Иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 5-уми ҳамкории мудирияти андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» дар шаҳри Ҳонгконги Ҷумҳурии Мардумии Чин

    Рӯзҳои 24-26 сентябри соли 2024 Форуми 5-уми ҳамкории мудирияти андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» (минбаъд - Форум) дар шаҳри Ҳонгконги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

    Форум аз ҷониби Котиботи Механизми ҳамкории мудирияти андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” (минбаъд - Котибот) ва Сарраёсати даромадҳои дохилии Ҳонгконги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзӯи “Амиқтар ва беҳтар намудани ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ ” ташкил карда шуд.

    Дар Форум беш аз 500 нафар намояндагони мақомоти андози зиёда аз 50 давлатҳои гуногуни ҷаҳон, коршиносони байналмилалӣ, созмонҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ ва ширкатҳои кишварҳои гуногун иштирок намуда, масъалаҳои андозбандӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи идоракунии андозро мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Дар назар аст, ки натиҷаи муҳокимаи масъалаҳое, ки дар Форум сурат гирифт, ба рушди устувори низоми андозӣ, тақвияти принсипҳои андозбандӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” ва ҳамкорӣ баҳри рушди маъмурикунонии андоз дар кишварҳои узви ҳавзаи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” мусоидат менамояд.

Аз ҷониби иштирокчиёни Форум ба муҳокимаи панҷ мавзӯи асоси зерин таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд:

-баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии андоз;

-мусоидат намудан ба рақамикунонии маъмурикунонии андоз;

-беҳтарнамоии муҳити андоз;

-тақвият додани неруи мақомоти андоз;

-беҳтар намудани маъмурикунонии андоз.

Дар кори Форум аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло Муқим ва кормандони масъули Кумита иштирок намуданд.

    Давлатзода Н.М. ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни Форум дар мавзӯи “Беҳтар намудани фазои андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, доир ба асосҳои ҳуқуқии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, шаклҳои хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон ва шумораи чунин хизматрасониҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.



    Зимнан, қайд карда шуд, ки Кумитаи андоз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ Барномаи рушди маъмурикунонии андозро барои солҳои 2020-2025 татбиқ намуда истодааст.

    Ҳамчунин, Давлатзода Н.М. дар муҳокимаи панелӣ иштирок намуда, ба саволҳои иштирокчиён оид ба рақамикунонии соҳаи андоз, фазои андозбандӣ ва рафти ислоҳоти андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои муфассал пешниҳод намуд.

    Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум Раиси Кумитаи андоз бо як қатор намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои узви ҳавзаи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, аз ҷумла бо Вазири хизматрасонии молиявӣ ва хазинадории Ҳонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин Кристофер Хуэй мулоқоти корӣ анҷом дод.



    Дар анҷоми Форум иштирокчиён Баёнияи муштараки Форуми 5-уми ҳамкории мудирияти андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ»-ро қабул намуда, Нақшаи амали Ҳонгконг барои солҳои 2025–2027-ро тасдиқ намуданд.

    Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии Механизми хамкории мудирияти андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» ин саҳм гузоштан дар ташаккули муҳити андозбандии мусоид бо мақсади рушди соҳибкорӣ тавассути ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти риояи волоияти қонун, баланд бардоштани эътимоднокии андоз, тезонидани ҳалли баҳсҳои андозӣ, беҳтар намудани сифтаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва баланд бардоштани иқтидори мақомоти андоз дар давлатҳои шарики ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» ба ҳисоб меравад.


Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон