Оид ба иштироки муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бахтиёр дар чорабинии “Портали глобалии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ: сармоягузорӣ, рақобатпазирӣ ва тиҷорат”.

    26 июни соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон чорабинӣ бахшида ба сармоягузорӣ, рақобатпазирӣ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бахтиёр иштирок намуд.

    Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор аз бахши давлатӣ ва хусусии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо (ИА), Маркази Байналмилалии Тиҷорат (МБТ) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) иштирок варзиданд.

    Дар ҷаласа мавзӯҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуданд:

    1. Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва тиҷорати фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ.

    2. Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ тавассути рақамикунонӣ.

    3. Амалҳои минбаъда: рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ.

    Зимни ҷаласа маълумот оид ба рушди рақамикунонӣ дар тӯли панҷ соли охир пешниҳод карда шуд. Мушкилиҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо муҳокима шуданд. Инчунин самтҳои такмили минбаъдаи савдои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима карда шуд.



    Дар баромади худ муовини Раиси Кумитаи андоз Султон Бахтиёр иштирокчиёни вохӯриро бо натиҷаҳои чорабиниҳое, ки ба беҳтар намудани рақамикунонии маъмурикунии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, шинос намуд. Таъкид гардид, ки Системаи ҳамгироии иттилоотии андози Кумитаи андоз ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки дар давоми 24 соат фаъолияти соҳибкориро ба таври электронӣ ба қайд гирифта, минбаъд пешниҳоди эъломияҳои андоз, таҳияи ҳисобнома-фактураҳо, пардохти андозҳо, аз ҷумла пешниҳоди аризаи барҳамдиҳиро бидуни ҳозир шудан ба мақомоти андоз анҷом диҳанд.

    Ҳамзамон, дар ҷаласа ҳадафҳои лоиҳаи Ready4Trade баррасӣ шуданд, ки он ба рушди тиҷорати дохилӣ ва байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани шаффофияти талаботҳои фаромарзӣ ва тақвият додани тиҷорати электронии фаромарзӣ равона шудааст.


Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон