҷониби Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронси маҷозӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андоз Солехзода А., муовини Раиси Кумитаи андоз Маликзода Н. ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Хайриддинов У. иштирок намуданд.

    Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз Солехзода А. дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Дар маърӯзаи худ ӯ доир ба асосҳои ҳуқуқии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, шаклҳои хизматрасонӣ ва шумораи хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон маълумоти муфассал ироа намуд.

    Ба иштироккунандагони конфронс вебсайти Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шуд, ки аз соли 2017 инҷониб 63 намуди хизматрасониҳои электрониро ба андозсупорандагон пешниҳод менамояд. Инчунин имконоти терминал ва маркази тамос нишон дода шуданд, ки ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон ҷиҳати баррасии мушкилоту проблемаҳо, арзу шикоятҳо ва пешниҳоди фикру мулоҳизаи онҳо оид ба ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупорандагон шароити мусоид фароҳ меоварад.

    Қайд гардид, ки бо мақсади муайян намудани сатҳи қаноатмандии андозсупорандагон аз хизматрасониҳои андозӣ, аз ҷониби гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар ибтидои соли 2021 дар байни 1060 субъектҳои соҳибкории Тоҷикистон таҳқиқот гузаронида шуда, дар натиҷаи он маълум гардид, ки аксарияти андозсупорандагон аз касбият, салоҳият ва ёрии кормандони мақомоти андоз дар шарҳу тавзеҳи қонунгузории андоз изҳори қаноатмандӣ намуданд.

    Пас аз маърӯзаи муовини якуми Раиси Кумитаи андоз, модератори конфронс Стеф ван Вигел - роҳбари сиёсати байналмилалии андози PwC, профессори ҳуқуқи байналмилалии андози Донишгоҳи Амстердам ба Солехзода А. барои баромади пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки шахсан аз вебсайти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кард ва мутмаин гардид, ки вебсайти Кумита барои истифодаи андозсупорандагон қулай ва осон мебошад.

    Дар охир маъмуриятҳои андози кишварҳои узви BRITACOM вобаста ба коркарди технологияҳои пешрафта барои мусоидат ба навсозӣ ва рақамигардонии маъмурикунонии андоз, дар асоси риояи принсипҳои ҳамкории мутақобила судманд, ошкорбаёнӣ ва фарогирӣ баҳри рушду инкишофи ояндаи BRITACOM ба тавофуқ расиданд.

    Лозим ба зикр аст, ки дар вебсайти расмии BRITACOM намоишгоҳи маҷозӣ баргузор мегардад, ки дар он дастоварду комёбиҳои мақомоти андози кишварҳои гуногун дар соҳаи рақамисозии маъмурикунонии андоз ба намоиш гузошта мешавад.

    Дар намоишгоҳи маҷозӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намудааст (маълумоти муфассал дар бораи намоишгоҳи маҷозӣ (виртуалӣ) дар истиноди зерин дастрас аст: https://www.britacom.org/news/exhibition_2/ ).