Семинари маҷозӣ дар мавзӯи низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсат ва маъмурикунонии андоз

    Кумитаи андоз дар ҳамбастагӣ бо Котиботи Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» (минбаъд - BRITACOM) санаи 29 майи соли 2024 дар чорчубаи 7-мин Рӯзи мавзӯии мудирияти андоз оид ба “Алоқаи беҳтарин барои ояндаи беҳтарин” семинари маҷозӣ дар мавзӯи низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсат ва маъмурикунонии андоз (минбаъд - Семинар) баргузор намуд.

    Дар Семинар зиёда аз 160 намояндагон аз мақомоти андози давлатҳои аъзои BRITACOM, давлатҳои нозирони BRITACOM, созмонҳои байналмилалӣ ва молиявӣ, инчунин бахши хусусӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Сербия, Нигерия, Тайланд, Италия, Сенегал, Иёлоти муттаҳидаи Америка, Покистон, Алҷазоир, Макаои Хитой, Тимор Лесте, Амороти Муттаҳидаи Араб, Гурҷистон, Гамбия, Непал, Сингапур, Панама, Филиппин, Гвинея, Арманистон, Серра-Леоне ва Индонезия иштирок варзиданд.

    Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинар муовини якуми Раиси Кумитаи андоз - Солеҳзода Аюбҷон Маруф, муовини Раиси Кумитаи андоз - Маликзода Нарзулло ва дигар кормандони Кумитаи андоз иштирок намуданд.

    Ҳадафи асосии BRITACOM ин ташаккули муҳити андозбандии мусоид бо мақсади рушди соҳибкорӣ тавассути ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти риояи волоияти қонун, баланд бардоштани эътимоднокии андоз, тезонидани ҳалли баҳсҳои андозӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва баланд бардоштани иқтидори мақомоти андоз дар давлатҳои шарикони ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ба ҳисоб меравад.

    Маърӯзачиён, иштирокчиёнро бо тадбирҳои андешидашуда оид ба мавзӯъҳои “Рақамикунонии мақомоти андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Трансформатсияи рақамии маъмурикунонии андоз ва гумрук”, “Рушди низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ва “Такмили низоми идоракунии хавфҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шинос намуда, ба саволҳои иштирокчиён вобаста ба андози иҷтимоӣ барои ғайрирезидентҳо, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, низоми идоракунии хавфҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақамикунонии фаъолияти Кумитаи андоз, тадбирҳои мусоидаткунанда барои ҷалби андозсупорандагон ҷиҳати истифодаи хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва дигар саволҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

    Ҳамзамон, ба иштирокчиён намоиши маҷозӣ оид ба фаъолияти Кумитаи андоз, ки дар сомонаи BRITACOM тавассути истиноди мазкур https://www.britacom.org/zt/ThemeDay/SeventhEvent/ дастрас мебошад, пешниҳод гардид, ки дар он дастоварду комёбиҳои мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рақамисозии маъмурикунонии андоз ба намоиш гузошта шудааст.

    Дар охири Семинар иштирокчиён миннатдории худро ба Кумитаи андоз ва Котиботи BRITACOM барои пешниҳоди маълумотҳои муфид оид ба низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умед ба ҳамкории минбаъда изҳор намуданд.


Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон