Конфронси маҷозии сатҳи баланд, ки ба мушкилоти нав, имкониятҳои нав ва ояндаи нав – банақшагирии рушди рақамисозии андоз дар замонаи пандемия бахшида шудааст.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Резаахбор
Конфронси виртуалии сатҳи баланд дар доираи Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз, ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» вобаста ба мавзӯи «Паёмадҳои нав, имкониятҳои нав ва ояндаи нави банақшагирии рушди рақамикунонии андоз дар заминаи пандемия»




Конфронси виртуалии сатҳи баланд дар доираи Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз, ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» вобаста ба мавзӯи «Паёмадҳои нав, имкониятҳои нав ва ояндаи нави банақшагирии рушди рақамикунонии андоз дар заминаи пандемия».
Санаи 15 декабри соли 2020 Конфронси виртуалии сатҳи баланд дар доираи Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз, ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» (минбаъд – Механизм) вобаста ба мавзӯи паёмадҳои нав, имкониятҳои нав ва ояндаи нави банақшагирии рушди рақамикунонии андоз дар заминаи пандемия баргузор гардид.
Дар Конфронси номбурдаи виртуалӣ намояндагони мақомоти фискалӣ, мушоҳидачиён, олимон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз 47 давлати дунё ва 9 созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси мазкур Раиси Кумита Давлатзода Нусратулло Муқим ва муовини якуми Раиси Кумита Солеҳзода Аюбҷон Маруф ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро оид ба тадбирҳои пешгирифтаи Кумита ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба муҳити соҳибкорӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи он тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои васеи электронӣ шинос намуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи андоз рӯнамо оид ба «Рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри рақамӣ» омада гардида, ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуд.
Маърӯзачиён ва иштирокчиёни Конфронси виртуалӣ изҳор доштанд, ки таъсири COVID-19 васеъ ва тӯлонӣ хоҳад буд, бинобар ин вокуниши қавӣ ва ҳамоҳангсоз дар доираи Механизм, ҳамчунин ҳамкории бисёрҷониба бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули иттиҳоди бо ҳам зич ва ояндая муштарак дар доираи «Як камарбанд, як роҳ» зарур мебошад.
Ҳамбастагӣ ҷиҳати тақвият додани рушди маъмурикунонии андоз, инфрасохтори андоз, назорати сифат, истифода намудани таҳлилҳои маълумоти калонҳаҷм (Big Data) ва ташаккули механизми идораи маълумоте, ки барои мақомотҳои андоз қобили қабул аст, аз ҷониби иштирокчиён қайд карда шуд.
Дар охир иштирокчиён эъломияи муштарак қабул намуда, омодагии худро барои ҳамкории боз ҳам наздик ва мубодилаи таҷриба ҷиҳати рушди маъмурикунонии андоз дар давлатҳои аъзои Механизм баён намуданд.

 Раёсати ҳамкории байналмилалӣ