Резаахбор Оид ба иштироки муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Султон дар Машварати минтақавӣ оид ба андозбандии байналмилалии Осиё ва Уқёнуси Ором дар Ҷумҳурии Филиппин
Резаахбор
Оид ба иштироки муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Султон дар Машварати минтақавӣ оид ба андозбандии байналмилалии Осиё ва Уқёнуси Ором дар Ҷумҳурии Филиппин
Машварати минтақавӣ оид ба андозбандии байналмилалии Осиё ва Уқёнуси Ором (Машварат) рӯзҳои 5-6 декабри соли 2022 дар қароргоҳи Бонки Осиёгии Рушд дар шаҳри Манила Ҷумҳурии Филиппин баргузор гардид. Машварат бо ташаббуси Бонки Осиёгии Рушд (БОР) ва дар ҳамгироӣ бо Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) ташкил карда шуда буд.
Дар Машварат беш аз 80 иштирокчӣ аз 37 давлати минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва давлатҳои аъзоёни “Шарикони BEPS”- (мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида) ширкат варзиданд. Қобили қайд аст, ки Машваратҳои минтақавии мазкур бо мақсади ҳалли мушкилотҳои иқтисодиёти рақамӣ аз соли 2019 инҷониб доир карда мешаванд.
Мавзуи асосии Машварат ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва омӯхтани имкониятҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумии андозбандии байналмилалӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором нигаронида шуда буд.
Коршиносон ва намояндагони мақомоти андози кишварҳо оид ба навовариҳо дар самти татбиқи тадбирҳои BEPS, тиҷорати электронӣ, ҳалли мушкилоти иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои мубрами андозбандии байналмилалӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором суханронињо намуда, масъалаҳои матраҳшударо мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар навбати худ, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Султон ба иштирокчиёни Машварат оид ба ислоҳотҳои андозӣ ва рушди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пешниҳод намуд.
Инчунин дар Машварат аз ҷониби Котиботи СҲИР лоиҳаи “Харитаи роҳ барои беҳтарнамоии андозбандии байналмилалӣ” ва амалҳои минбаъда дар доираи ташаббусҳо бо мақсади анҷом додани амалисозии тадбирҳои BEPS маълумот пешниҳод карда шуд.
Айни замон, аз ҷониби СҲИР барномаи қолабӣ оид ба татбиқи қоидаҳои умумиҷаҳонии мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида (GloBE) таҳия шуда истодааст ва пас аз тибқи тартиби муқарраршуда қабул гардидани қоидаҳои мазкур, барои давлатҳои аъзо имконият ба миён меояд, ки ҷиҳати мавриди андозбандӣ қарор додани даромади ширкатҳои азими фаромиллӣ самараноктар чораҷӯӣ намоянд.