Санаи 26 январи соли 2024 Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг-Сок дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ намуд.

Раиси Кумитаи андоз ба ҳайати Сафорат ҷиҳати ташриф овардан ба Кумитаи андоз изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкориҳои мутақобила судманди ду кишвар дар самти андозу андозбандӣ, табодули таҷриба ва маълумоти соҳавӣ ибрози қаноатмандӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои гуногуни мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея, инчунин доир ба масъалаҳои низоми андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёзҳои андозӣ, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи ширкатҳое, ки бо сармоягузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Корея фаъолият менамоянд, ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи тарафҳо табодули афкор намуданд.

Аз ҷониби Сафир қайд гардид, ки соли 2023 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд, ки он барои таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи корӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷамъбаст ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки бо мақсади беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳои кореягӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ҷоннок намуда, ба ширкатҳои кореягӣ вобаста ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои андозбандӣ ва маъмурикунонии андоз ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо натиҷаи вохӯриро хуб арзёбӣ намуданд.




Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон