Иштирок дар вохӯрии пленарии Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андоз ва Ҷаласаи панҷуми Ташаббуси Осиё
Рӯзҳои 28 ноябр - 1 декабри соли 2023 ҳайати намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии пленарии Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андоз ва Ҷаласаи панҷуми Ташаббуси Осиё, ки дар шаҳри Лиссабони Ҷумҳурии Португалия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабиниҳои номбурда Раиси Кумитаи андоз муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим намояндагӣ намуд.
Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андоз (минбаъд Форуми глобалӣ) ниҳоди байналмилалӣ буда, ба он 170 давлатҳои ҷаҳон шомил мебошанд.
Ҳадафи асосии Форуми глобалӣ ин мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо ва таъмини афзоиши даромадҳои андозӣ тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои табодули иттилоот мебошад.
Давлатҳои аъзои Форуми глобалӣ маълумотро аз ҳамдигар тибқи дархост оид ба андозсупорандаи муайян ва ё дар ҳар муддати (вақти) муайяншуда ба тариқи автоматӣ ва дар асоси Стандарти ягонаи ҳисоботӣ (CRS) пешниҳод менамоянд.
Иштирокчиён дар вохӯриҳои пленарии Форуми глобалӣ ва ҷаласаи панҷуми Ташаббуси Осиё мавзуъҳо оид ба дастовардҳои муштараки давлатҳо дар самти табодули иттилоот ва ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо, натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда дар соли 2023, муҳиммияти шомил шудан ба Форуми глобалӣ аз ҷониби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси ором, ҳадафҳои оянда барои такмил ва таҳкими табодули иттилоот, ҳифз ва махфияти маълумотҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти андоз ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
Раиси Кумитаи андоз муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим дар ҳошияи Форуми глобалӣ бо Сардори Котиботи Форуми глобалӣ хонум Зайда Манатта ва Директори Маркази сиёсати андоз ва маъмурикунонии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд хонум Манал Корвин мулоқот кард.
Дар рафти вохӯриҳо масоили шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Форуми глобалӣ ва ба аъзогии давлатҳои “Шарикони BEPS” (мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида) мавриди муҳокима қарор дода шуд.