Вохӯрии кормандони Кумитаи андоз бо намояндагони корхонаҳои муштараки Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 5-уми декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони Кумитаи андоз ба намояндагони корхонаҳои чинӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, баргузор гардид.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин баррасии масъалаҳои ҷойдошта дар самти риояи қонунгузории андоз аз ҷониби ширкатҳое, ки бо сармояи ҷониби Чин таъсис ёфтаанд ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо буд.
Дар оғози вохӯрӣ Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло Саймидин ба намояндагони корхонаҳо ҷиҳати ташриф овардан ба Кумитаи андоз изҳори миннатдорӣ намуд. Дар вохӯрӣ намояндагони сарраёсату раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи андоз, намояндагони “Тоҷикдипсервис”-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндаи дафтари иқтисодию тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони корхонаҳои чинӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби коршиносони Кумитаи андоз дар доираи муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав, аз ҷумла оид ба меъёрҳо ва имтиёзҳои андозӣ маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд. Қайд гардид, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мутобиқ ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва бо назардошти пешниҳодҳои коршиносони байналмилалӣ таҳия шудааст.
Дар ҷаласа доир ба тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, оид ба тартиби гузаронидани санҷишҳои сайёри андоз дар асоси низоми идоракунии хавфҳо ва иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, аз ҷумла пардохти саривақтии андозҳои ҳисобшуда ва рўйпўши бақияи қарз маълумоти мухтасар пешкаши иштирокчиён гардид.
Соҳибкорони чинӣ оид ба риояи қонунгузории андоз саволҳои худро изҳор намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо натиҷаи вохӯриро хуб арзёбӣ намуданд.