Вохӯрии мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрии мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон













    Санаи 4 майи соли 2022 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency вохӯрии мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумитаи андоз) бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи соҳибкорон расонидани муқаррароти нави қонунгузории андоз ва муҳокимаи саволҳои қаблан аз ҷониби соҳибкорон пешниҳодгардида буд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Кумитаи андоз Маликзода Нарзулло Саймиддин - Муовини Раиси Кумитаи андоз, Вазиров Собирҷон - муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз ва Хайриддинов Умедҷон - муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ иштирок намуданд.

Вохӯрии мазкур бо ташаббуси Намояндагии доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-БАТР дар ҶТ) ташкил гардид. Ҳамчунин, ба иштирокчиёни вохӯрӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав дар шакли тоҷикӣ-русӣ тақдим карда шуд.

Рика Ишии – Роҳбари Намояндагии доимии БАТР дар ҶТ тазаккур дод, ки чунин вохӯриҳо имконият медиҳанд, ки бахши хусусӣ муқаррароти Кодекси андозро хубтару беҳтар омӯхта, зимни фаъолияти худ истифода намоянд.

Маликзода Н. аз нақш ва мақоми хоссаи БАТР дар такмили низоми қонунгузории андоз ва рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, ба соҳибкорон ҷиҳати ташриф ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Маликзода Н. вобаста ба муқаррароти Кодекси андоз ва тағйиротҳои асосии он аз Кодекси қаблӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав мутобиқ ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва бо назардошти пешниҳодҳои коршиносони байналмилалӣ такмил дода шудааст, ки ба ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, ҷиҳати дарки муқаррароти он имкониятҳои баробар фароҳам оварда, мухолифат ва баҳсҳоро бартараф менамояд.

Сипас, Вазиров С. ба иштирокчиён вобаста ба тағйиротҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав дар шакли рӯнамо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимнан, аз ҷониби соҳибкорон дар мавзӯъҳои андоз аз даромад, имтиёзҳои андозӣ, андоз аз арзиши иловашуда, санҷишҳои андозӣ ва назорати камералӣ, андозбандии даромади ғайрирезидентҳо, муоинаи хронометражӣ, критерияи хавфҳо, дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ, нигоҳдори андоз дар манбаи пардохт, истеҳлок ва мониторинги андозӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо аз ҷониби Маликзода Н. ва Вазиров С. ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Дар интиҳои вохӯрӣ, соҳибкорон миннатдории худро ба Роҳбарияти Кумитаи андоз ва БАТР дар ҶТ барои ба инобат гирифтани пешниҳодҳои онҳо дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва ҳамкории пурсамар баён намуданд.

Рика Ишии муҳиммияти чунин вохӯриҳоро қайд намуда, изҳори умед намуд, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав ба субъектони хоҷагидор шароити муносиби фаъолиятро фароҳам оварда, дар рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишвар заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Дар навбати худ, соҳибкорон бояд ҷиҳати риояи муқаррароти Кодекси андоз, васеъ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти андоз ва риояи ихтиёрии қонунгузории андоз чораҳои саривақтӣ ва дахлдорро андешанд.