Машварати корӣ бо роҳбарияти вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои он
8 июл дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд давоми 6 моҳи аввали соли 2023 муҳокима гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кориро, ки аз 5 то 8 июл дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, доир ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва вазифаҳои дарпешистода андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки вазъи ҷаҳони имрӯза, бархӯрдҳои шадиди сиёсиву низомӣ дар баъзе кишварҳо ва минтақаҳои дунё, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои вазнини он - хушксолӣ ва камобии пайдарҳам зиндагии мардуми сайёраро, махсусан, дар самти таъминот бо маводи ғизоӣ торафт мушкилтар гардонида истодааст.
Сарвари давлат дар робита ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурданд, ки татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, бояд вазифаи ҳар як фарди бедордил бошад.
Таъкид шуд, ки имрӯзҳо мавсими ҷамъоварии ҳосил идома дорад аз ин рӯ кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки барои беталаф ҷамъ овардани ҳосил ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ барои мавсими зимистон диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Роҳбарону мутахассисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ба таври ҳатмӣ кишти такрориро ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ 3-4 ҳосил гиранд.
Барои ба талабот ҷавобгӯ кардани фазои сармоягузорӣ роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки ҷалби сармоя, амалишавии самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро зери назорат гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар татбиқи баъзе лоиҳаҳо ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.
Бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки корро ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ тақвият бахшанд.
Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои афзоиш додани қарз, аз ҷумла пешниҳоди қарз ба соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, ба минтақаҳои дурдаст тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи аввали соли равон суръати рушди истеҳсоли маҳсулот дар баъзе корхонаҳои коркарди маъдан, саноати ангишт ва саноати сабук коҳиш ёфта истодааст.
Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати ислоҳи вазъи бамиёномада инчунин дар самти ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот вусъат бахшанд.
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд сохтмон ва барқарорсозии 12 000 иншооту биноҳо, аз ҷумла 700 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 26 фоизи нақша иҷро гардидааст.
Тибқи таҳлилҳо вазъи иҷрои нақшаи корҳои ободониву созандагӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят суст ҷараён дорад, ки аз масъулин андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро талаб менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҳти назорати ҷиддӣ ва доимӣ қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда супоридани иншооти ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Супориш дода шуд, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, бояд ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ, дар навбати аввал, инфрасохтори иҷтимоӣ, бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо ва дар ин раванд баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ равона карда шаванд.
Ба роҳбарону масъулони вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки аз ҳоло барои ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пеш аз ҳама, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва аҳолӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 чораҷўйӣ намоянд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, фаъолон ва сокинони вилоят ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ, заҳматдӯстӣ ва риояи интизоми хизматӣ барору комёбӣ орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.