Ҷаласаи ҳафтаи Авруосиёгии Созмони Ҳамкории Иқтисод ва Рушд дар шаҳри Парижи Фаронса
Рӯзҳои 12-14 декабри соли 2023 дар ҷаласаи ҳафтаи Авруосиёгии Созмони Ҳамкории Иқтисод ва Рушд (СҲИР) дар шаҳри Парижи Фаронса вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сардори шуъбаи Авруосиёгии СҲИР Уилям Томпсон, дар мавзуи “Ҳамкории муштарак дар даврони чолишҳо” баргузор гардид.
Мутахассисони баландмақоми Авруосиё, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои устувор ва фарогир, инчунин рушди иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, тиҷорат ва рақамикунонии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар кори ҷаласаи болозикр аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи андоз Маликзода Нарзулло Саймидин иштирок намуда, оид ба ислоҳотҳои андозӣ ва рақамикунонии соҳаи андоз ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, маъмурикунонии андоз, боз ҳам зиёд намудани номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатгузории қоѓазӣ ва такмилу роҳандозӣ намудани барномаҳои компютерӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҷумла, ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ хизматрасониҳои нави электронӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа шумораи умумии онҳо ба 81 адад расид.
Ҳамчунин, дар доираи муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав, аз ҷумла оид ба меъёрҳо ва имтиёзҳои андозӣ маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд. Қайд гардид, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мутобиқ ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва бо назардошти пешниҳодҳои коршиносони байналмилалӣ таҳия шудааст.
Дар охир таъкид гардид, ки аз ҷониби Кумитаи андоз ҷиҳати татбиқи амалии муқаррароти “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025”, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасониҳо ба андозсупорандагону шаҳрвандон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, рақамикунонии мақомот чораҳои иловагӣ андешида мешавад.