Резаахбор

Оид ба ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз

Санаи 13 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенси ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар мавзӯи “Татбиқ ва дастовардҳои Лоиҳаи Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар нимсолаи якуми соли 2023” баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.

Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки 3 июни соли 2021 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) ба имзо расонида шудааст, ки ҳадафи он мусоидат намудан ба татбиқи амалии Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 мебошад, ки 30 декабри соли 2019 тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон №643 қабул гардидааст.

Мақсад аз татбиқи Барномаи мазкур, ки амалисозии он дар доираи маблағгузории Лоиҳаи «Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз» ба роҳ монда шудааст, боз ҳам содаю дастрас намудани хизматрасониҳо ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, баланд бардоштани интизоми андозсупории онҳо, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, тақвият бахшидан ба ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ ва беҳтарсозии муносибатҳои андозӣ бо андозсупорандагон мебошад. Дар маҷмуъ барои амалӣ намудани ҳадафҳои муқарраршуда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҷудо намудани 50 млн. долл. ИМА пешбинӣ гардида, азхуднамоии маблағҳо аз соли 2022 оғоз гардидааст.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 дар доираи вазифаҳо ва самтҳои асосии дар Барнома пешбинишуда, бо мақсади беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, маъмурикунонии андоз, боз ҳам зиёд намудани номгуи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатгузории қоғазӣ ва такмилу роҳандозӣ намудани барномаҳои компютерӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла, ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ дар нимсолаи якуми соли 2023-юм 5 адад хизматрасониҳои нави электронӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа шумораи умумии онҳо ба 81 адад расид.

ҷиҳати дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботи андоз, аз моҳи апрели соли 2023 платформаи нави “Мушаххаскунии мобилӣ ва имзои электронии рақамӣ” мавриди амал қарор дода шуд. Шумораи субъектҳое, ки ҳисоботҳо ва эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, ба санаи 1 июли соли 2023 ба 158,20 ҳазор расонида шуд (дар соли 2019-ум 72,0 ҳазор субъект).

Бо мақсади бештар намудани муомилоти ғайринақдӣ, дар ҳамкорӣ бо Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо истифода аз QR – рамзҳо ва ҳамёнҳои электронӣ барои васеътар ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳо чораҷӯӣ карда шуда, дар натиҷа ба ҳолати 1 июли соли 2023 шумораи истифодабарандагони QR – рамзҳо 19,6 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 ҳазор адад зиёд мебошад.

Бо мақсади содаву осон намудани раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, мувофиқи принсипи “Равзанаи ягона” муҳлати анҷом додани амали бақайдгирии давлатӣ аз 3-5 рӯзи корӣ ба 24 соат ва имкониятҳои истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ пешбинӣ карда шуд. Амали мазкур ҷиҳати давра ба давра афзоиш ёфтани субъектҳои соҳибкорӣ мусоидат намуд: - тибқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба санаи 1 июли соли 2023 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 345,4 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 5,3 ҳазор адад зиёд мебошад.

ҷиҳати рақамикунонии мақомот ва ташкили ҳамкориҳо, бо як қатор вазорату идораҳо аз ҷумла вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Бонки амонатгузории «Амонатбонк», кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, агентиҳои омор, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ созишномаҳо оид ба табодули иттилоот дар шакли электронӣ ба имзо расонида шуда, бо назардошти ташкили махзанҳои маълумот, имкониятҳои техникии вазорату идораҳо, доду гирифти иттилоот дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуда, чораҷӯиҳо дар ин самт идома доранд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 бо иштироки доираи васеи андозсупорандагон ва кормандони мақомоти андоз дар маҷмуъ зиёда аз 1060 семинар-машваратҳо баргузор карда шуд. Дар семинар-машваратҳо асосан мавзуъҳои ба муқаррароти Кодекси андоз, тарзи дурусти пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, азнавбаҳисобгирии объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёт, андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент ё шаҳодатнома анҷом медиҳанд ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба андозу андозбандӣ ва пешбурди соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар охир таъкид гардид, ки аз ҷониби Кумитаи андоз ҷиҳати татбиқи амалии муқаррароти “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025”, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасониҳо ба андозсупорандагону шаҳрвандон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, рақамикунонии мақомот чораҳои иловагӣ андешида мешавад.