Рӯзҳои 7-11 октябри соли 2024 бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Хазинаи Байналмилалии Асъор рӯзҳои 7-11 октябри соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон семинари минтақавӣ дар мавзӯи “Тадқиқоти байналмилалӣ доир ба маъмурикунонии даромадҳо (ISORA)” (минбаъд - Семинар) баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки Маркази рушди иқтидори минтақавии Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (минбаъд-Марказ) Лоиҳаи муштараки ҳамкории Хазинаи Байналмилалии Асъор бо нуҳ кишвари аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.
Марказ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 1 феврали соли 2021 бо мақсади рушди иқтидори давлатҳои аъзо тавассути пешниҳодҳои кумакҳои техникӣ ва семинарҳои машваратию таҷрибавӣ таъсис дода шудааст.
Дар Семинар беш аз 20 иштирокчӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Казоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Дар Семинар аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бахтиёр - муовини Раиси Кумитаи андоз (роҳбари ҳайат), Хайриддинов Умедҷон - муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва Раҷабов Раҳмиддин - сардори Шуъбаи пешгӯии даромадҳои Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо иштирок намуданд.
Семинар ба омӯзиши моҳияти Тадқиқоти байналмилалӣ доир ба маъмурикунонии даромадҳо (ISORA) (минбаъд - Тадқиқот) ва усулҳои истифодаи маълумотҳои он равона гардида, дар назар аст, ки натиҷаҳои он барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Тадқиқот соли 2016 аз ҷониби Созмони дохилиаврупоии мудириятҳои андоз (IOTA) гузаронида шуда, дар он 43 давлатҳои аъзои созмони номбурда иштирок намуданд. Айни замон аз ҷониби Тадқиқот маълумотҳои 4 ташкилоти байналмилалӣ – Маркази Байниамрикоии Маъмурияти Андоз, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Ташкилоти Дохилиаврупоии Маъмурияти Андоз (IOTA) ва Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (ОЭСР) ҷамъоварӣ ва коркард карда мешаванд.
Теъдоди давлатҳои иштирокчии Тадқиқот соли 2024 ба 165 адад баробар гардидааст. Мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ Тадқиқотро ҳамчун манбаи маълумотҳои рақамии соҳаи андоз ҳисобида, онро пайваста мавриди истифода қарор медиҳанд.
Коршиносони байналмилалӣ тибқи рӯзномаи Семинар иштирокчиёнро бо мавзӯъњои вобаста ба идоракунии самараноки фаъолияти мақомоти андоз, тарзи дуруст, сари вақт ва сифатан хонапурӣ намудани ҷадвалҳои Тадқиқот тавассути платформаи электронӣ, дастрасӣ ба маълумотҳои Тадқиқот ва истифодаи самараноки онҳо, идоракунии захираҳои инсонӣ, идоракунии хавфҳои иҷро нагардидани муқаррароти қонунгузории андоз, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳо ҳангоми пешниҳоди маълумотҳои зарурӣ барои Тадқиқот ва дигар масъалаҳои барои ҳамкориҳо муҳим шинос намуданд.
Зимни Семинар, намояндагон аз мақомоти андози кишварҳои минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон оид ба тарзи истифодаи минбаъдаи иттилооти Тадқиқот ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз маълумот пешниҳод намуданд. Аз ҷумла намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон ва Озарбойҷон таҷрибаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо тартиби электронӣ бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин намудани шахсони воқеӣ, тартиби пешниҳоди эъломияи андоз аз даромад аз ҳисоби иҷораи молу мулк дар шакли электронӣ, шаклҳои идоракунии қарзи андоз ва кам кардани қарзҳои андозиро ҳамчун таҷрибаи муваффақ ва қобили таваҷҷӯҳ ҳисобиданд.
Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон