Оид ба натиҷаҳои ҷаласаи XXXI-и Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Рӯзҳои 2-4 октябри соли 2024 ҷаласаи навбатии XXXI-и Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШҲРМА ИДМ) таҳти раёсати Хадамоти давлатии андози назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи XXXI-и ШҲРМА ИДМ ҳайатҳои мақомотҳои андози кишварҳои иштирокдори ИДМ, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия,Ӯзбекистон, инчунин намояндаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз - Солеҳзода А.М. (роҳбари ҳайат), сардори Раёсати маъмурикунонии андози Сарраёсати маъмурикунонии андоз – Рабизода Ҷаҳонгир ва сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ – Аҳмадзода Манижа Азим иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои барои ҳамкориҳо ва фаъолияти мақомоти андоз муҳим, аз ҷумла таҳлили нишондиҳандаҳои асосии низоми андози кишварҳои иштирокдори ИДМ, ҳолати иҷрои нақшаи кории ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2023-2024 ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо баррасӣ ва аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамчунин, коршиносон ва Роҳбарони ҳайатҳо тибқи рӯзномаи ҷаласаҳо мавзӯъҳо оид ба қонунгузории амалкунандаи андози давлатҳои иштирокдори ИДМ ва тағйироту иловаҳои ба онҳо воридгардида, ки аз 1 январи соли 2024 мавриди амал қарор гирифтанд, оид ба нишондиҳандаҳои кории низомҳои андози кишварҳои иштирокдори ИДМ барои соли 2024, оид ба андозбандии субъектҳои соҳибкории хурд дар кишварҳои иштирокдори ИДМ барои соли 2024, оид ба мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ байни кишварҳои иштирокдори ИДМ вобаста ба амалӣ намудани маъмурикунонии андозро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласа Солеҳзода А.М. доир ба рушди марҳилаҳои маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтарнамоии фазои рақамӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ бо мақсади зиёд намудани амалиётҳои ғайринақдӣ ва намудҳои хизматрасониҳои электронӣ, ҷамъоварии автоматии маълумот ва таҳлили онҳо, гардиши ҳуҷҷатгузории электронӣ байни субъектҳои хоҷагидор тавассути истифодаи технологияи иттилоотӣ, пайгирии муомилот, алоқаҳои тиҷоратии андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, истифодаи босамари утоқи шахсӣ, омори даромадҳои андозӣ, Барномаи рушди маъмурикунонии андоз ва нақшаву ҳадафҳои ояндаи Кумитаи андоз суханронӣ намуд.
Дар анҷоми ҷаласа Нақшаи кории ШҲРМА ИДМ барои соли 2025 ва рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ дар мавзуъҳои “Системаи назорати гардиши мол ҳамчун воситаи таъмини тиҷорати шаффоф ва мубориза бо иқтисодиёти пинҳонӣ” ва “Нозири андоз: имрӯз ва фардо” тасдиқ карда шуд.
Раискунандаи ШҲРМА ИДМ Роҳбари Хадамоти федералии андози Россия Егоров Даниил Вячеславович интихоб гардид.
Баргузории ҷаласаи навбатии ХХХII-юми ШҲРМА ИДМ дар нимаи дуюми соли 2025 дар Федератсияи Россия ба нақша гирифта шуд.
Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон