Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози кишварҳои иштирокчии ИДМ
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози кишварҳои иштирокчии ИДМ
Рӯзҳои 5-8 октябри соли 2021 ҷаласаи навбатии XXVIII-уми Шӯрои
ҳамоҳангсози роҳбарони мақомотҳои андози кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди
Давлатҳои Мустақил (ШҲРМА ИДМ) ва коршиносони он таҳти раёсати Кумитаи
даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Арманистон тавассути видеоконференсия
баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти андози кишварҳои иштирокчии ИДМ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти ШҲРМА ИДМ дар соли 2021, ҳисоботи ташкилоти базавии кишварҳои узви ИДМ оид ба омоданамоӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи андозу андозбандӣ, баланд бардоштани самаранокии санҷишҳои андозӣ дар кишварҳои иштирокчии ИДМ, маълумоти мақомоти андози аъзои ШҲРМА ИДМ оид ба татбиқ намудани созишномаҳо вобаста ба бартараф намудани андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва молу мулк ва Нақшаи кории ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2021-2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аюбҷон Солеҳзода доир ба мавзӯъҳои назорати андоз, дастгирии соҳибкории хурду миёна, сабукиҳои пешбинигардида барои соҳибкорон ва коҳиш додани санҷишҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами соҳаи андоз ибрози назар кард.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Директори Раёсати ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Мыскин Михаил Евгеньевич ба муносибати 30-солагии таъсисёбии ИДМ ва барои саҳми арзанда гузоштан дар тақвият ва таҳкими фаъолияти ШҲРМА ИДМ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим-ро бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷрои ИДМ сарфароз намуд.
Қарор қабул шуд, ки ҷаласаи XXIX-уми ШҲРМА ИДМ соли оянда дар Ҷумҳурии Беларус баргузор хоҳад шуд.