РОҲБАРИЯТ
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 январи соли 1962 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ, соли 2006 Академияи хизмати давлатии Россияи назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1978-1982 - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Солҳои 1982-1987 - нозир оид ба маблағгузории хоҷагии қишлоқи шуъбаи молияи ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб
Солҳои 1987-1989 - сармуҳосиби Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб
Солҳои 1989-1990 - муовини Раиси Иттиҳодияи агросано-атии ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб
Солҳои 1990-1991 - тафтишотчии пешбар, сартафтишотчии Иттиҳодияи истеҳсоли меваю сабзавоти «Кӯлоб» - и вилояти Кӯлоб
Солҳои 1991-1992 - мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисоботу тафтишотии Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб
Солҳои 1992-1995 - директори Идораи ҳисоби хоҷагии савдои «Марҳабо»-и вилояти Хатлон
Солҳои 1995-1997 - сардори шуъбаи савдои Базаи ҷумҳуриявии яклухтфурушии «Тоҷик-баққолисавдо»
Солҳои 1997-1998 - сарревизор – назоратчии Раёсати санҷиш ва назорати молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1998-1999 - нозири калони андози Идораи санҷиши андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1999-2000 - сардори Идораи ташкили андози Кумитаи андози вилояти Ленинобод
Солҳои 2000-2002 - сардори Идораи Ленинободии Нозироти андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2006 - сардори Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2009 - муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 16 январи соли 2009 - Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оиладор соҳиби 7 фарзанд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 майи соли 1968 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст, номзади илмҳои иқтисодӣ.
Солҳои 1985-1986 - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Солҳои 1986-1988 - хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ
Солҳои 1988-1992 - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Солҳои 1992-1993 - референт – иқтисодчӣ
Солҳои 1993-1995 - нозири андози шуъбаи пардохтҳо аз корхонаҳои давлатӣ, иҷоравӣ, муштарак ва дигар даромадҳои Нозироти давлатии андозҳои ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе
Солҳои 1995-2001 - сардори шуъбаи ҳисобу таҳлили андози Нозироти андоз дар ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2002 - сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андози Нозироти андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2007 - сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андози Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2009 - сардори Раёсати баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо таҳлил ва пешгӯии даромадҳои ҷории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 20 январи соли 2009 - муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оиладор соҳиби 4 фарзанд.
Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 ноябри соли 1966 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1991 Донишкадаи советии савдои кооперативии Новосибирскро бо ихтисоси иқтисодчӣ, соли 2012 Академияи умумироссиягии давлатии андози Вазорати молияи Федератсияи Россияро бо ихтисоси андоз ва андозбандӣ хатм намудааст, унвонҷӯӣ номзади илмҳои иқтисодӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 1984-1986 - Донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон
Солҳои 1986-1988 - Хизмат дар сафи қувваҳои Мусаллаҳ
Солҳои 02.1989-09.1989 - Муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Москваи вилояти Хатлон
Солҳои 1989-1991 - Донишҷӯи Донишкадаи советии савдои кооперативии Новосибирск
Солҳои 1992-1994 - Сармуҳосиб, намояндаи тиҷоратии Консерни «Помир» дар ноҳияи Москваи вилояти Хатлон
Солҳои 1994-1995 - Директори Ширкати истеҳсолию тиҷоратии «Мавлуд» шаҳри Душанбе
Солҳои 1995-2000 - Назоратчӣ – ревизори Идораи санҷиши андозсупорандагони Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе
Солҳои 2000-2001 - Нозири андози шӯъбаи санҷиши андозсупорандагони Нозироти андози ноҳияи ҳисор
Солҳои 2001-2002 - Нозири андози шӯъбаи аудити Нозироти андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2005 - Нозири калони андози шӯъбаи аудити Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2007 - Сардори шӯъбаи таъмини ҷамъоварии андозҳо ва барҳамдиҳии қарзҳои Нозироти андози андозсупорандагони калони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2008 - Сардори шӯъбаи таъмини ҷамъоварии андозҳо ва барҳамдиҳии қарзҳои Нозироти андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2009 - Сардори шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва баррасии эътирозҳои Нозироти андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2011 - Сардори Нозироти андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2012 - Сардори Раёсати ташкили назорати андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2014 - Сардори Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2016 - Сардори Нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 15 марти соли 2016 муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оиладор соҳиби 4 фарзанд.
8 январи соли 1958 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ соли 1978 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ-бозраси андоз хатм кардааст, номзади илмҳои таърих, дотсент.
Солҳои 09.1981-11.1981 - лаборанти калони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон
Солҳои 1981-1987 - донишомӯз, аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС дар шаҳри Москва
Солҳои 1987-1999 – ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, мудири сектори Институти иқтисодиёти чаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Тоҷикистон
Солҳои 1999-2009 - сардори шуъбаи алоқаҳои байналхалқӣ, сардори Идораи методологияи андозсупории Кумитаи андоз, сардори Идораи андозҳои мустақими Департаменти андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 20 январи соли 2009 муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. оиладор соҳиби 6 фарзанд.
24 декабри соли 1967 дар шаҳри Исфара таваллуд шудаааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1989 Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносови шаҳри Москваро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Солҳои 1984-1989 - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносови шаҳри Москва
Солҳои 1989-1991 - муҳандис - барномасози дараҷаи 3 Маркази ҳисобу ахборотии Вазорати савдои ҶШС Тоҷикистон
Солҳои 1991-1993 - мутахассиси дараҷаи 1 оид ба ахбороти Ассотсиатсияи корхонаҳои хурди Тоҷикистон «Баракат»
Солҳои 1993-1995 - мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи ахборот ва компютерикунонии Сарраёсати давлатии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1995-1998 - нозири андози шуъбаи компютерикунонӣ ва баҳисобгири андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1998-1999 - нозири калони андози Идораи ҳисоб ва таҳлили андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1999-2002 - мутахассиси пешбари Идораи молиёт ва ташкили меҳнати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2006 - сарнозири Идораи баҳисобгирии андозсупорандагони Департаменти андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2007 - сардори шуъбаи баҳисобгирии воридоти андозу пардохтҳои Идораи баҳисобгирии андозсупорандагони Департаменти андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 02.2007-09.2007 - сардори шуъбаи баҳисогирии андозҳои Раёсати баҳисобгири андозсупорандагон, андозҳо ва пешгӯии даромадҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2009 - муовини сардор - сардори шуъбаи технологияи иттилоотии Раёсати баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо таҳлил ва пешгӯии даромадҳои ҷории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2011 - сардори Раёсати баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо ва технологияи иттилоотии Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 2 ноябри соли 2011 муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Оиладор соҳиби 2 фарзанд.
4 августи соли 1981 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, соли 2010 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон хатм намудааст.
Солҳои 1999-2004 - Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2006 - ҳуқуқшиноси Филиали ширкати саҳҳомии «Озгюн иншаат таахют ве тиджарет» дар шаҳри Душанбе
Солҳои 2006-2008 ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 ҷамъияти саҳҳомии пушидаи «Адл Консалтинг»
Солҳои 2008-2009 мутахассиси пешбари бахши таъмини ҳуқуқии Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2010 - мутахассиси пешбари шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе
Солҳои 04.2010-12.2010 - сардори шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2012 - сардори Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 09.2012-12.2012 - ёрдамчии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2013 - сардори Раёсати ситонидани қарзи андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2013-2016 - сардори Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2016-2018 - сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 19 январи соли 2018 муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Оиладор соҳиби 5 фарзанд.