Вохӯрии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханович

    Санаи 14 феврали соли 2023 Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Нусратулло бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Валихан Амирханович ва Котиби аввали Сафорат ҷаноби Суюнчалиев Мухтар вохӯрӣ намуд.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло ҳайати Сафоратро ҷиҳати ташриф овардан ба Кумитаи андоз изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкориҳои мутақобила судманди ду кишвар дар самти андозу андозбандӣ, табодули таҷриба ва маълумоти соҳавӣ ибрози қаноатмандӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо доираи масъалаҳои гуногуни мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин доир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикисон дар самти пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва рушди маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон, табодули афкор намуданд.

Қайд гардид, ки сармояи давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Қазоқистон дар рушди бахши иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши хосса дошта, тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зиёда аз 90 ширкати қазоқистонӣ фаъолияти муваффақи соҳибкории худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда истодаанд, ки нақши онҳои дар рушди бахшҳои гуногуни ҷамъиятӣ, аз ҷумла саноатӣ, энергетика, тиб, кишоварзӣ ва фаъолияти хизматрасонӣ муҳим арзёбӣ мегардад.



    Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, дар фарҷом ҷонибҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.