Табодули таҷриба бо мақомоти андози Шоҳигарии Дания
Рӯзҳои 4-7 декабри соли 2023 ҳайати намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Копенҳагени Шоҳигарии Дания бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи мақомоти андози Шоҳигарии Дания дар самти маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда, низоми идоракунии хавфҳо ва рушди хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон ба сафари хизматӣ сафарбар гардида буданд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №643 тасдиқ шудааст, ҳайати намояндагони Кумитаи андоз бо роҳбарии Раиси Кумитаи андоз муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим тибқи даъватномаи Вазорати андозбандии Шоҳигарии Дания ҷиҳати табодули таҷриба ва шиносоӣ бо низоми андозбандии Шоҳигарии Дания ба Хадамоти андози Шоҳигарии Дания ташриф оварданд.
Бояд қайд намуд, ки Хадамоти андози Шоҳигарии Дания яке аз пешсафтарин мақомоти андоз дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар самти маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда, низоми идоракунии хавфҳо ва рақамикунонии соҳа ва дастрасии хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон ба дастовардҳои назаррас расидааст.
Раиси Кумитаи андоз бо роҳбарияти Хадамоти андози Шоҳигарии Дания вохўриҳои судманд анҷом дода, доир ба низоми андозбандии шахсони ҳуқуқӣ, маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда ва низоми идораи хавфҳои мақомоти андози Шоҳигарии Дания муҳокимаҳои самаранок анҷом дод.
Бояд қайд намуд, ки натиҷаи вохӯриҳо пурсамар ва муфид арзёбӣ гардида, ба намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам гардид, ки аз таҷрибаи пешқадами маъмурикунонии андози Шоҳигарии Дания аз наздик шинос шаванд.