Дар бораи рафти иҷрои Созишнома дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани ёрии техникии ройгон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз
Аз 4 то 7 декабри соли ҷорӣ бо мақсади татбиқи Созишнома дар бораи расонидани кумаки ройгони техникӣ аз ҷониби Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз, ки 3 марти соли 2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид (минбаъд Созишнома), ҳайати Федератсияи Россия – иҷрокунандагони корҳои дар доираи Созишнома – ҶСК «ГНИВЦ» ва НОУ ДПО «ИПО» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдусалом ҳайати Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфта, ба намояндагони иҷрокунандагони корҳо (ҶСК ГНИВЦ ва НОУ ДПО «ИПО») ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ барои саҳмашон дар рушд ва беҳтар намудани маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маъмурикунонии андоз ва таҳлилҳои гузаронидашуда, ки дар ҳисобот оид ба корҳои анҷомдодашуда ва баромадҳо инъикос ёфтаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушд ва андозбандӣ чораҳои дахлдор андешида шудаанд. Ҳамчунин, ҷониби Россия қайд кард, ки таҷрибаи пешқадам дар самти бақайдгирии андозсупорандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, аз ҷумла принсипи «Равзанаи ягона» риоя мешавад, ки ин ба ҷалби сармоя таъсири мусбат мерасонад.
Зимни сафар мушкилоти мавҷудаи маъмурикунонии андоз дар робита ба андоз аз арзиши иловашуда ва ҳисобнома-фактураҳои электронӣ, инчунин нисбати амволи манқул ва ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи лоиҳаи кумаки техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.