Оид ба натиҷаҳои Форуми андозии “Роҳи абрешим” дар Ҷумҳурии Ўзбекистон
Рӯзҳои 28-29 феврали соли 2024 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми андозии “Роҳи абрешим” (минбаъд Форум) бо ташаббуси Маркази байналмилалии андоз ва сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Раиси Кумитаи андоз – Султон Бахтиёр иштирок намуд.
Дар Форум беш аз 60 иштирокчӣ аз 11 давлати дунё, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Мардумии Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Федератсияи Россия, Швейтсария, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Африқои Ҷанубӣ ва ҳайатҳои расмии давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ӯзбекистон ва Япония ширкат варзиданд.
Тибќи рўзномаи љаласањои Форум коршиносони Маркази байналмилалии андоз ва сармоягузорӣ, намояндагони Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кумитаи андози назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дигар намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ мавзуъҳои вобаста ба рушди минтақавии иқтисодӣ ва омилҳои умумии сиёсати андозиву буҷетӣ, маъмурикунонии андозҳои ғайримустақим, ҳамоҳангсозии сиёсати савдо ва андоз бо мақсади рушди савдои минтақавӣ ва муқовимат ба савдои ғайриқонунӣ, истифодаи технология барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, манфиатҳои истифодабарии тамғагузорӣ ва рамзгузории электронии маҳсулот ва пайгирии гардиши мол дар ҳамаи марҳилаҳои муомилот, инчунин андозбандии хизматрасониҳо дар иқтисодиёти рақамиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон, коршиносони байналмилалӣ оид ба тақвият додани мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо тавассути шомил шудан ба аъзогии шарикони давлатҳои BEPS, қоидаҳои умумиҷаҳонии мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида (GloBE), тиҷорати электронӣ, ҳалли мушкилоти иқтисоди рақамӣ, хавфҳои иҷро нагардидани қонунгузории андоз аз тарафи субъектҳои соҳибкории хурду миёна, дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузории давлатҳои минтақа ва дигар масъалаҳои мубрами андозбандии байналмилалӣ суханрониҳо намуда, масъалаҳои матраҳшударо мавриди муқокима қарор доданд.
Аз ҷониби Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Форум оид ба ислоҳотҳои қонунгузории андоз ва рушди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур гардид.
Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон