Ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Резаахбор
Ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ




Рӯзҳои 21 то 23 декабри соли 2020 тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи XXVII Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд ШҲРМА ИДМ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарон ва мансабдорони баландпояи мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим ва дигар мутахассисон ширкат варзиданд.

Иҷрокунанадаи вазифаи Роҳбари хадамоти давлатии андози Ҷумҳурии Озарбойҷон Назарли Орхан Фаик оғли бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз намуд.

Инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ бо гузориши худ дар мавзӯи "Дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иқтисод ва вазифаҳои марбут ба ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2020-2021" суханронӣ кард.

Мавзӯи асосии рӯзнома муҳокимаи фаъолияти мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ дар заминаи пандемияи COVID-19 ва рафъи оқибатҳои он буд.





Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро оид ба тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Кумитаи андоз ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба муҳити соҳибкорӣ ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи он тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ шинос намуд.

Дар ҷаласаи коршиносон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи андоз ба диққати иштирокчиён маълумоти ҷамъбастӣ оид ба таҷрибаи баҳсҳои судӣ ва то судии баррасии шикоятҳои андозсупорандагон вобаста ба натиҷаҳои назорати андоз дар давлатҳои аъзои ИДМ-ро пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин як қатор мавзӯъҳои муҳимми дигарро, аз ҷумла амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми (солҳои 2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии ИДМ ва омодасозии бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо Протокол қабул намуданд, ки дар он дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ-ро муайян карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ШҲРМА ИДМ тибқи Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 31 майи соли 2001 бо мақсади таъмини шароити мусоид барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ таъсис дода шудааст.

 Раёсати ҳамкории байналмилалӣ