ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон намудани соли 2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон карда шавад.

2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 30 декабри соли 2023, № 668


Рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024»


   Бо мақсади иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2024, №АП-533 тасдиқ шудааст, бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024, №50 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.


Тавсифи рамзи

«Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024»

   Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

   Дар гирди қисми болои рамз бо забони тоҷикӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ифодагари моҳияти рамз мебошад, навишта шуда, дар қисми поёни он рамзи шараф – шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷой гирифтааст.

  Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – китоби кушода, офтоби оламоро ва тоҷдасти шоҳӣ ҷой дода шудааст. Китоби кушода таҷассумкунандаи манбаи дониш, Конститутсия ва қонун, таълиму тарбия ва хирад, офтоби оламоро – рамзи нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ ва тоҷдасти шоҳӣ бо тасвири нимдавраи офтобӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшанидиҳанда мебошад. Дар қисми поёни маркази доира рақами «2024» нишон дода шудааст.

БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2024
Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаи 5)

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд (моддаи 14)

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд (моддаи 17)

Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023:

Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад

Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд

  

Аз Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030:

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тољикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад

Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад

  

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат (09.03.2024):

Мақсад аз қабули қарор` дар бораи соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад

Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад

  

Аз Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028:

Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад

  

Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (26.12.2018):

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбқнёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад

Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат,суботу оромии ҷомеа,ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,инчунин,мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад

  

Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 25 апрели соли 2008:

Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад