Резаахбор оид ба натиҷаҳои Форуми байналмилалӣ “Экосистемаи андозӣ: инсон ва технологияҳо”
Рӯзҳои 27-28 апрели соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми байналмилалӣ “Экосистемаи андозӣ: инсон ва технологияҳо” (минбаъд-Форум) таҳти раёсати Хадамоти федералии андози Россия баргузор гардид.
Дар Форум, ҳайати мақомотҳои андози кишварҳои иштирокдори ИДМ, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркменистон, Ӯзбекистон ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва олимони соҳаи андоз иштирок намуданд.
Дар Форум аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси Кумитаи андоз - Солеҳзода Аюбҷон Маруф (роҳбари ҳайат), сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз - Назирзода Назирҷон ва муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ - Хайриддинов Умедҷон иштирок намуданд.
Форум аз 2 қисм иборат буда, ба мавзӯъҳо оид ба имкониятҳои рақамикунонӣ ва андозбандии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва навовариҳо дар маъмурикунонии андоз бахшида шуда буд.
Дар доираи рақамикунонӣ ва андозбандии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мавзуъҳо вобаста ба рақамикунонии савдои фаромарзӣ: монеаҳо ва имкониятҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Технологияи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ савдои байналмилалиро хеле сода намуда, ба он суръат мебахшад, ҳамзамон хароҷотҳои муомилотиро барои соҳибкорон коҳиш медиҳад. Инчунин гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба сарфа намудани вақт аз коркарди ҳуҷҷатҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.
Мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронии дорои аҳамияти ҳуқуқӣ шаффофият ва дастрасии саривақтии маълумотҳоро оид ба гардиши молҳои фаромарзӣ таъмин намуда, дар оянда имконият медиҳад, ки модели идоракунии давлатӣ ва назорати фаъолияти иқтисодии хориҷиро бо роҳи кам кардани ҳаҷми иҷозатномаҳои зарурӣ ва ҳисоботдиҳӣ барои соҳибкорӣ тағйир диҳад.
Иштирокчиёни Форум бар ин назаранд, ки айни замон гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар марҳилаи рушд қарор дорад ва онро на танҳо ҳамчун нусхабардории ҳуҷҷатҳо, балки аз нуқтаи назари табодули маълумот баррасӣ кардан лозим аст.
Ҳамчунин, намояндагони сиёсати савдо ва сода намудани равандҳои савдои Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP)-и СММ ва Маркази СММ оид ба сода намудани равандҳои савдо ва амалиётҳои кории электронӣ (CEFACT) ба иштирокчиёни Форум оид ба муқаррароти Созишномаи қолабӣ оид ба сода намудани равишҳои савдои фаромарзиро бидуни қоғаз дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором маълумот пешниҳод намуданд.
Созишномаи номбурда дар соли 2016 қабул гардида, 53 кишвари узви ESCAP-и СММ метавонанд ба он шомил шаванд. Созишномаи мазкур ба рақамикунонии равандҳои савдои фаромарзӣ робита дошта, он мубодила ва эътирофи мутақобилаи маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ таъмин менамояд.
Созишномаи қолабӣ оид ба сода намудани равишҳои савдои фаромарзӣ бидуни қоғаз дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аз ҷониби ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Камбоҷа, Чин, Эрон, Муғулистон, Филиппин, Корея ва Тоҷикистон имзо гардидааст, ҳамзамон Федератсияи Россия дар ҳоли ба имзо расонидани созишномаи мазкур қарор дорад.
Инчунин, дар доираи барномаи таҳкими захираҳои кадрӣ ва ҷорӣ намудани салоҳиятҳои муосири захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ масъалаҳо оид ба тағйирёбии институти захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ ва хусусиятҳои он, истифодаи технологияи муосири кадрӣ ва тамоюлҳои кор бо ҳайати кормандон, ташхиси камолоти кадрҳо, гузаронидани тадқиқот оид ба арзёбии садоқатмандии кормандон ба мақомоти андоз, арзёбии ҳавасмандӣ, усулҳои муосири баҳодиҳӣ ва ҷобаҷогузории ҳайати кормандон, арзёбӣ дар интихоби роҳбарон, ташаккули даста ва муносибати ба муштарӣ нигаронидашуда дар доираи рақамикунонии маъмурикунонии андоз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон, иштирокчиён воситаҳои дахлдори баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон, соҳибкорон ва ҷомеаи коршиносон ба мақомоти андоз, тавассути тағйир додани муносибатҳо дар кор бо андозсупорандагон барои ҳалли вазъи зиндагии онҳо ва огоҳӣ намудани онҳо оид ба имкониятҳои нав мавриди баррасӣ қарор дода, саволҳои зеринро муҳокима намуданд, аз ҷумла: муносибати ба муштарӣ нигаронидашуда чист, фарқият байни ба муштарӣ нигаронидашуда дар идоракунии давлатӣ ва маъмурияти андоз чист, оё хизматчиёни давлатӣ бояд ба муштарӣ нигаронидашуда бошанд, чӣ бояд кард, ки ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупоранда фаҳмо, қулай ва мусоид бошад, бо назардошти дарк намудани вазъият ва ниёзҳои ҳаёти андозсупоранда.
Қайд карда шуд, ки экосистемаи андозӣ худро ҳамчун равишҳои ғайристандартӣ, фикрҳо ва консепсияҳо муаррифӣ менамояд. Айни замон, рушди экосистемаи андозӣ масъалаи мубрам ва саривақтист, ки татбиқи он ба мақомоти андоз имконият медиҳад, ки маъмурикунонии андоз ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагонро беҳтар намояд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ҳарчи зудтар оғоз намудани татбиқи ҳадафу чорабиниҳои Созишномаи байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз љониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз Солеҳзода Аюбдҷон Маруф вохуриҳои самаранокро бо муовини Роҳбари Хадамоти федералии андози Россия Шепелева Ю.В. ва дигар мутахассисон баргузор намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳарчи зудтар оғоз намудани иҷрои корҳо дар доираи Созишномаи мазкур намояндагони Хадамоти федералии андози Россия дар моҳи май соли ҷорӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳанд.