Вебинар дар мавзўи “Тартиби таҳия ва пешниҳод намудани Эъломияи низоми соддакардашуда”
Нахустин вебинар дар Кумитаи андоз!
Рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин вебинар дар мавзӯи “Тартиби таҳия ва пешниҳод намудани эъломияи низоми содакардашуда” гузаронида шуд, ки дар он ба таври виртуалӣ 200 андозсупоранда иштирок доштанд.
Дар раванди вебинар аз ҷониби мутахассисони Кумитаи андоз оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1676, тартиби таҳия ва пешниҳод намудани эъломияи андоз аз низоми содакардашуда, қисми техникии пур кардани эъломияҳо маълумоти тавзеҳотӣ пешниҳод гардида, ба саволҳои андозсупорандагон оид ба тағйироту иловаҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Маводҳо ва сабти вебинарро аз инҷо дастрас намудан мумкин аст: Намоиш