Аксарияти хизматрасониҳои Кумитаи андоз электронӣ шуданд
Санаи 25 июли соли 2024 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар мавзӯи “Дастовардҳои Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар нимсолаи якуми соли 2024” баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.
Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ёдовар намуд, ки давраи татбиқи лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” солҳои 2021–2026-ро дар бар мегирад ва ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои мушаххас равона шудааст, аз ҷумла беҳтар намудани сифат ва содагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупорандагон.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар доираи вазифаҳо ва самтҳои асосии дар Лоиҳаи Амалиёт пешбинишуда, бо мақсади беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, маъмурикунонии андоз, боз ҳам зиёд намудани номгуи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатгузории қоғазӣ ва такмилу роҳандозӣ намудани барномаҳои компютерӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд ва татбиқи марҳилаҳои баъдӣ идома доранд.
Зикр шуд, ки бо дарназардошти рушди технологияҳои муосири иттилоотӣ дар давраи амалишавии Лоиҳа номгуи хизматрасониҳои электронӣ васеъ карда шуда, номгӯи онҳо дар сомонаи Кумитаи андоз дастрас буда, тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда шахсони ҳуқуқи, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ имкон доранд аз хизматрасониҳои электронӣ оид ба ҳисоботдиҳӣ, ҳисобкунони андозҳо, аз он ҷумла андози нақлиёт, амволи ғайриманқул, ва дигар андозҳо, супоридани ҳисоботи электронӣ, пардохти андозҳо тавассути воситаҳои электронӣ ба роҳ мондани иртиботи андозсупоранда бо мақомоти андоз ҳуҷҷатгузории электронӣ ва ғайраҳо истифода намоянд.
Солеҳзода Аюбҷон Маруф қайд намуд, ки ҷиҳати рақамикунонии мақомот ва ташкили ҳамкориҳо, бо як қатор вазорату идораҳо аз ҷумла вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, КВД “Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон - «Амонатбонк»”, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, агентиҳои омор, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар мақомотҳои дахлдор созишномаҳо оид ба табодули иттилоот дар шакли электронӣ ба имзо расонида шуда, бо назардошти ташкили махзанҳои маълумот, имкониятҳои техникии вазорату идораҳо, доду гирифти иттилоот дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуда, чораҷӯиҳо дар ин самт идома доранд.
Зимни ҷаласа, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ ва институтҳои байналмилалии молиявӣ дар мавриди натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи Амалиёт оид ба ислоҳоти андозро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ибрози назар карда, корҳои анҷомдодашударо қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки аз ҷониби Кумитаи андоз ҷиҳати татбиқи амалии муқаррароти “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025”, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасониҳо ба андозсупорандагону шаҳрвандон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, рақамикунонии мақомот чораҳои иловагӣ андешида мешавад.
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон