Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!


Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!



    Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо назардошти мутобиқ ба Кодекси андоз омода гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд” индексатсияи маблағҳои устувори патент барои соли 2022 дар назар дошта нашудааст.

Бинобар ин, Шуморо зарур аст, ки маблағҳои патент аз рўи меъёрҳои дар соли 2021 амалкунанда ба буҷет пардохт намуда, доир ба иҷрои уҳдадории андозии худ бо нозироти андози маҳалли қайди худ санади муқоисавӣ тартиб диҳед.