Андоз аз хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ


Андоз аз хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ




Аз соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳрири нави Кодекси андозро қабул кард. Тағйироти асосӣ ба андозбандии хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд (ба истилоҳ «андоз аз Google»). Ин тасмим дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдои интернетӣ гирифта шудааст ва ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Кодекс, таҷрибаи беҳтарини кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайра истифода шудааст.

Аз ҷумла, боби 311 илова карда шуд, ки ба хусусиятҳои андозбандии хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ бахшида шудааст. Ин боб аз 5 модда иборат аст, ки андозсупорандагони хориҷӣ, тартиби бақайдгирӣ (азқайдбарорӣ) онҳо, объекти андозбандӣ, тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз ва пардохти андоз (ААИ) ва рӯйхати хизматрасониҳои электронии андозбандишавандаро муайян мекунад.

Супорандагони «андози аз Google» шахсони хориҷӣ мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро мустақиман ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ пешниҳод мекунанд, ки маҳали иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Агар хизматрасониҳо ба шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон, соҳибкорони инфиродӣ ва намояндагиҳои (филиалҳои) ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод карда шаванд, онҳо агентҳои (миёнаравҳои) андоз мешаванд.

Агар дар ҳисобҳо якчанд шахсони ҳуқуқии агентҳо иштирок намоянд, пас агенти андоз ҳамонест, ки ҳисоббаробаркунӣ бо шахси воқеии харидор тавассути он мегузарад.

Ҳамаи ширкатҳои хориҷӣ, ки мустақиман ё тавассути агентҳо дар территорияи Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ мерасонанд, дар сатҳи қонунгузорӣ вазифадоранд, ки дар мақомоти андози ҷумҳурӣ бақайдгирӣ гузоранд. Барои бақайдгирӣ (азқайдбарорӣ) шахси хориҷӣ (ё агенти андоз) бояд ариза ва дигар ҳуҷҷатҳоро дар шакли муқаррарнамуда на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Объекти андозбандӣ даромад аз ҳисоби амалӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ мебошад. Манбаи андоз ҳамчун арзиши хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ бе назардошти маблағи андоз муайян карда мешавад. Давраи андоз семоҳаи тақвимӣ мебошад.

Эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳо (иттилоот) ва маълумоти дигар на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешаванд. Дар даврае, ки шахсони хориҷӣ утоқи шахсиро барои ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо (иттилоот) истифода бурда наметавонанд, эъломияи андоз на дертар аз санаи пардохт тариқи шабакаи алоқаи телекоммуникатсионӣ пешниҳод карда мешавад.

Барои мақсадҳои боби 311 ба хизматрасониҳои электронӣ хизматрасониҳое дохил мешаванд, ки тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионии интернет (минбаъд – шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) бо усули худкор бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд. Ба хизматрасониҳои электронӣ дохил мешаванд: 1) додани ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани маълумот тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла додани дастрасии фосилавӣ ба онҳо, инчунин таҷдиди онҳо ва имкониятҳои иловагии функсионалӣ; 2) амалӣ намудани хизматрасониҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ё махзанҳои маълумоти дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ истифодашаванда, инчунин пешниҳоди майдонҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ; 3) анҷоми хизматрасониҳо оид ба ҷойгиркунии пешниҳодҳо дар бораи хариди (фурӯши) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ва ҳуқуқҳои молумулкӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ; 4) анҷом додани хизматрасонӣ тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ вобаста ба пешниҳодҳои техникӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ ва имкониятҳои дигар, ки бо истифода аз система ва технологияҳои иттилоотӣ барои ташкил намудани алоқа ва бастани шартномаҳо (аҳдҳо) байни фурӯшандагон ва харидорон (тавассути майдонҳои савдои дар шабакаи интернет дар вақти воқеӣ амалкунанда, ки дар он ба харидорони воқеӣ арзиши молҳо (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути расмиёти худкор пешниҳод гардида, тарафҳо ҷиҳати ба савдо баровардани онҳо тариқи ташкили огоҳонии худкор хабардор мешаванд); 5) таъмин ва (ё) нигоҳдории фаъолияти иқтисодӣ, инчунин дастгирии захираҳои электронии истифодабарандагон, аз ҷумла сомонаҳо ва (ё) саҳифаҳои сомонаҳо дар шабакаи интернет, таъмини дастрасии истифодабарандагони дигар ба шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ; 6) бурдҳои интерактивӣ барои қиморбозӣ дар идораҳои букмекерӣ; 7) таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамчунин ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти тағйир додани онҳо; 8) ҳифз ва коркарди иттилоот ба шарте, ки шахси чунин иттилоотро пешниҳоднамуда имконияти дастрасӣ ба онро тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дошта бошад; 9) дар низоми вақти воқеӣ пешниҳод намудани иқтидорҳои ҳисобкунӣ барои дар системаи иттилоотӣ ҷойгир намудани иттилоот; 10) пешниҳоди номгузории доменҳо, хизматрасониҳои хостингӣ; 11) пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба маъмурикунонии низоми иттилоотӣ, сомонаҳо дар шабакаи интернет; 12) пешниҳоди хизматрасоние, ки ҳангоми аз ҷониби харидори хизматрасонӣ ворид намудани маълумот ба воситаи шабакаи интернет тариқи худкор анҷом дода мешавад, хизматрасониҳои автоматикунонидашуда оид ба ҷустуҷӯи маълумот, интихоби маълумот аз рӯи дархостҳо, ба воситаи шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти мазкур (аз ҷумла маълумотномаи биржаи коғазҳои қиматнок дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқоли худкор дар реҷаи вақти воқеӣ); 13) додани ҳуқуқ барои истифодаи китобҳои электронӣ (нашрияҳо) ва нашрияҳои дигари электронӣ, маводи иттилоотию таълимӣ, тасвирҳои графикӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ё бе матн, асарҳои аудиовизуалӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо ҷиҳати тамошо кардан ё шунидан тариқи шабакаи интернет; 14) пешниҳоди хизматрасонӣ ба фармоишгар доир ба дарёфт ва (ё) пешниҳоди маълумот оид ба харидорони эҳтимолӣ; 15) пешниҳоди дастрасӣ ба низоми ҷустуҷӯӣ дар шабакаи интернет; 16) пешбурди омор дар сомонаҳои шабакаи интернет.

Ба хизматрасониҳои электронӣ дохил намешаванд: фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), агар ҳангоми фармоиши тавассути шабакаи интернет анҷомдодашуда таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) бе истифода аз шабакаи интернет амалӣ гардад; фурӯши (додани ҳуқуқи истифодабарии) барномаҳо барои мошинаҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани иттилоотӣ дар ҳомилҳои моддӣ; пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ тавассути почтаи электронӣ; пешниҳоди хизматрасониҳо вобаста ба додани дастрасӣ ба шабакаи интернет.

Қонуни мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.