Вохӯрии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Миссияи Департаменти ҷамъоварии андозҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор.

Санаи 15 марти соли 2024 вохӯрии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо роҳбари Миссияи Департаменти ҷамъоварии андозҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор Стоян Марков (минбаъд - Миссия) баргузор гардид, ки дар он раванди татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №594 тасдиқ шудааст, муҳокима карда шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои доир ба такмили низоми идоракунии хавфҳо, автоматикунонии раванди баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ва беҳтар намудани маъмурикунонии андозро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аъзои Миссия рӯзҳои аз 4 то 15 марти соли 2024 бо роҳбарият ва кормандони Кумитаи андоз вохӯриҳои судмандро баргузор намуда, аз натиҷаи он Ҳисобот оид ба «Пешниҳод намудани кӯмаки техникӣ барои Кумитаи андоз ҷиҳати татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029”-ро (минбаъд - Ҳисобот) манзур намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар Ҳисобот оид ба ҷоннок намудани корҳо дар самти назорати нархгузории трансфертӣ, гузаронидани ислоҳот дар назорати андозии андозсупорандагони калон ва таҳия намудани нақшаи мақсаднок барои давра ба давра таъмин намудани пардохти маблағҳои қарзи андоз гузашта таклифу пешниҳодҳо пешбинӣ шудаанд.

Раиси Кумитаи андоз муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муким ба намояндагони Миссия барои ҳамкории мутақобилан судманд ва омода намудани Ҳисобот изҳори сипос намуд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо натиҷаи вохӯриро хуб арзёбӣ намуданд.


Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон