Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” киҳоянд?


Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” киҳоянд?


Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи 20 октябри соли 2021 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” ва иштирокчиёни фаъоли он баргузор шуд. Озмунро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиќлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маќсади ташвиќу тарғиби муќаррароти ќонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ, инчунин ҳавасманд намудан ва дар маҷмўъ баланд бардоштани фарҳанги андози насли наврас, донишҷўён, шаҳрвандон ва соҳибкорон эълон намуда буд.

Озмун аз рўи 2 номинатсия гузаронда шуд: 1) Номинатсияи расми беҳтарин – зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2) Номинатсияи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» – барои донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз руи номинатсияи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» инҳо муайян гардиданд: Ғолибони ҷойи сеюм; Зокиров Назир Олимҷонович, - соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Б.Ғафуров; Рузиев Беҳруз, иқтисодчӣ; Мирзоева Сабрина, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иќтисоди Тоҷикистон. Ғолибони ҷойи дуюм; Самадзода Гулшода, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон; Исломов Тоҳир Султонмуродович, омузгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон; Қосимзода Дилноза, Донишҷуи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд; Ғолибони ҷойи якум; Ҷалолов Абдулло, хизматчии ҳарбӣ; Ҷумаев Фарҳодҷон, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон; Додхудоев Пайшанбе, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмун аз рӯи номинатсияи «Андоз аз нигоҳи наврасон»: Ғолибони ҷойи сеюм; Муханова Мижгона - хонандаи синфи 10 Гимназияи №1 ш.Бустон; Раҳимова Муниса - хонандаи синфи 4 Мактаби бачагонаи санъати н.Варзоб. Эдаршоева Дилноза - хонандаи синфи 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 н. Шуғнон. Ғолибони ҷойи дуюм; Толибова Парвина - хонандаи синфи 7 Гимназияи №4 ш.Истаравшан. Гулнигори Абдураҳим - хонандаи синфи 11 Литсейи давлатии ш.Кулоб. Ризозода Шамсиддин - хонандаи синфи 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ш.Душанбе. Ғолибони ҷойи якум; Эргашева Азиза - хонандаи синфи 10-и Гимназияи № 1 ш.Бустон. Мамадсалимова Лола- хонандаи синфи 10 Мактаби Президентии ш.Хоруғ. Амонова Меҳрона - хонандаи синфи 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 н.Рудакӣ. Дар баробари ин, дар ҳар ду номинатсия 10 нафарӣ иштирокчиёни фаъол муайян гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон, иштирок намуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” барои амиќтар ва фарохтар гардидани дониши хонандагон, донишҷўён, шаҳрвандон ва соҳибкорон хуб мусоидат намуд. Рафти озмун, алалхусус иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои аҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни коллеҷҳо ва муассисаҳои олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дониши ҳамаи табаќаҳои аҳолӣ оид ба ќонунгузории андоз давра ба давра васеътар гардида, сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо баландар шуда истодааст.

Тибќи Низомнома, Озмун дар се давр гузаронида шуд. Даври якум дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 15 июни соли 2021 баргузор гардид, ки шумораи иштирокчиёни даври якум маҳдуд набуд ва дар он хонандагоне иштирок карданд, ки дар мавзўъҳои моҳияти андоз ва андозсупорӣ, зарурати пардохт намудани андозҳо ба буҷет, аҳамияти он дар ҳаёт ва рушди ҷомеа ва иќтисодиёти мамлакат тасвирҳо ва ангораҳо (макетҳо) пешниҳод намуданд.

Даври дуюми Озмун дар марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва барои ғолибони даври якуми шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Кумитаи андоз то 15 августи соли 2021 доир гардид. Дар даври дуюми Озмун танҳо ғолибони дар даври якум ҷойи аввалро ишғолнамуда, иштирок намуданд. Даври сеюм (ҷамъбастӣ) рўзҳои 18 ва 19 октябри соли 2021 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва имрўз дар китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ доир гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” ҷузъи таркибии корҳои тарғиботиву ташвиќотии фарҳанги андозсупорӣ барои насли наврас ва дигар шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар маросим аз ҷониби роҳбарияти маќомоти андоз ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ ќадрдонӣ гардиданд.