Вохӯрии маҷозии мутахассисони Кумитаи андоз бо намояндагони шахсони хориҷие, ки ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, хизматрасониҳои фосилавиро пешниҳод менамоянд


Вохӯрии маҷозии мутахассисони Кумитаи андоз бо намояндагони шахсони хориҷие, ки ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта,хизматрасониҳои фосилавиро пешниҳод менамоянд



    Санаи 3 майи соли 2022 вохӯрии маҷозии мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони хориҷие, ки хизматрасониҳои фосилавиро ба шахсони воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, пешниҳод менамоянд (минбаъд Шахсони хориҷӣ) ва намояндаи Бизнес дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Карл Ҳайнз Ҳайдл (минбаъд Карл Ҳайнз), баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи шахсони хориҷӣ расонидани муқаррароти нави қонунгузории андоз дар бораи андозбандии хизматрасониҳои фосилавии шахсони хориҷӣ ва дигар муқаррароти дахлдори Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав буда, дар он аз Кумитаи андоз Маликзода Нарзулло Саймиддин - муовини Раиси Кумитаи андоз, Вазиров Собирҷон – муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз, Хайриддинов Умедҷон – муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва Бобоев Дилшод – директори КВД “Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз” иштирок намуданд.

Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриро оғоз намуда, миннатдории худро барои иштирок дар вохӯрии маҷозӣ ба намояндагони Шахсони хориҷӣ ва Карл Ҳайнз баён намуд.

Маликзода Н. С. қайд кард, ки айни замон 21 Шахсони хориҷӣ худро дар Кумитаи андоз тавассути сомонаи расмии Кумита ба ҳисоб гузошта, тибқи эъломияҳои пешниҳодшуда дар давраи ҳисоботии соли 2021 ва семоҳаи 1-уми соли 2022 ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 16,9 млн. сомонӣ хизматрасонии фосилавӣ пешниҳод намуда, аз он 2,8 млн. сомонӣ ААИ-ро нигоҳ дошта, ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намуданд.

Иловатан, аз ҷониби Маликзода Н. С. вобаста ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрир нав ва фарқияти он аз Кодекси андози қаблӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав мутобиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ такмил дода шудааст, ки ба ҳамаи субъектҳои хоҷагидор барои дарки муқаррароти он имкониятҳои баробар фароҳам оварда, мухолифат ва баҳсҳоро бартараф менамояд. Меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 18 то 15 фоиз паст карда шудааст.

Сипас, аз ҷониби муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз Вазиров С. вобаста ба хусусиятҳои андозбандии хизматрасонии фосилавии Шахсони хориҷӣ ва тағйиротҳо дар ин самт дар шакли рӯнамо бо забони англисӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Баъдан, Карл Ҳайнз ва намояндагони Шахсони хориҷӣ, алалхусус Google ва Meta (собиқ Фейсбук), ва Booking.com вобаста ба мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласа саволҳои дахлдор пешниҳод намуданд, ки ба саволҳои онҳо Маликзода Н. С. ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Дар интиҳои вохӯрӣ, намояндагони Шахсони хориҷии номбурда миннатдории худро ба Роҳбарияти Кумитаи андоз барои ба инобат гирифтани пешниҳодҳои онҳо дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, кӯмакҳои саривақтӣ ва ҳамкории пурсамар баён намуда, қайд намуданд, ки фаъолияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқоиса бо таҷрибаи байналмилалӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб рафта, нисбат ба дархосту муроҷиатҳои онҳо кормандони Кумитаи андоз сари вақт маълумоти заруриро пешниҳод намуда, ҳангоми зарурият чораҷӯӣ менамоянд.

Илова бар ин, намояндагони Шахсони хориҷӣ нисбат ба истифодабарии сомонаи Кумитаи андоз ва утоқи шахсӣ баҳои баланд дода, онҳоро дар истифода хеле қуллай ва осон арзёбӣ намуданд.