Шахсони барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид. Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст. Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад. Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст. Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад. Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, муроот менамояд. Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст. Дар тӯли бист соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи (Сарқонуни) нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст. Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст. Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо Унвони шаҳрванди ифтихории пойтахти Қирғизистон, Доктори ифтихории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ, Ситораи тиллои Алберт Швейсер, Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср" -Ордени нахустини алмосдори "Ситораи сарпараст", ордени "Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд", Медали тиллоии "Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо", Нишони рамзии Дани 5-уми камарбанди сиёҳи Карате-до, доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилев, Медали тиллоии давлати Миср, Ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), Нишони фахрии ИДМ, Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко, Ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии ЮНЕСКО, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи зарини Латвия, Ордени Ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов, «Доктори фахрӣ» - и Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия – Медали тиллоии ба номи Николай Блохин, Мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон, Ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора», Мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Русия-Медали тиллоӣ, Мукофоти олии давлатии Украина - орден «Барои хизматҳо» дараҷаи 1, унвони фахрии профессори Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина ва медали тиллоии академик Терпигорев, Профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан, Шаҳрванди фахрии шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин, Мукофоти Давлати Кувайт ордени “Муборак Алкабир”, Мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев, Ордени Президенти Туркманистон Битараплик (Бетарафӣ), Профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон, Доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қуния, Медали “60 - солагии ЮНЕСКО”, Мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ”(ордени Подшоҳӣ), Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус, профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия, профессори фахрии Донишгоҳи нафтию техникии Уфа, Профессори фахрии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел), Доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон, мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст. Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

бедориву худшиносии миллати тоҷик хидматҳои барҷаста кард. Ӯ тавассути таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик”, мақолаҳои илмӣ ва асарҳои барҷастаи мустанад алайҳи идеологияи бадхоҳон дар роҳи бедориву худшиносии миллати тоҷик хидматҳои барҷаста кард. Устод дар офаридаҳои хеш бисёр масъалаҳои ҳаёти таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабии халқи тоҷикро ба миён мегузорад ва бо мӯшикофиҳои хирадмандона таъриху тамаддуни қадима доштани тоҷиконро исбот месозад. Ӯ таъкид менамояд: “Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон ба будани як қавми бузурге бо номи тоҷик бояд касе инкор надошта бошад. Соҳиби маданияти куҳан ва адабиёти куҳансол будани ин қавм низ ҷойи инкор нест”. Маҳз ғурури миллӣ, кӯшиш барои бақои Ватан ва нигоҳ доштани фарҳанг ба Садриддин Айнӣ имкон дод, ки очерки пурмуҳтавои “Темур- малик”-ро нависад. Ба азобу шиканҷа ва калтаккӯбиҳо нигоҳ накарда, устод Айнӣ таърихи адабиёти моро эҷод кард. Вай собит намуд, ки халқи тоҷик на танҳо вуҷуд дорад, балки дорои тамаддуни бостонӣ ҳам мебошад. Устод Айнӣ ҳар лаҳза дар арсаи мубориза бо қалам қаҳрамонӣ нишон дод ва барои сарбаландии имрӯзиён роҳ кушод. Ин хидмати арзандаи онҳо як навъ адои қарзи фарзандӣ буд ва дар китоби зиндагиномаи миллат то ҷовидон сабт гаштааст. Фарзандони бузурги миллати мо, сарфи назар аз ҳангомаҳои мазҳабӣ ва гирумони меҳробу минбар, дар ҳама давру замон қадру қимати забони шевои модарӣ, суннату ойинҳои наҷиби аҷдодӣ, илму фарҳанги оламгир ва шеъру ҳикмати ибратомӯзро пос дошта, аз насл ба насл расонидаанд. Ҳатто дар даврони начандон дур, ки як фазои муштараки омезишу баҳамойии миллатҳо боло мегирифт ва расму ойинҳои аҷдодӣ ошкору ниҳон зери таъқиб қарор доштанд, Наврӯз аз ҳама фишору зӯровариҳо гузашта, ҳамчун иди миллӣ зинда монд. Таърих хизматҳои бузурги Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва даҳҳо фарзандони бузурги миллатро, ки дар рӯзҳои сахт суннати Наврӯз ва расму ойинҳои неки аҷдодиро пуштибонӣ кардаанд, бо ҳарфҳои зарии сабт кардааст. Тавре ки таърих собит месозад, дар охири асри XIX ва оғози асри XX миллати тоҷик бинобар омилҳои зиёд дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт. Асолат ва ҳатто бақои таърихии ӯ таҳти хатари бевосита қарор гирифта буд. Доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор на фақат асолат ва ҳастии таърихи тоҷиконро аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ бадқасдона инкор мекарданд, балки бо ҳамдастӣ ва мусоидати фаъоли як тоифа фарзандони нохалафи халқи мо мекӯшиданд, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати асил ва соҳибватан асири фаромӯшхонаи таърих гардад. Дар чунин даврони тақдирсоз устод Садриддин Айнӣ вориди саҳнаи пайкори муқаддаси миллӣ шуд. Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шойиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд. Бесабаб нест, ки устод Садриддин Айнӣ нахустин “Қаҳрамони Тоҷикистонии соҳибистиқлол гардид.

таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Воқеан, яке аз дастовардҳои пурарзиши олим, ки ӯро абадан дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки соли 1972 дар Маскав ба табъ расид. «Тоҷикон» ба забонҳои японӣ ва полякӣ тарҷума ва нашр шуд, ҳамчунин дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ, эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст. Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ академик Бобоҷон Ғафуров барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги тоҷик ва шарқшиносии ҷаҳон саҳми фаромӯшнопазир гузошта, барои хизматҳои бузург ва заҳмату талошҳои содиқонааш дар роҳи шинохти асолати миллии халқи тоҷик ва муаррифии арзандаи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор гардидааст. Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагии халқи тоҷик, дар айни замон таърихи илму адабиёт, санъати меъморӣ ва афкори динии халқи тоҷикро дар маҷрои ягонаи таърихи умумибашарӣ ва аз назари илми академӣ таҳқиқ намуд. «Тоҷикон» аввалин таҳқиқоти мукаммалу пурра оид ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам буда, муаллифи он бо нашри маҳсули заҳмати беш аз сисолаи худ саҳми арзандаи ниёгони моро дар таърих ва тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён собит кард. Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳофизаи таърихии мардумро бедор намуд ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳи тоза бахшид. Муаллиф бо як ҷасорати ба худ хос ва далелҳои қотеъ анъанаҳои фарҳангиву таърихии давлату давлатдории тоҷиконро дар давоми чандин ҳазор сол гирдоварӣ ва арзёбӣ карда, дар айни замон ба таҷрибаи таърихии инсоният ва мероси фарҳангии дигар сокинони қаламрави Осиёи Марказӣ баҳои холисона ва одилона додааст.

Имрӯз, дар замоне ки Ватани аллома Ғафуров — Тоҷикистон соҳиби истиқлолият мебошад, аҳамияти зиндагӣ, фаъолият ва осори ӯ, инчунин дигар фарзандони фарзонаи миллат ва нақши онҳо дар болоравии эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ҷавонони бонангу номуси Ватан даҳчанд меафзояд. Бинобар ин, дар арафаи ҷашни якасраи олим мо шоҳасари ӯ — «Тоҷиконаро аз нав чоп намудем. Аллома Ғафуров ғайр аз «Тоҷикон» як силсилаи дигар осори машҳури илмӣ низ дорад. Дар маҷмӯъ, ба қалами ин донишманди бузург зиёда аз 400 рисолаву мақолаҳои илмӣ тааллуқ доранд, ки онҳо ба таҳқиқи таърих ва тамаддуни халқҳои ориёинажод ва мақоми фарҳанги қадими халқҳои Осиёи Марказӣ дар тамаддуни ҷаҳон бахшида шудаанд. Бобоҷон Ғафуров ва тоҷику Тоҷикистон — мафҳумҳои аз ҳам ҷудонашавандаанд. Ӯ фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи худ буд ва бо итминони комил изҳор медорам, ки номи некаш то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.

Турсунзода мавриди зикри хосса мебошад. Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоире шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ ба ин ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ бист сол оқилона сарварӣ карда, дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи муборизи сайёра — Осиё ва Африқо хизматҳои шойиста ба ҷо овард. Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокоронаи худ дар роҳи тараққиёти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳ дар байни мамлакатҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон дар як поя қарор дошт. Мирзо Турсунзода ҳамчун як фарди фарҳангии ниҳоят фаъол ва мубориз аз ибтидои солҳои сиюми асри бист то анҷоми умри пурбаракати худ дар навсозии Тоҷикистон, тараққиёти адабиёт, илм ва ҳунари он саҳми арзанда гузошт. Мирзо Турсунзода, ки барои хизматҳои бузург дар инкишофи адабиёт ва тарғиби ғояҳои сулҳу дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон дар радифи устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров сазовори унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” гардидааст, мақому мавқеи шойиста дорад. Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мост. Дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзӯи Ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад. Силсилаи шеърҳои ба табиати диёр, манзараҳои нотакрор ва рӯду обшорон бахшидаи шоир самимияту садоқати ӯро ба сарзамини азизаш ифода месозанд. Устод Турсунзода ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо ва қосиди сулҳу дӯстӣ ба кишварҳои хурду бузурги дунё сафар мекард, лекин дар ҳама ҷо дили ӯ ба ёди Ватан метапид: Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр, Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур. Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири бузурги ватандӯст ва халқпарвар, муборизи фаъоли роҳи сулҳ ва оромиву осудагии ҳаёти ҷамъият соҳиби обрӯву иззат, эътибори баланд ва шуҳрати ҷаҳонӣ гардид. Аз нимаи дуюми солҳои сиюми асри XX — аз ҳамон давроне, ки фашизм дунёро ноором сохта, баъзе мамлакатҳои Аврупо ва Ғарбро зери по кард ва ба сари мардум бадбахтиҳо овард, Мирзо Турсунзода дар асарҳояш ба ҷангу ҷидол ва хусумату душманӣ сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародариро муқобил гузошт. Аз рӯзи вафоти устод қариб чил сол гузашт, вале хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувийяти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ “Қаҳрамони Тоҷикистон” эътироф гардидааст. Шеъри ӯ дар эъмори ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибихтиёр низ нерубахши мардум буда, бо мо ҳамқадаму ҳамсафар аст. Ба ибораи дигар, Мирзо Турсунзода бо шеъри ваҳдатсози хеш ҳамзамони мо, ҳамзамони наслҳои нави халқи тоҷик боқӣ мемонад. Бигзор, номи муборак ва осори арзишманди Мирзо Турсунзода ҳамчун қосиди сулҳи даврони мо аз насл ба насл ва аз аср ба аср идома ёфта, умри абадӣ ёбад. Бигзор каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун ойина пурҷило гардонад!

фавқулодат ва шуҷоати сиёсӣ барои тақсимоти одилонаи ҳудудӣ, муайян намудани шахсияти миллии мардуми тоҷик мубориза бурда, кӯшиш намуда буд, ки тоҷикон ҳамчун яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола эътироф ва шинохта шаванд. Хидмат ва кӯшишу ҷонбозиҳои ҳамин гуна фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти миллати тоҷик буд, ки имрӯз давлати мо соҳибистиқлол гаштааст. Дар таърихи худшиносии миллати тоҷик номи чунин фарзандони барӯманд бо ҳарфҳои зарин навишта шуда, дар хотири мардум абадӣ хоҳад монд. Дар солҳои дар вазифаи Раиси Нусратулло Махсум ба маънои томаш ҷонфидои миллати тоҷик буд. Ба подоши хизматҳои шойиста ва талошҳои худ баҳри эҳёи давлатдории тоҷикон қурбони беадолатиҳои шовинистиву бадхоҳони халқи тоҷик гардид. Мутаассифона, бадхоҳони халқи тоҷик бо дасисаву туҳмат Нусратулло Махсумро ҷисман аз байн бурданд ва ин фоҷиа баъди даҳсолаҳо бори дигар такрор гардид: дар солҳои муқовимати мусаллаҳона муҷассамаи ӯ дар зодгоҳаш нобуд карда шуд. Бо мақсади барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ мо имрӯз хизматҳо ва ҷоннисориҳои ин фарзанди вафодор ва муборизу ватанпарасти халъи тоҷикро баланд қадр менамоем. Бо қадршиносии ӯ мо номи ӯро на танҳо абадӣ мегардонем, балки наслҳои имрӯзу ояндаи миллатро ба он ҳидоят месозем, ки онҳо пайрави чунин мардони ватанпарасти асили халқи худ гашта, бо эҳсоси амиқи худшиносии миллӣ барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш намоянд. Мо имрӯз ба хотири абадӣ гардонидани номи неки Нусратулло Махсум муҷассамаи ӯро аз нав барқарор кардем. Бигузор, номи нек ва кору пайкори мардонаи ӯ, ки танҳо ба манфиати миллати тоҷик ва давлати тоҷикон буд, барои наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон сабақи зиндагӣ ва корномаи ӯ дар рушди давлату миллатамон ва барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон намунаи ибрат бошад. Дар шароити кунунии кишварамон бояд ҳар як фарди бонангу номус мисли мардони фидокоре, ки номи некашон зикр шуд, манфиати Ватан, давлат ва миллати худро аз ҳама боло гузошта, баҳри рушду ободии Тоҷикистони азиз саъю талош намояд, то наслҳои оянда бо кору номи неки имрӯзиён ифтихор намоянд. Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад. Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад. Барои ин бояд ҳар як шахси ватанпарвару сулҳхоҳ дар замири худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намояд. Бигузор ваҳдати тоҷикон, ки имрӯз таҳкиму тақвият ёфтааст, пойдору устувор ва ҷовидонӣ бошад! Бигузор сарзамини Тоҷикистон, ки воқеан биҳишти рӯйи заминро мемонад, сарзамини сулҳу суботи абадӣ бошад! Бигузор Тоҷикистон, ки Ватан ва умедгоҳи тамоми тоҷикони дунёст, дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавқеъ ва мақоми шойиставу арзанда пайдо намояд!

Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, инчунин сарварони сиёсии равшанфикру ватандӯст — Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Нисор Муҳаммад ва дигарон дар чунин даврони печидаву сангин ба пуштибонии миллат ва ҳифзи манфиатҳои он бархостанд. Ин шахсони ватандӯсту дурандеш, ки зимоми роҳбариро дар он замон бар дӯш доштанд, бар зидди ҳама гуна равияҳои зиёновари миллатгаройиву ҷудоиандозӣ мардонавор мубориза мебурданд ва силсилаи иқдомоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро барои таҳкими арзишҳои милливу суннатии тоҷикон ва бунёди давлату давлатдории мардуми худ амалӣ мекарданд. Дар байни чунин мардони мубориз Шириншо Шотемур низ дар он даврони ниҳоят ҳассосу пурихтилоф ба хотири ташкили зиндагии нави халқи тоҷик фидокорона захмат мекашид ва яке аз фаъолони дигаргунсозии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар чунин даврони душвору пуртазод ва муборизаҳои шадиду хатарноки сиёсӣ Шириншо Шотемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд. Дар ин давра як раванди пуршиддати тоҷикбадбинӣ шурӯъ гардида, доираҳои муайян ба ҳар васила мехостанд фаъолияти мактабу таълимгоҳҳоро ба забони тоҷикӣ маҳдуд созанд, нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои дарсиро бо ин забон боздоранд. Баъди таъин гардиданаш ба вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ Шириншо Шотемур ғояи дӯстии халқҳо ва ҳамаҷониба мустаҳкам намудани онро асоси фаъолияти роҳбарии худ қарор дод. Ин шахсияти далеру равшанзамир ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ дар кадом сатҳе, ки фаъолият мебурд, ба кадом вазифае таъин ё интихоб мешуд, бо ҷиддияти том барои ҳалли масоили мавҷудаи ҳаётӣ ва ташкили давлати мустақили тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш менамуд. Зиндагии ибратомӯз ва фаъолияти бунёдкоронаи ӯ бо тамғаи туҳматомези «душмани халқ» зери шубҳа монда, солиёни дароз ном ва кору пайкори қаҳрамононааш ба забон гирифта намешуд. Номи мубораки ин марди фидоӣ баъди нуздаҳ соли маргаш сафед карда шуда, кору пайкори ватанхоҳона, симои сиёсӣ, маданияти роҳбарӣ ва тафаккури давлатдории ӯ аз нав зинда гардид. Дуруст гуфтаанд, ки ҳарчанд қаҳрамонони миллат бар асари беадолатиҳои замон муддате ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд,, вале боз чун офтоби зиёбахш тулӯъ хоҳанд кард. Имрӯз дар замони истиқлолияти Тоҷикистони азизамон орзую омол ва ормонҳои наҷиби Шириншо Шотемур ва ҳамсангарону ҳамнабардонаш мақому манзалати хосса пайдо карда, барои наслҳои имрӯзаву оянда чун тимсоли олии фидокорӣ ва мактаби ибратомӯзи ватанпарварию миллатдӯстӣ хизмат менамоянд. Дар даврони истиқлолияти милливу давлатӣ таърихи халқи тоҷик аз назари тоза мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, корнамойиҳои фарзандони барӯманду ҷонфидои миллат, ки дар радифи устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров қарор доштанд, бо мукофотҳои олии Ватан сазовор гардиданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 1999 Шириншо Шотемур барои фаъолияти фидокоронааш дар бунёдгузорӣ, таҳким ва рушди давлатдории тоҷикон бо ордени «Дӯстӣ» шарафёб гардида, баъдан аз 27-уми июни соли 2006 ба фарзандони фидокор ва содиқи Ватан Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум барои хизматҳои бузургашон дар поягузории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Мардуми сарбаланди тоҷик дар қатори фарзандони бузурги худ бояд номи Шириншо Шотемурро бо сипос ба забон гиранд ва кору пайкор ва заҳматҳои кашидаи ӯро ба хотири Ватан ва халқ фаромӯш насозанд.

мардум нуру зиё бахшидаанд. Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шойистаи ҳунари мамлакат Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хосса дорад. Сотим Улуғзода дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шуда бошад ҳам, чун як ҷигарбанди асили тоҷик аз солҳои сиюми садаи бист ба шаҳри Душанбе омада, ба хидмати матбуоту адабиёти тоҷик камар мебандад. Вай ба ҳайси шогирди содиқу бовафои устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар радифи Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар хиштҳои нахустини адабиёти навини тоҷикро мегузорад. Дар замони пурошӯб, даврони теғу камон, зиёда аз ин сиёҳкориву тамғагузорӣ зиндагӣ ва эҷод кардан осон набуд. Бо вуҷуди ин Сотим Улуғзода бо роҳнамойии устод Айнӣ дар баробари кори рӯзноманигорӣ фаъолияти адабиашро аз навиштани мақолаҳо дар бораи шахсият ва осори классикони адабиётамон оғоз мекунад ва перомуни арзишҳои бадеии осори Рӯдакӣ. Дақиқӣ, Носири Хусрав, Ибни Сино, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон рисолаву мақолаҳо ба нашр мерасонад. Ин навиштаҳои адиб, ки дар китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» гирд омадаанд, дар замонҳои пур аз мубориза барои исботи ҳастии миллат ва адабиёту фарҳанги он аҳамияти беназир доштанд. Соли 1940 Сотим Улуғзода ба мақсади такмили илму дониш барои таҳсил ба аспирантураи назди Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба Маскав ва аз он ҷо ба ҷанг рафта, ба ҳайси хабарнигор дар сангарҳо хидмат мекунад. Охири соли 1944 ӯро аз ҷанг бозмехонанд ва охири соли 1946 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб мешавад. Аз солҳои панҷоҳуми асри бист давраи сифатан нав ва барои муҳити адабӣ ва хонандаи тоҷик басо манфиатбахши эҷодиёти Сотим Улуғзода оғоз меёбад. Вай чун пайрави сазовори устод Айнӣ ба тасвири бадеии таърихи пурфоҷиаи халқи тоҷик ва шахсиятҳои беназири он камар мебандад. Ин мавзӯъ дар он замон барои эҳёи хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ, бедорӣ ва шинохти фарзандони фарзонаи миллат ва пайдо кардани эҳсоси бузурги ватанпарастӣ барои мардуми тоҷик чун обу ҳаво зарур буд, Ин роҳе буд, ки устод Айнӣ дар адабиёт шурӯъ кард, вале Улуғзода онро бо матонат ва бинишу ковиши чуқуртар идома дод ва садоқату эҳтиромашро ба таърихи миллат ва фарзандони ҷоннисораш нишон дод. Маҳз аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини Сотим Улуғзода хонанда, ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он марҳала ба марҳала ба даврони пурэъҷози Сомониён ва рӯзғори пурфоҷиаи устод Рӯдакӣ дар драмаи «Қисмати шоир», муборизаи беамони мардум алайҳи аҷнабиён дар қиссаи «Ривояти суғдӣ», зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шудаанд. Оре, Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид. Фаъолияти филмномаву драманависӣ ва тарҷумонии Сотим Улуғзода як саҳифаи дурахшони эҷодиёти нависанда ба шумор меравад. Вай аслан дар ин самти эҷодиёти худ ҳамон мавзӯи худшиносӣ, ҳақталошӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ, ҳимояи Ватан ва шарафи инсониро таҳким бахшида шоҳасарҳои адибони дунёро рӯйи саҳнаи театри тоҷик овард. Аз назари устод Улуғзода, таҳқиқи бадеии таърих ва шахсиятҳои таърихӣ муроҷиат ба имрӯзу фардои миллат аст. Хидматҳои бузурги нависандаи тавонои тоҷик Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти навини тоҷик, тарбияти адибони ҷавон бо бисёр ордену медалҳои давлатӣ қадр карда шудааст. Бо амри Президенти мамлакат барои абадӣ гардонидани хотираи ӯ ба номи Сотим Улуғзода гузоштани Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон нишони олии қадршиносии шахсияти эшон, арзи сипоси мардум ва заҳматҳои беназири ӯ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик мебошад. Барҳақ, мутолиа ва омӯзиши осори пурғановати адиб барои хештаншиносӣ, эҳтироми таърих ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузорад.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ. Ҳамчун сардори кумитаи репертуарии идора оид ба корҳои санъати Шӯрои комиссарҳои халқии Тоҷикистони Шуравӣ фаъолият дошт. Аз соли 1946 то соли 1959 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ ва муовини мудири шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи Кумитаи марказии ҲК ҶШС Тоҷикистон. Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст.Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Соли 1993 дар ш. Душанбе вафот кардааст.

Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст. Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст. Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури «Қишлоқи тиллоӣ»-ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст. Ин асар баробари нашраш ба фонди тиллоии адабиёти шӯравӣ дохил гардида, ба ҳамаи забонҳои халқҳои ҷамоҳири бародарӣ тарҷума ва чоп шудааст. «Кишлоқи тиллоӣ» дар таҳияи худи муаллиф борҳо дар саҳнаҳои театрӣ пешкаши тамошобинони ҷавон гардидааст. Мирсаид Миршакар соли 1950, барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст. «Ленин дар Помир» (1955) аз достонҳои дигари муассири ӯст, ки нахустин бархӯрдҳои инқилобии кӯҳистони Бадахшонро бозгӯ мекунад ва дар заминаи он, дар таҳияи худи муаллиф ва И. Филимонова, филми ҳунарӣ бардошта шудааст. Солҳои пасин достонҳои нави ӯ «Дугонаҳо» (1961), «Дашти лаванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Чашмони Ленин» (1964), «Авроқи муҳаббат» (1975), «Исёни хирад» (1979) «Зинда бод ханда!» (2012) ва ғ. Дастрас ва мақбули умум гардидаанд. Мирсаид Миршакар, ҳамчунин, муаллифи чандин қиссаҳои бадеию фантастикӣ, осори сершумори саҳнавӣ ва мақолаҳои проблемавӣ мебошад, ки мақоми ӯро дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик устувору шӯҳраташро сазовор гардонидаанд.

Ҷоизаҳо:

• Ҷоизаи давлатии ИҶШС (Сталинӣ) (1950),

• Шоири халқии Тоҷикистон (1962),

• Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1964),

• Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1972),

• Ду ордени «Ленин»,

• Ду ордени «Парчами Сурхи мехнат»,

• ордени «Инқилоби Октябр»,

• ду ордени «Нишони фахрӣ»,

• ордени «Дӯстии халқҳо»,

медалҳо ва Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

мебахшанд. Равандҳо ва тамоюлоти ҷомеаи башарӣ ба андозае расидааст, ки ҷомеашиносон аз фарорасии давраи комилан нав ва даврони дигаргуниҳои бузург дар таърихи инсоният ибрози ақида мекунанд. Ин дигаргуниҳо аз ҷараёни худшиносии халқҳо, миллатҳо ва дар маҷмӯъ инсоният ғизо мегирад. Раванди мазкур аслан солҳои 70-ум зоҳир гардид ва солҳои 80-ум ва 90-уми асри XX чун падидаи умумии тамоюлоти таърихӣ арзи ҳастӣ намуд. Эҳёи Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол ва озод низ натиҷаи ҳамин қонунияти таърихӣ ва дигаргуниҳои мантиқии интиҳои асри XX мебошад. Дар айни замон мо дар рӯ ба рӯйи озмойишҳои бузурги таърихӣ қарор гирифтаем, ки меҳвари онро таъсис ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлати мустақили миллӣ ташкил медиҳад. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боиси он гардид, ки дар қатори дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон низ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти воқеӣ баҳравар шуд. Ин давраро метавон чун оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Истиқлолияти миллӣ дар марҳалаи навин барои мардуми Тоҷикистон чандон осон ба даст наомад ва аз қазо боз ба душвориҳои сангин ва ихтилофҳои шадид рӯ ба рӯ шуд. Қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷие, ки истиқлолияти Тоҷикистонро чашми дидан надоштанд ё худ мехостанд ин сарзамини пурганҷро таҳти нуфузи хеш гиранд, мардуми тоҷикро бар зидди ҳамдигар ангехта, ҷанги шаҳрвандиро бар дӯши он таҳмил намуданд. Ба назар чунин мерасид, ки бесарусомониҳо ва муноқишаҳои хунин дар сарзамини тоҷикон мисли кишвари Афғонистон дурудароз давом хоҳанд кард. Вале Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми кӯшишро ба он равона сохт, ки ба муқовимату душманӣ хотима гузошта, сокинони мамлакатро ба сулҳу ваҳдат ва меҳнати бунёдкорона ҳидоят намоянд. Халқи тоҷик маҳз ба шарофати хираду заковати аҷдодӣ ва ақли солим сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҳукумати кишварро дастгирӣ намуд. Сулҳу салоҳ, ваҳдату созандагӣ ва меҳнати бунёдкорона дар сарзамини тоҷикон аз нав пойдор гардид. Бо ташаббуси Ҳукумат ва ҳамкории собиқ мухолифин, ҳамчунин дастгирию ҷонибдории ташкилотҳои байналхалқӣ ва чандин кишварҳои хайрхоҳи олам сулҳи саросарӣ дар мамлакат фароҳам оварда шуд. Таъсис ва ташаккули давлати пояндаи миллӣ дар Тоҷикистон амри воқеист. Татбиқи ин рисолати таърихӣ барои мо ҳам осон асту ҳам мушкил. Зеро мо, тоҷикон, аз қадимулайём дар қалби Осиё ва чорроҳаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо арзи ҳастӣ намуда, дорои таҷрибаи қадимтарини фарҳанги давлатдорӣ мебошем. Борҳо ҳангоми суханронӣ дар мулоқоту ҷаласаҳо таъкид кардаам, ки давлати Сомониёнро дар ҳеҷ сурат овози давлату давлатдории тоҷикон шумурдан раво нест. Чунки халқи тоҷик то давраи Сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар Осиёи Миёна чун қадимтарин миллат шинохта шудааст ва саҳифаҳои нахустини фарҳангу тамаддуни аҳди қадимро дар ин сарзамин поягузорӣ кардааст. Бунёдгузори ҳақиқии давлати Сомониён Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ — абармарди хирад ва сиёсат буд. Ӯ илму дониши замонашро хуб аз бар намуда, аз даврони ҷавонӣ ҳунари сарварӣ ва кишвардориро амалан фаро гирифт. Сирати наҷиби сиёсӣ ва фазилати инсонии Исмоили Сомонӣ дар солҳои давлатдориаш возеҳан зоҳир гардид. Ин сиёсатмадори бузург ба корҳои созандагӣ ва ободонӣ, беҳбудии рӯзгору осойиши мардум, ривоҷу равнақи шаҳрдорӣ ва инкишофи илму фарҳанг таваҷҷуҳи доимӣ дошт. Исмоили Сомонӣ ба рукни ниҳоят муҳими давлатдории ориёӣ — масъулияти давлат дар таъмини шароити зарурии пешрафти кишвар садоқати беназире нишон дод. Фаъолияти ӯ дар таъмини амнияти Бухоро ва тамоми қаламрави давлати Сомониён низ басо муассир ва ибратомӯз аст. Ӯ бо фаросати олии сиёсӣ ва инсонӣ дарёфт, ки сиёсати мудофиавӣ ба муқобили тохтутозҳои харобиовари кӯчманчиён ба манфиати давлат ва амнияти халқ созгор нест. Аз ин лиҳоз, Исмоили Сомонӣ бо ҳамкорию пуштибонии мардум ба қабилаҳои яғмопеша зарбаи сахт зад ва ҳуқуқи маънавӣ пайдо кард, ки бо ифтихор иброз дорад: «То зинда ҳастам, бораи Бухоро ман бошам!» Амир Исмоили Сомонӣ бо тамоми вуҷудаш хоҳони муттаҳидии тамоми сарзамини тоҷикон буд. Ӯ бар хилофи таҳрикоти пайдарпайи халифаи Бағдод ба Хуросон, ки таҳти ҳокимияти Саффориён буд, майли лашкаркашӣ накард. Аҳди Сомониён, алалхусус, замони давлатдорони Исмоили Сомониро метавон яке аз қуллаҳои камолоти худшиносӣ ва асри шукӯҳу ҷалоли истиқлолияти миллати тоҷик номид. Фарзандони оқилу хирадпешаи миллат маҳз дар ҳамин айём бо асарҳои безаволи хеш сарчашмаи маънавие офариданд, ки асрҳо боз оби зулоли он насл ба насли инсониятро шодоб месозад. Аз ҳамин хотир, мо ҷашни бузурги 1100-солагии давлати Сомониёнро истиқбол гирифтем, то марҳалаҳои гузаштаву имрӯзаву ояндаро бо ҳам васл намоем. Ин ҷашн барои мо на танҳо саҳифаҳои сипаригаштаи таърих, балки сарчашмаи шуҷоату мардонагӣ, таҷассуми симои давлатдории миллӣ, сабақу таҷрибаи ниёгон ва дар айни ҳол чун шуълае аз дуриҳо роҳи ояндаи миллатро равшан сохт. Рӯзгори саршор аз ватандӯстию ифтихори миллии Сомониён ба фарзандони огоҳу фарзонаи халқи тоҷик дар ҳифзи асолати миллию фарҳангӣ, пуштибонии миллат ва татбиқи ҳуқуқҳои таърихии тоҷикон, махсусан, таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон мисли қутбнамо хизмат намудааст. Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рӯйи замин, кишвари ганҷҳои нокушодаву табиати худодод ва макони кӯҳҳои сарбаланду чашмаҳои зулол аст. Дастаи кӯҳнавардони кишварҳои гуногун яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳонро дар қаторкӯҳҳои Помир фатҳ намуда, симои ҷовидонаи Исмоили Сомониро ба куллан кӯҳ насб карданд ва қуллаи осмонгири сарзамини тоҷикон номи ин абармарди миллатро гирифт. Боварии комил дорам, ки ҳайкали бошукӯҳ ва қуллаи осмонгири Исмоили Сомонӣ чун рамзҳои давлату давлатдории тоҷикон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ то абад азизу муборак хоҳад монд. Ва асри XXI барои кулли тоҷикони олам асри кору пайкори фикрӣ, асри созандагию бунёдкориҳо ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави ҳаёт хоҳад буд.

сохтмони ояндаи нек кӯмак мерасонад». Бори дувум ҷашни ҳазорсолагии Ибни Сино соли 1980 тибқи қарори ЮНЕСКО таҷлил гардида, саҳми бузурги ӯ дар рушди тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва дигар илмҳо комилан эътироф карда шуд. Чунин арҷгузории олӣ ба хизматҳои илмӣ ва фарҳангии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аз он ҷиҳат аст, ки ӯ дар тӯли умри кӯтоҳ ва пурҳаводиси худ бо вуҷуди саргардониҳои зиёд тавонистааст ба инсоният осори гаронбаҳое ба ёдгор гузорад. Осори боқимондаи ӯ бештар аз 250 асарро фаро мегирад, ки дар байни онҳо «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ҳикмат-ал-Машриқия», «Китоб-ул-инсоф», «Донишнома», «Мабдаъ ва маод», «Мубоҳасот», «Ишорот ва танбеҳот» аҳамияти бузурги илмӣ ва фалсафӣ доранд. Ӯ дар осораш низоми мукаммали маърифати ҷаҳоншиносиро ба вуҷуд овард, ки моҳиятан ҷамъбасти ҳамаи соҳаҳои илми он замона — фалсафа, табииёт, риёзиёт, тиб, мантиқ ва илоҳиёт мебошад. Ибни Сино на танҳо олим ва файласуфи бузурги ҷаҳон, балки ҳамчунин яке аз барҷастатарин чеҳраҳои таърихи табобат дар ҳама давронҳост. Асари муҳимтарини дар ин бахш таълифнамудааш «Қонун»-и ӯст, ки китоби аввали онро дар 30-солагӣ навиштааст. Сино дар тӯли умри кӯтоҳи 57-солааш тавонист осори безаволу гаронбаҳое офарад, ки садҳо сол мавриди ниёзи ҳамарӯзаи олимону табибон қарор бигиранд. Андешаҳои пурҳикмати Ибни Сино дар бораи сиёсат, ахлоқ ва ташкилу тадбири оила як қисми муҳими осори ӯро ташкил дода, имрӯз низ қобили таваҷҷуҳ ва истифода мебошанд. Шайхурраис дар бораи тарбияи сиёсатмадорони нексиришт ва фозил, ки шаҳрдоронро ба корҳои хайр раҳнамойӣ кунанд, аҳли ҷомеаро саодатманд намоянд, ҳамдигарфаҳмиву муттафиқиро дар байни мардум густариш диҳанд, ақидаҳои солиму омӯзанда баён доштааст. Ӯ барои ноил шудан ба ин мақсад таълиму тарбияро дар оила, ки онро ҳавзаи хурди мулкдорӣ меҳисобад, вазифаи бағоят муҳими падару модар мешуморад. Ақидаҳои Ибни Сино оид ба таълиму тарбия дар оила ва ҷомеа дар замони истиқлолияти кишвари мо аҳамияти хосса доранд. Зеро дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари меъёрҳои байналмилалии давлатдории муосири мо анъанаҳои арзишманди тарбиявию ахлоқиро низ бояд ҳамчун унсури ғояи миллӣ истифода намоем. Ибни Сино дар асарҳои худ ба ҷо овардани эҳтироми зан, махсусан модарро аз сифатҳои муҳими тарбияи ахлоқӣ мешуморад. Ба қавли ӯ, дар оила озод нигоҳ доштани зан, меҳрубону ҳалиму хоксор будани мард боиси ҳурмату эҳтироми дуҷониба ва баландии шарофати онҳо мегардад. Ӯ ба занон дар баробари тарбияи фарзанд омӯхтани ҳунар ва ба меҳнати судбахш машғул буданро тавсия медиҳад. Соҳиби касбу ҳунар шудани занон, ба андешаи Сино, онҳоро аз беҳудашинӣ, афсурдаҳоливу дилтангӣ мераҳонад ва ба зиндагии оилавиашон ҳусни тоза мебахшад. Покии ахлоқи зану шавҳар, эҳтироми самимонаи онҳо ва тарбияи оқилонаи фарзандон дар таълимоти Ибни Сино мақоми арзанда дорад. Ибни Сино ба нақши илму маърифат дар тарбияи фарзанд баҳои баланд дода, таъкид мекунад, ки ҳар қадар шахсони соҳибмаърифат, чорасозону ҳунармандон зиёд бошанд, корҳои давлатдорӣ, истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва сарватҳои рӯзгор ҳамон қадар беҳтару бештар мегардад. Андешаҳое, ки ӯ ба сифати як барномаи мукаммал дар китобҳои «Шифо», «Ал-Қонун», «Тадбири манзил» ифода кардааст, дар ҳалли мушкилоти мактабу маориф, тарбияи муаллим ва омӯзишу парвариши шогирдон имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодаанд. Аз ин лиҳоз, ҳам барои табибон, ҳам барои мураббиёну муаллимон ва ҳам барои кормандони соҳаи тарбияи ҳуқуқӣ дастурҳои ӯро омӯхтан ва вобаста ба шароити таълиму тарбияи имрӯз истифода кардан ба пешрафти соҳаи маориф ва умуман тарбияи ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Барои инсоният ақидаҳои ахлоқию иҷтимоии Ибни Сино имрӯз ҳам арзиши худро гум накардаанд. Дар ҷаҳони муосир, ки раванди глобализатсия мушкилиҳои нав эҷод кардааст, андешаи Ибни Сино дар бораи зарур будани ваҳдату ҳамраъйии инсонҳо, даъват ба ҳамкорӣ ва кӯмак ба ҳамдигар, пеш гирифтани роҳи адолату инсоф ва муросою мадоро бешак ба талқини ормонҳои осойишу амнияти ҳамагонии башарият ҳамоҳанг аст. Ӯ барҳақ таъкид мекунад: азбаски ҷомеа зодаи ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ аст, ба касе ниёз дорад, ки «қонун ва адолатро муқаррар намояд ва чунин кас бояд имкони тавассути сухан ба мардум муроҷиат карданро дошта бошад ва мардумро барои риояи қонун уҳдадор созад». Ибни Сино барои аз бенизомӣ ва бесарусомонӣ ҳифз кардани ҷомеа сарвари оқилу огоҳеро лозим медонад, ки мардумро ба роҳи дуруст раҳнамойӣ кунад ва инсофу адолатро пуштибонӣ намояд. Зимнан бояд гуфт, ки Ибни Сино на танҳо бо андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш, балки тавассути назариёти тиббиаш низ ҷовидонаю абадзинда аст. Андешаҳои ӯ дар хусуси қоидаҳои нигоҳдошти тандурустӣ, тадбирҳо ва шартҳои пешгирии бемориҳо, дар таҷриба дақиқан санҷидани давоҳо ва таъини он ба беморон, сабабмандии ҳолатҳои физиологӣ ва рӯҳонии инсон, вобастагии инсон ба муҳити зист, иқлим ва обу ҳаво аз ҷумлаи он нуктаҳои муҳими назарияи тиббии Ибни Сино мебошанд, ки дар замони мо ҳам аҳамияти илмӣ ва амалии худро аз даст надодаанд. «Ал-Қонун»-и Ибни Сино асари мукаммали энсиклопедие мебошад, ки дар давоми асрҳо китоби рӯйимизии табибон буд ва ҳоло ҳам ин рисолатро иҷро карда метавонад. Худи ҳамин далел аз бузургӣ ва шаҳомати ҷаҳонии Ибни Сино шаҳодат медиҳад, ки баъд аз сад соли вафоти ӯ «Ал-Қонун» ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, соли 1544 аввалин бор аз чоп мебарояд. Ин китоби безавол дар донишгоҳҳои Монполис, Вена, Лувен (Лёвен), Брюссел ва мактабҳои олии Аврупо то асри XX ҳамчун китоби дарсии беҳтарин маъмул буд ва борҳо ба забони лотинӣ бо теъдоди зиёд ба табъ расидааст. Дар кишварҳои Шарқ, алалхусус дар сарзамини Эрони бостонӣ ба ҳифзу гирдоварӣ ва табъу нашри осори Сино, ташкили анҷумани байналмилалии синошиносӣ ва бузургдошти номи ӯ тадбирҳои мушаххас меандешанд, ки ин боиси таҳнияту сарфарозист. Бояд зикр кард, ки баргузор шудани маҳфили бузурги байналмилалӣ ба муносибати 1025-умин солгарди ӯ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иқдомоти муҳими ин кишвар дар бузургдошти ному осори ин алломаи безавол аст. Бисёр олимону файласуфони аврупоӣ ва ҳакимону донишмандони Шарқ Ибни Синоро устоди хеш дониста, ба асарҳои тиббию фалсафиаш шарҳҳо навиштаанд, ки аз нуфузу эътибори ҷаҳонии ин шахсияти бузург гувоҳӣ медиҳад. Зиндагӣ ва осори Ибни Сино ин мактаби ҷасорат, тантанаи илму хирад, инсондӯстӣ ва худафрӯзӣ барои бахту саодати инсоният аст. Мо дар назди рӯҳи ин бузургвор имрӯз сари таъзим фуруд оварда, хотираи некашро бо таълиму таҳқиқоти тоза ва инкишофи афкори ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм зинда нигоҳ медорем. Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, «тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тӯли ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд». Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи мост. Аз ин рӯ, ба марказҳои илмии мо зарур аст, ки осори ин алломаи бузургро пурра ба забони тоҷикӣ ба табъ расонанд ва ба забонҳои дигар тарҷума кунанд. Ҳамду сано ба миллате, ки чунин абармардро ба олами тамаддун эҳдо намудааст!

адабпарвари Сомониён вусъат ва шуҳрат ёфтааст. Мегӯянд, ки Рӯдакӣ ҳанӯз дар овони наврасӣ Қуръонро азбар намуда, ба омӯзиши дигар илмҳои маъмули замонаш оғоз карда буд. Маълум мешавад, ки илму дониш дар он аср на танҳо дар шаҳрҳои бузург, балки дар музофоти кӯҳистони тоҷик низ вуҷуд доштааст. Ашъори шоироне, ки то замони ӯ суруда шуда буданд ва суруду таронаҳои маҳаллии деҳоту шаҳракҳои кӯҳистон завқи шоиронаи Рӯдакии ҷавонро шодоб мегардониданд. Рӯҳи ватанпарастонаи Деваштич, ки дар қалъаҳои дастнораси кӯҳистон паноҳ ёфта, ба муқобили аҷнабиён диловарона мубориза бурда буд, дар сирату тинати Рӯдакӣ озодманишиву озодпарастиро парвариш дода буд. Сипас Рӯдакии наврас, чунон ки дар қитъаи шеъре гуфтааст, савору ҷавону тавонгару некандеш, бо ҳазорон умеду орзу роҳи шаҳрҳои бузургро пеш мегирад ва ба омӯзиши илму адаб мепардозад. Солҳои таҳсилу илмомӯзӣ Рӯдакӣ бо шеъри худ дар байни мардуми шеърдӯсту шеърпарвари диёри худ ба тадриҷ шуҳрату овоза пайдо мекард. Дар нимаи аввали асри X Исмоили Сомонӣ — бузургтарин чеҳраи хонадони Оли Сомон ҳукмрони мустақили қаламрави бузурги Мовароуннаҳр гардид. Аммо дар солҳои аввали ҳукмронии ӯ ва писараш Аҳмад таъмин кардани рушди ҳаматарафаи давлати Оли Сомон ҳанӯз имкон надошт. Соли 914 тахти аморат ба Наср ибни Аҳмади чаҳордаҳсола расид, аммо ҳукмрони воқеии давлат Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ — донишманди бузург ва сиёсатмадори тавоно буд. Ҷайҳонӣ сохтори давлатро ба низому тартиб овард ва донишмандону шоирони номдорро аз саросари кишвар гирд намуд. Муҳаққиқони рӯдакишинос бар онанд, ки Рӯдакӣ низ дар ҳамон давра, яъне солҳои аввали вазорати Ҷайҳонӣ ба дарбор омадааст. Сӣ соли давраи ҳукмронии амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад замони шукуфоӣ ва камолоти давлати Сомониён буд. Ҳамин сӣ сол давраи пурмаҳсул ва пурбор, давраи камолоти эҷодии Рӯдакӣ низ ба шумор меравад. Зеро замони осойишта ва рушди иқтисодиву сиёсии давлати Сомониён ба Рӯдакӣ илҳому неруи эҷодӣ мебахшид. Дар он рӯзгор дар шаҳру деҳоти қаламрави давлати Сомониён пеш аз хама таронаву сурудаҳои шодиёнаву ошиқонаи Рӯдакӣ вирди забонҳо буданд. Ин шеърҳо, ки бо забони соддаву равон ва тасвири эҳсоси поку наҷиби инсонӣ аз қалби шоир берун мешуданд, ба дили мардум ҷой мегирифтанд. Бояд гуфт, ки шуҳрати Рӯдакӣ дар давоми асрҳо ҳамчун бунёдгузори шеъри нави тоҷикиву форсӣ аз тарафи шоирону тазкиранависон ҳамеша зикр ва тасдиқ гардидааст. Рӯдакишиносӣ дар илми шарқшиносии Русия ва мамлакатҳои Ғарб низ мавқеи калон дошт ва мо аз хизматҳои донишмандони Олмон, Фаронса, Инглистон ва кишварҳои дигар миннатдорем. Аз солҳои бистуми асри гузашта, яъне аз оғози таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯдакӣ ҳамчун парчами ҳувийяти миллии тоҷикон шинохта шуд. Устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳамчун шоири миллии тоҷикон шуҳрат ёфтани Рӯдакӣ хизматҳои бузурге карданд. Соли 1958 ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ ҳамчун ҷашни миллии шеъру адаби мо таҷлил гардид ва таҷлили ҷашни 1150-солагии ӯ идомаи ҳамон анъанаҳои неки миллии мо буд. Адабиёт, назми инсондӯстӣ ва симоҳои бузурги шеър, мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхию Камоли Хуҷандӣ ва бисёр дигарон ҳамеша васлгари дилҳо, пайвандгари халқу миллатҳои гуногун буданд ва чунин боқӣ мемонанд. Далели равшани ин суханҳо ҷашни Рӯдакии бузург аст, ки бародарони ҳамзабону ҳамфарҳангамонро аз Эрону Афғонистон ва аз бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб дар ватани Рӯдакӣ ҷамъ овард. Дар осмони баланди назм шеъри тобноки устод Рӯдакӣ ҳамеша фурӯзон хоҳад монд. Халқи тоҷик чун нишони сипосу эҳтиром ноҳия, чандин муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ, хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон ва чорбоғи бузургро ба номи фарзанди бузурги хеш — Рӯдакӣ гузошта, дар зодгоҳи шоир — деҳаи Панҷрӯд мақбараашро обод сохт ва муҷассамаҳои боҳашамати ӯро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ бунёд кард. Мукофоти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъат низ номи Рӯдакиро дорад. Бо қарори Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳама таҷассуми эҳтироми бузург ва муҳаббати бепоёни халқи мо ба соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист. Бигзор, дар ҳар иқдоми хайри мо рӯҳи Рӯдакии бузургвор ёру мададгорорамон бошад! Бигзор, кохи шеъри пайафкандаи Рӯдакӣ то абад бегазанд бошад! Бигзор, шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ ҳамчун сарҳалқаи зарини назми оламгири тоҷику форс раҳнамойи зиндагии босаодати мардуми мо гардад!

зисту зиндагӣ, ойини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли кишвар, озодӣ ва озодагӣ, маънои цангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, фирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем. Ман бовар дорам, ки дар мунозираҳои илмӣ перомуни бузургтарин китоби таърихи эрониён, балки тамоми ҷаҳони ақлу хирад паҳлуҳои гуногуни фалсафаи Фирдавсии бузургвор баррасӣ хоҳад шуд ва ин имкон медиҳад, ки муҳтавои «Шоҳнома»-и беҳтару хубтар дарк намоем ва аз муборизаи некӣ бо бадӣ, нур бо зулмот дақиқтар огоҳ шавем. “Шоҳнома” дар замоне эҷод гардид, ки аз як сӯ ҳокимияти миллии мо — давлати Сомониён рӯ ба шикаст ниҳод, аз сӯйи дигар ҷойи арзишҳои бостонии Аҷамро арзишҳои сифатан нави исломӣ фаро мегирифт. Ва Фирдавсӣ тавонист ба ранҷу азоби тоқатфарсо нигоҳ накарда, бо сухани ҷаззоби шоирона Аҷамро аз нав зинда карда, мероси бузурги фарҳангӣ ва анъанаҳои ватандӯстии халқашро барои наслҳои оянда ба ёдгор бимонад. Дар «Шоҳнома» ҳам ҷангҳои дохилии вилоятҳои Эронзамин ҳамчун ҷангҳои зишту бемаъно, ки аз оғоз ғоратгарӣ мебошанд, бисёр тасвир шудаанд. Яке аз ҷангҳои бемаъно ва бедодгарона ҷанги шоҳи Сосониён бар зидди шоҳи Ҳайтол (Хатлони имрӯза) Хушнавоз аст. Пирӯз, ки худ бо мадади шоҳи Ҳайтол ба салтанат расида буд, паймоншиканона ӯро сарнагун мекунад ва мо мебинем, ки Фирдавсӣ шоҳи Сосониёнро мазаммат намуда, ҳокими Ҳайтолиёнро, ки барои сулҳу осойиш ҷонбозиҳо мекард, самимона ситойиш мекунад. Ба қавли Фирдавсӣ, танҳо ҳамон неруҳое, ки дар хидмати адлу адолат мебошанд, қобили ситойишанд. Дар ҷангҳои доманадори Эрону Тӯрон ҳам Фирдавсӣ эрониёнро фақат ҳамон лаҳзаҳое ситойиш мекунанд, ки онҳо барои доду адл мубориза мекунанд, зеро ҷанги беадолатона талаба нест. Ки ҳар к-ӯ ба бедод ҷӯяд набард, Ҷигархаста боз ояду рӯйзард. Фирдавсӣ ҳатто ҳуҷуми хеле пурхашми Искандари Мақдуниро ба Эронзамин маҳкум намекунад. Зеро вай бо худ идеяи нав — идеяи шоҳи одилро овард. Рустами дастон — ин паҳлавони ҷаҳон ҳам ба ҳеҷ рӯй моил намешавад, ки дар ҷанги бедод талаба кунад ва мегӯяд, агар кори ман ҳақ нест, бигузор бо дасти душман кушта шавам. Сирру асрори тасвирҳои зебои «Шоҳнома» ҳам дар он аст, ки Фирдавсӣ фақат ҷангҳои одилонаро ситойиш карда, хонандаро ҳамроҳи худ вориди саҳнаи набардҳои одилона месозад. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба сифати як инсони покнажоду покгуҳар ва шахсияти нобиғаву достонсаройи беҳамто, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон воқеан фалсафаву адаби моро неруи тоза бахшида, шеърро ба ҳар дард даво ва ёвару мададгор ва ҷонбахши мардум гардонид. Фалсафаи манзуми ӯ моломоли ғояҳои ватанпарастӣ, башардӯстӣ, покию нафосат, сулҳу сафо, панду андарз ва ахлоқи ҳамида, шеъри набарду мубориза ва ҷонбозиҳо дар роҳи озодии халқу Ватан, дар роҳи адолату ростӣ аст. Ҳаким Фирдавсӣ ба сифати як ҳамосасаройи нобиға ва бузургтарин донандаи таърих ва зиндагиномаи гузаштагони хеш таърихи чандинҳазорсоларо дар дилу дидаи оламиён аз нав эҳё карда, аз қисмату сарнавишти мардони бузурги таърихи мо ва рӯйдодҳои зиндагӣ натиҷаҳо бардошт ва ҳосили ин бардошт панду андарз ва хулосаҳои саршор аз ҳикмат аст, ки моро ба роҳи ростӣ ҳидоят мекунад. Ҳакими бузургвори тӯсӣ тавассути шеъри асил анъанаю дастовард, ҳикмату хирад, ҷасорату мардонагӣ, қудрати маънавию ахлоқӣ, нангу номус, ғурури миллӣ ва қаҳрамониҳои бемисли мардуми эронинажодро ба гӯши ҷаҳониён расонид. Бисёр халқҳои олам ба таърихи Эрони бостон, корномаи фарзандони далер ва анъанаю суннатҳои миллии он тавассути «Шоҳнома» ошноӣ пайдо карданд. «Шоҳнома» асари ҷовидонист ва ҳар сатри он аз заминаи миллӣ, аз саргузашту користони мардуми он, аз зиндагии воқеӣ берун омадааст ва биноан, шеъри Фирдавсӣ шеъри асил ва ростин аст. Ҳазор сол боз мардуми мо аз шеъри Фирдавсӣ ғизои рӯҳу ҷон, панду ҳикмат, ахлоқи ҳамида мебардоранд, ба ҳар дардашон даво, ба тани ранҷурашон шифо меёбанд, тавассути шеъри ӯ мушкилоташонро осон мекунанд. Фирдавсӣ як марди мусулмон буд, вале ҳаргиз таърихи пурифтихори халқи худро қурбони идеологияи ҷоҳилона насохтааст. Аз фалсафаи Фирдавсӣ бармеояд, ки ягон ҳукумат, ягон роҳбар ва ҳоким, ягон андеша ва дину идеология ҳақ надорад, ки мардумро бо зӯрӣ мутеи худ созад. Хирад барои мардуми эронинажод нақше ба ҷуз посдорӣ ва нигаҳдорӣ ва парвариши ҷон, яъне зиндагӣ чизи дигар намебошад. Озурдани ҷон ва ҳамроҳ бо он озурдани хираду андеша бадтарин гуноҳ ва шар(р) аст. Барои Фирдавсӣ рехтани хуни бародарони ҳамхуни ҳамнажоду ҳамзабон гуноҳест азим ва ҷавонмардӣ ин нест, ки хуни бародари хеш бирезӣ ва миёни пайвандон тухми нифоқу қасос бикорӣ: Ба пеши бародар бародар ба ҷанг Наёяд, агар бошадаш ному нанг! Боз мегӯям, ҳазор афсӯс, ки мардуми тоҷик ба дасисаи аҳриманӣ гирифтор шуд ва дар ҷанги фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ панду андарз ва даъватҳои шуълавари шоири бузурги хешро аз ёд бурда, ба харобкориву хунрезӣ даст заданд. Акнун бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахшем. Бояд дар ин сарзамини абгору дардхӯрда аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад. Фардои дурахшон ва хушбахтию некномии миллати мо танҳо аз ваҳдат, ягонагию якзабонӣ ва мусолиҳаи миллӣ вобаста аст ва агар мо ин корро накунем, рӯҳу арвоҳи бузургонамон, бахусус, рӯҳи Фирдавсӣ, ҷовидон аз мо домангир хоҳад буд. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин рӯҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осойиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем ва нагузорем, ки миёни мо тухми нифоқу кина бикоранду бародарро ба қатли ҷони бародар бифиристанд. Ҳамон тавре ки Фирдавсии бузург фармудааст: Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем, Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем. Аз ин пас ба хира марезед хун, Ки бахти ҷафопешагон шуд нагун. Имрӯз қаламрави забони форсӣ дар марзҳои якчанд кишвари мустақили Ховарзамин ва нуфуси форсигӯён дар бисёр кишварҳои Аврупо ва Амрико паҳну парешон аст. Ва фақат нобиғаҳое чун Рӯдакию Фирдавсӣ тавонистанд, ҳатто ҳазор сол баъд аз сари худ ҳамаи моро гирди ҳам оранд. Ин гирдиҳамойӣ маҳфили ақлу хираду фаросату башардӯстист. Он, ки бо сеҳри сухан мулки Аҷам зинда кард, намирандааст, ҳамон тавре ки худаш ҳам бовар дошт: Биноҳои обод гарданд хароб, Зи борону аз тобиши офтоб. Пай афкандам аз назм кохе баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд. Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам, Ки тухми суханро парокандаам

ба иҷро расониданд, дар қатори он ҷашнвораҳои дигар боз аз нав имкон доданд, ки ҳамаи мо ба гузаштаи худ дар мисоли ҳаёт ва осори ин мутафаккир бо диди нав назар андозем ва барои маънидоди воқеияти ҷаҳони муосир дар андешаҳои ӯ барои худ пояҳои нав ба нав ҷустуҷӯ намоем. Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ бо таърихи давлати Хоразмшоҳиён ва Ғуриён дар Осиёи Марказӣ, Салҷуқиёни Рум, ҳуҷуми урдуи муғул ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Сағир иртиботи қавие дорад. Дар ин даврон, дар ибтидои асри XIII даставвал Муҳаммади Хоразмшоҳ Ҳирот, Самарқанд, Балх ва Вахшонзаминро, ки тобеи хонадони Ғуриён буд, бо ҷангҳои хунин ба тасарруфи худ даровард. Аз соли 1218 то 1221 бошад, Осиёи Миёна ва Афғонистонро муғулҳо ваҳшиёна забт карданд. Тақдири ҳукмронии Салҷуқиёни Рум — Султонати Қуния низ, ки Мавлоно бо пайравонаш дар пойтахти он фаъолият мебурд, бо ҳуҷумҳои хунини ҳамин урду ҳал гардид. Ҳамаи ин гувоҳи равшани он аст, ки Ҷалолуддини Балхӣ ҳанӯз аз даврони кӯдакиаш шоҳиди ҷангу ҷидолҳои мухталиф будааст ва табиист, ки ин наметавонист ба эҷодиёти ӯ бетаъсир бимонад. Аз ин рӯ, рӯҳияи зиддиҷангӣ ва муқобилият бар зӯроварӣ ба тамоми ҷанбаҳои таълимоти мутафаккир хос аст: То ғилоф андар бувад, беқимат аст, Чун бурун шуд, сӯхтанро олат аст. Мавлоно ҷангу хунрезиро дар ашъори худ як роҳи «ҷумла бемаъниву бемағз»-и ҳалли масъалаҳо ҳисобидааст ва ба ин сабаб дар чунин андеша аст, ки мардуми ба фарҳангу маънавият машғулбуда ҳангоми зӯроварию хунрезиҳо маҷбуран тарки ватан мекунанд: По тиҳӣ гаштан беҳ аст аз кафши танг, Дарди ғурбат беҳ, ки андар хона ҷанг. Ин гуфтаҳои Мавлонои Балхиро оид ба оқибатҳои сангини ҷанг ва даст кашидан аз зӯроварӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ таърихи начандон дури тоҷикон ба куллӣ исбот кард. Дар охирҳои қарни гузашта бо кӯшиши гурӯҳҳои муайяне дар ин сарзамини куҳанбунёд зӯрию зӯроварӣ боло гирифт ва бар асари ҷанги бародаркушӣ ҳазорон намояндагони миллат, аз ҷумла зиёиён ва аҳли илму фарҳанг, ҷилои Ватан карданд. Вале халқи тоҷик, халқе, ки анъанаҳои қадимии сулҳу сулҳхоҳӣ ва мубориза алайҳи ҷангу зӯроварии худро дар таълимоти Мавлоно ва садҳо мутафаккирони дигар таҷассум сохтааст, бо такя ба ин таҷрибаи бойи ниёгон ва талоши пайвастаи ҳамзамонон тавонист, ки аз роҳи ҷанг баргардад ва дар кишвари худ сулҳу осойиш ва ваҳдатро барқарор созад. Қобили қайд аст, ки агар мардуми тоҷик чунин анъанаҳои сулҳхоҳӣ намедоштанд ва ба он такя намекарданд, шояд маҷрои таърихи муосири он ранги дигар мегирифт. Истифода аз ин анъанаҳо бошад, як махсусияти таҷрибаи сулҳи тоҷикон буд, ки метавонад барои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, барои Афғонистони имрӯза низ, ибратомӯз бошад, зеро гузаштагони ин мардум ҳам бо мо муштараканд ва дар мисоли Мавлонои Балхӣ ва мутафаккирони дигар, сулҳу мадороро афзалтар аз ҷангу зӯроварии «бемаъниву бемағз» эътироф кардаанд. Як ҷиҳати дигари таълимоти Мавлоно, ки барои ҷаҳони муосири мо ва инсони асри кайҳон ҳам то ҳанӯз муҳим аст, ин афкори ахлоқии ӯст. Мутафаккир ба бузургтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгони мо ва таълимоти мухталифи шарқиву ғарбӣ такя карда, дар осори худ чун маддоҳи некиву некукорӣ ва адолати иҷтимоӣ баромад кардааст. Некӣ, ки аз рӯй таълимоти ӯ дар ниҳоди инсон фитрии модарзод аст, бояд дар ҳар сурате бар бадӣ, ки дар рафти ҳаёти иҷтимоии инсон ба вуҷуд меояд, ғалаба кунад. Барои тарбияи инсон дар рӯҳи некиву накукорӣ ва дур сохтани ӯ аз роҳи бад бошад, мутафаккир нақши оила ва муҳитро муҳим шумурдааст. Ҳамчунин ҳанӯз дар шароити асрҳои миёна ин донишманди нобиға ба дарки нақши ногузири мактаб дар ташаккули ахлоқии инсон расида буд ва аз ин рӯ, худ соҳиби мактаб, усули таълими хосса ва омӯзгору муаллифи воситаҳои таълим буд. Аксари осори ӯ ҳам маҳз барои таълими шогирдон таълиф шуда буданд. Ҷалолуддини Балхӣ тарғибгари ахлоқи ҳамидае чун вафодорӣ, шафқат бар заифон, эҳтироми худ ва дигарон, ростӣ, эҳсон, хоксорӣ, саховату каромат ва ғайра буд. Ӯ ахлоқи бад — молу ҷоҳпарастӣ, ҳасад, ҳирсу тамаъ, ришвахорӣ ва амсоли онро мазаммат мекунад. Баъзе афкори мутафаккир, ки дар саҳифаҳои пур аз маонии бикр — «Маснавӣ», «Девони кабир» ва осори дигари ӯ омадаанд, то ҳанӯз ҳам барои муосирони мо метавонанд дастури муфиди ахлоқӣ бошанд. Ҳар як фард, чи хидматчии давлатию динӣ, чи омӯзгору чи шогирд имрӯз метавонад аксари чунин ақидаҳои мутафаккирро сармашқи кори худ қарор диҳад. Кофист, ки ҳамчун мисол як байти машҳури ӯ дар бораи бо роҳи маслиҳату машварат ҳал намудани масъалаҳо хотиррасон гардад: Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад. Ҷолиби қайд аст, ки дар таълимоти ахлоқии Мавлоно ва умуман осори тамоми гузаштагони мо масъалаи тарбия мақоми асосиро ишғол мекунад. Вале, мутаассифона, ин мероси бузург на ҳама вақт аз тарафи муосирони мо самаранок мавриди истифода қарор мегирад. Масалан, чаро мо наметавонем дар асоси ин таълимоти ахлоқии аҳамияти умумибашаридошта нақшаҳои мушаххас таҳия сохта, барои пурмаҳсултар амалӣ сохтани Консепсияи миллии тарбия, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст, саҳмгузор бошем? Ва ё мисоли дигар: дар Тоҷикистон ҳоло аз як тараф стратегияи паст бурдани сатҳи камбизоатӣ амалӣ шуда истода бошад, аз тарафи дигар барномаҳои гуногуни дастгирии ятимону бепарасторон ва эҳтиёҷмандон ба иҷро мерасанд. Вале чаро ҳамаи ин кор танҳо ба дӯши давлат гузошта мешавад? Дар кишвари мо корхонаву муассисаҳои ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳидаи зиёд ҳастанд, ки метавонанд дар ин кори хайр саҳм бигиранд. Аммо, мутаассифона, онҳо аксари вақт аз чунин амали нек канораҷӯйӣ мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки саховат ва каромат, дастгирии заифону дармондагон ва амсоли он ҷузви ҷудонашавандаи анъанаҳои ахлоқии миллати мост. Пос доштани анъанаҳои неки ниёгон бошад, вазифаи муқаддаси ҳар як намояндаи ин миллат аст. Гузаштагони шуҳратманди мо аз қабили Мавлонои Балхӣ дар осорашон моро маҳз ба иҷрои чунин қарзи инсонии худ даъват кардаанд. Ҷалолуддини Балхӣ як шахсияте буд, ки бо ҳокимони замонааш, давлату давлатдорон ва рӯҳониён алоқаҳои мустаҳкаме дошт. Маҳз ба ҳамин сабаб ӯ шоҳиди бевоситаи ҷараёни ҳодисаҳои сиёсӣ ва динии даврон буд. Дар баробари ин ӯ беадолатии зиёди иҷтимоиро низ мушоҳида мекард. Дар ин асое мутафаккир адл ва адолатро бо ҳақиқат ҳаммаъниву ҳампоя дониста, дар таълимоти худ на танҳо масъалаи роҳҳои расидан ба ҳақиқат, балки расидан ба адолатро низ гузоштааст. Мавлоно аз ҷумла гуфтааст: Эй, ки ту аз зулм чоҳе меканӣ, Аз барои хеш доме метанӣ. Бар заифон гар ту зулме мекунӣ, Дон, ки андар қаъри чоҳи бебунӣ. Дар ҷойи дигаре дар «Маснавӣ» фармудааст: Адл чӣ б-вад? Об деҳ ашҷорро. Зулм чӣ б-вад? Об додан хорро. Ба ибораи дигар, мутафаккир ба он эътиқод дорад, ки номувозинатии адлу зулм ва омехта кардани онҳо аз ҷониби як инсон боиси он мегардад, ки инсони дигаре аз мақому манзалати аслии худ маҳрум шавад. Ин бошад, решаи асосии ҳар гуна нобаробарӣ, номувозинатӣ ва сабаби беадолатӣ дар ҳар навъ ҷомеа аст. Мавлонои Балхӣ шоҳиди беадолатӣ дар илму фарҳанг ҳам буд. Дар ин самт ақидаи ӯ дар бораи парҳез кардан аз тақлидкорӣ ва аз диди шахсии худ тафсир намудани масъалаҳо муҳим аст. Чи тавре ки маълум аст, дар байни донишмандони соҳаи дин дар он даврон зиёд буданд нафароне, ки беадолатона ба сӯйи тақлид ба пешиниён, дақиқтараш, кӯр-кӯрона фаҳмидани масъалаҳои муҳими дин ҳидоят карда, инсони қаториро аз фаҳмиши шахсии хештан ва соҳиб будан ба ақидаи худ маҳрум мекарданд. Мавлонои Балхӣ акси онҳо рафтор намуда, инсонро ба сӯйи мустақилона маънидод намудани ҳар гуна масъалаҳо ҳидоят мекунад. Дарки моҳияти чунин мавзӯъҳо барои ҷаҳони муосири мо низ, хусусан, аз тарафи насли ҷавон, аз фоида холӣ нест: Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар, Мангар аз чашми сафеҳе бехабар. Мавлоно Ҷалолуддин худ аз аҳли Хуросон бошад ҳам, ҳамчун шоиру мутафаккир дар муҳити дигаре, ки аз шароити ин минтақа тафовут дошт, ба воя расид. Дар замони ӯ мардуми зиёде аз хавфи хунрезиҳои урдуи Чингизхон аз қаламрави эроннажодон ба Рум ва дигар минтақаҳои дуру наздики он муҳоҷират карда буданд. Падари Ҷалолуддини Балхӣ — Баҳоуддини Валад (1149/50-1232), ки худ низ аз донишмандони шинохта аст, Бурҳонуддини Муҳаққиқ (соли вафоташ 1240), Шамси Табрезӣ (1187/88 — 1245) ва садҳо дигар олимону шоирон дар асри XIII ва минбаъд бошад, авлодони ин муҳоҷирони нахустин, аз қабили писари Мавлоно — Султон Валад (1226-1312), наберааш — Орифи Чалабӣ (1272-1320) ва даҳҳо намояндагони дигари мавлавия дар ин ҷо як ҳавзаи бузурги илмӣ ва фарҳангии тоҷику форсзабононро асос гузоштанд. Ба шарофати онҳо илму адабиёти хаттии мардуми туркӣ ҳам маҳз дар ҳамин даврон ташаккул ёфт. Ба ибораи дигар, Мавлоно ва атрофиёни ӯ на танҳо дар нигаҳдошти илму фарҳанги ниёгони худ, балки дар инкишофи тамаддуни мардуми ба худ ҳамсоя низ хидмати бузурги таърихиро ба анҷом расониданд. Ин таҷрибаи бузурги онҳо, ки ба мардуму қавмҳои дигар сухан ва фарҳанг бурдаанд, на шамшеру ҷанг, боз ҳам барои ҷаҳони муосири мо хеле ибратомӯз аст. Чуноне ки маълум аст, имрӯзҳо шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба хориҷи кишвар сафарҳои хидматӣ мекунанд ё ба саёҳат мераванд. Қисмате аз ҳамватанони мо дар кишварҳои гуногун ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ муваққатан иқомат доранд. Ва табиист, ки ҳамаи ин фурсати муносибе барои чунин шахсон аст, то ба мисли Мавлонои Балхӣ, шогирдон ва ҳамақидаҳои ӯ таблиғкунандаи беҳтарин анъанаҳои фарҳангии мардуми тоҷик дар замони муосир бошанд. Чанд сухане, ки дар боло омад, ба куллӣ равшан месозад, ки таълимоти Мавлонои Балхӣ гуногунҷабҳа буда, масъалаҳои зиёди ҷовидонаро фаро мегирад. Ӯ на танҳо ақидаи гузаштагони худро ҷамъбасту хулоса кард, балки чунин масъалаҳоеро гузошт, ки дар таърихи афкори иҷтимоии аҳли башар нав буданд. Беҳуда нест, ки минбаъд дар илми ҷаҳонӣ чунин мавзӯъҳо, ҳам дар зери таъсири таълимоти Мавлоно, ҳам мустақилона, аз нав гузошта шуда, ҳалли худро ёфтанд. Муҳаққиқони имрӯз чунин масъалаҳои муҳимро, аз ҷумла, дар таълимоти Г. Гегел (1770-1831), Ч. Дарвин (1809-1882), М. Иқбол (1877-1938) ва мутафаккирони дигари шарқию ғарбӣ дидаанд. Ҳамаи ин баръало аҳамияти оламшумули таълимоти Ҷалолуддини Балхиро нишон медиҳад. Дар ҳақиқат имрӯз на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб низ осори чопшудаи Ҷалолуддини Балхӣ харидорони зиёде дорад ва маълумоти зиёде дар бораи ҳаёт, фаъолият ва шеъри оламгири ӯ пайваста нашр мешавад ё тавассути ҳазорон саҳифаҳои интернетӣ паҳн мегардад. Аз замони худи мутафаккир дар байни мардум балхихонӣ (румихонӣ, шамситабрезихонӣ) ҳамчун ҳофизхонӣ шуҳрат пайдо карда буд ва имрӯзҳо ҳам ин кор идома дорад. Ғазалҳои ширадори ӯро, ки бо забони ноби тоҷикӣ садо медиҳанд, чи овозхонони мардумӣ ва чи оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд ва мардум аз онҳо ҳаловат мебаранд. Шахсият ва мероси мутафаккир боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз тарафи рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлоно Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст. Сазовори таъкид аст, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фарзанди замонааш буд ва дар таълимоти ӯ воқеияти ҳамин даврон, дақиқтараш, муҳит ва шароити хоси асрҳои миёна таъсири бузурге дорад. Вале ҳамчун донишманди нобиға ӯ ба мисли мутафаккирони дигари ҳамрадифи худ масъалаҳоеро низ баррасӣ ва ҳаллу фасл намудааст, ки онҳо дар ҳар давру замон ҷой дошта, инсониятро ҳамчун мавзӯъҳои абадӣ ором намегузоранд. Имрӯз мо бояд маҳз ҳамин ҷанбаҳои ҳаёт ва фаъолияти чунин абармардонро биёмӯзем ва дар амалияи ҳаррӯзаи иҷтимоию фарҳангии худ мавриди истифода қарор бидиҳем.

мегузорад. Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо нури маърифат дар Ҳинду Чину Арабу Аҷам, ба қавли аллома Иқбол, бо ҳунарҳои ғарибу дилпазири худ аз илму санъату тазҳибу дин як Эрони Сағирро бунёд мениҳад. Барои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барин мутафаккирони равшанзамир омили маҳал вуҷуд надошт. Вай дар зодгоҳаш Ҳамадони Эрон ба камол расида, фаъолияти илмию адабӣ ва таълимиашро дар Хатлону Бадахшон, Ҳиндустону Покистон ва Бухоро идома додааст. Ӯ дар ин маҳалҳо на ҳамчун сайёҳи оддӣ, балки чун сафири илму адаб ва фарҳангу ҳикмат фаъолият менамуд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори гаронбаҳои худ, ки асоси онҳоро дарки дурусти масъалаҳои фалсафию ҳикмат ва ахлоқу адаб ташкил медиҳанд, дар тамаддуни Шарқ мақоми барҷаста дорад. Вай пеш аз ҳама мақому манзалати инсонро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, нақши ӯро дар ташаккул ва густариши амалҳои солеҳу созанда басо пурарзиш донистааст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо кӯшиши зиёди падари бузургвораш, ки яке аз шахсони бонуфуз ва соҳибмаърифати замон ба ҳисоб мерафт, аз овони хурдӣ ба омӯхтани Қуръон, илмҳои сарфу наҳв, шариат, калом, ҳикмат, ҳисоб, риёзӣ ва қироат машғул шуда, аз бузургтарин уламо ва донишмандони давр сабақ гирифт ва соҳиби донишу фазилат ва ҷаҳонбинии васеъ гардид. Ҳамин дониши васеъ ба ӯ имкон дод, ки дар давоми умри бобаракати худ аз рӯйи баъзе сарчашмаҳо 70 ва тибқи ахбори дигар 146 рисолаи хурду бузурги фалсафию адабӣ таълиф намояд, ки ба масъалаҳои муҳими фалсафӣ, тасаввуф, ҷараёнҳои он ва дигар масъалаҳои арзишманди ахлоқиву маънавӣ бахшида шудаанд. Донишу маърифати пурвусъати Амири Ҳамадонӣ номашро дар як давраи кӯтоҳ шуҳратёр намуд ва ақидаҳои вай дар тамоми қаламрави Эрон, як қисми Ҳиндустон, Покистон ва Арабистон паҳн гардида, дар ин кишварҳо мактабҳои бузурги пайравони ӯ таъсис ёфтанд. Шогирдону тарафдорони ин орифи покзамир биниши назарӣ ва ақидаҳои ирфонии ӯро такмил дода, мақом ва номи ӯро боз ҳам машҳуртар гардониданд. Шуҳрату мақоми бузурги Ҳамадонӣ Хуросону Мовароуннаҳрро низ фаро гирифта, баъди мусофираташ ба Машҳаду Ҳирот, Балх ва Хатлону Бадахшон дар ин ҷойҳо дилбохтагону муридон ва ҳамсафони зиёде пайдо менамояд. Амири Ҳамадонӣ баъди сафар ба диёри мардуми меҳмоннавоз ва фарҳангпарвари Хатлон, вохӯриву суҳбатҳо бо табақаҳои мухталиф ва шиносоиаш бо сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб дар ин макон маҳбубияти боз ҳам бештар пайдо карда, ин ҷойро ҳамчун маркази таблиғи ақидаҳои ирфонии худ интихоб менамояд ва чанд муддат дар ин макон ба корҳои таълимиву маърифатӣ машғул мегардад. Сипас боз ба мусофират баромада, дар шаҳру вилоёти мухталиф бо орифону донишмандони зиёде вохӯрда, бо онҳо баҳсҳо меорояд ва оқибат дар музофоти Ҳунари Афғонистон вафот мекунад. Шогирдону муридони содиқи вай тибқи васияташ ҷасади ӯро ба Кӯлоб меоранд ва дар ин шаҳр ба хок месупоранд. Аз соли 1386, яъне аз охири асри XIV то ба имрӯз шаҳри Кӯлоб ва мардуми тоҷик манзили охирати ин бузургмарди Машриқзаминро гиромӣ дошта, ба шахсият ва осораш эҳтирому эътиқоди хосса мегузоранд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо фазилатҳои неки инсонӣ ва дониши васеи худ дар сарзамини тоҷикон тарафдорон ва шогирдони зиёде пайдо намуда, дар тарбияи онҳо нақши сазовор гузошт ва ба ин васила номи худро дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон гардонид. Пеш аз истиқлолияти давлатӣ бо шахсият ва осори Алии Ҳамадонӣ танҳо як гурӯҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд. Аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Ҳукумати кишвар доир гардидани ҷашни 680-солагӣ ва 700-солагии ин шахсияти бузург номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард. Имрӯзҳо осори ӯ ба забонҳои мухталифи дунё чоп шуда, ақидаҳои инсондӯстонааш писанди дӯстдорони ҳикмату адаб ва ирфону тасаввуф гардидаанд. Амири Ҳамадонӣ дар шинохти назарияи маърифат ва тариқат ислоҳоти куллӣ ворид намуда, дар ин ҷода дараҷаи ҳакими беназирро соҳиб шуд. Ӯ дар заминаи ин биниши фалсафӣ ба моҳият ва ҳақиқати умри инсонӣ баҳои сазовор дода, роҳҳои расидан ба саодати дунявиро равшан намудааст. Боиси таъкид аст, ки донишманд илмро асоси пешрафти зеҳнияти инсон дониста, онро пояи ташаккули сифатҳои дигари хулқи инсонӣ медонад. Амири Ҳамадонӣ доир ба қадру манзалати волидайн низ панду таъкидҳои зиёди ҳакимона дорад, ки дар миёни халқи тоҷик моҳияти худро то ба ҳол гум накардаанд. Зеро мардуми мо ба қадри падару модар расиданро беҳтарин шарафи инсонӣ медонанд, ҷойгоҳи онҳоро муқаддас ва мақомашонро азиз медоранд ва ба волидайн хизмат карданро қарзи фарзандӣ ва ойини ҷавонмардӣ мешуморанд. Амири Кабир мақоми оиларо низ муқаддас мешуморад. Вай дар миёни зану мард шартҳои воқеӣ гузошта, риоя ва иҷрои онҳоро вазифаи ҳар ду тараф медонад. Донишманд барои марду зан муоширати хуб, сиёсати дуруст, ғайрати дучанд, таъмини дурусти нафақа ва таълими солеҳро шарти зарурӣ дониста, бетафовут набудан ба қисмати ҳамдигарро махсус таъкид месозад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тарбияи маънавии инсонро ҳамчун рукни боэътимоди ташаккули шахсият муҳим шуморида, дар бештари рисолаҳояш масъалаҳои ахлоқиро тавзеҳ медиҳад. Вай тарбияро рукни камолоти инсон шуморида, онро асоси пойдориву устувории хонавода маънидод менамояд: «Чун тифлро аз аввал бад-ин тартиб тарбият кунанд, вақте ба ҳадди балоғат расад, баракати он ба зоҳиру ботини ӯ зуҳур кунад. Агар ҳамчунин кардӣ, наҷот ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ… ”. Дар баробари ин ҳаққу ҳуқуқи фарзандро муайян намуда, ӯро амонати Ҳақ мешуморад ва тарбияву таълимашро вазифаи муқаддаси падару модар медонад ва дар ин мавзӯъ ривоятҳои зиёд оварда, аз ҷумла таъкид менамояд, ки "аз ҳама бештар модару падар ва устоду омӯзгор дар савоби фарзандон шарик мебошанд ”. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тарбияро ҷавҳари маънавияти инсон шуморида, одамонро ба раиятпарвариву қадршиносӣ, саховатмандиву хайрхоҳӣ ва даҳҳо амали солеҳи дигар даъват менамояд ва дар замири хонандааш ҳусни садоқат ба бузургон, пирон ва волидайн, хешу таборро бештар мегардонад. Вай дар асарҳои худ инчунин доир ба адлу эҳсон, усули давлатдорӣ, фазилатҳои роҳбарӣ ва муносибат бо раият муфассал андеша ронда, доир ба ин масъалаҳо ҳамчун як ҷомеашинос ва файласуфу сиёсатшиноси одилу оқил изҳори назар менамояд. Алии Ҳамадонӣ баъди азият ва мушкилоти зиёде, ки дар зиндагиаш рӯ ба рӯ шуд, ба хулосае омад, ки барои ҷомеа ва инсоният сулҳ ва оромиш нақши арзанда дорад. Аз ин рӯ, вай фарҳанги сулҳро таблиғ карда, хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйию муттаҳидӣ мебошад. Бо ин мақсад ӯ дар асарҳояш ҳикмати мадороро ташвиқ карда, таҳаммулгаройиро воситаи муҳими ҳалли ҳар гуна низоъ медонад. Барои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тафриқаи мазҳабӣ, нажодӣ ва милливу фарҳангӣ бегона мебошад ва дар тафаккури иҷтимоии ӯ баробарии равияву ҷараёнҳои мазҳабӣ дар эътиқоду эҳтироми Ҳақ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар назди ӯ намояндагони дину мазҳаб, қавму миллат, ҳиндуву мусалмон, шиаву суннӣ баробар буда, касонеро, ки миёни онҳо фарқ мегузошт, сахт мазаммат мекунад ва ихтилофи “мову манеро дур шудан аз ҷамоли Ҳақ медонад. Ин таъкиди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардааст. Зеро “мову ман”, “куфру имон” ва “бидъату суннат” гуфтанҳои бархе аз мусалмонон дар баъзе кишварҳои олам, мисли Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, Миср ва Афғонистон оқибатҳои нангинеро пеш овардааст, ки имрӯз тамоми дунё аз он нигаронӣ менамояд. Аз ин рӯ, мо бояд таъкидҳои ҳакимонаи Амири Ҳамадониро сабақи зиндагӣ ва кору фаъолияти худ қарор диҳем ва ҳаргиз нагузорем, ки дар сайёра ихтилофу низоъҳои нав сар зада, боиси халалдор гардидани сулҳу субот шаванд. Дар шароите, ки равияҳои тундгаро ва низоъҳои диниву мазҳабӣ дар баъзе манотиқи дунё торафт вусъат меёбанд, ақидаҳои мутафаккирони гузашта, амсоли Амири Ҳамадонӣ арзиши бештар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ зиёиён ва олимону донишмандон, уламои динӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар асоси андешаҳои ҳакимонаи ин қабил донишварон ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти хурофотпарастӣ, экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои нангин садо баланд кунанд ва барои дар зеҳни мардум, хусусан наврасону ҷавонон ташаккул додану решадор сохтани ғояҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгаройӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мунтазам кор кунанд. Рисолат ва вазифаи муқаддаси аҳли зиё дар чунин марҳалаҳои муҳиму ҳассос маҳз аз он иборат аст, ки аҳли ҷомеаро ба роҳи росту дуруст, ба шинохти ҳақ аз ботил ва ба сӯйи ободиву пешрафт ҳидоят намоянд ва дар ин роҳ дар навбати аввал худашон пешраву намуна бошанд. Барои ҳамин онҳоро аҳли зиё, яъне аҳли рӯшноӣ ва равшанкунандаи роҳи дигарон мегӯянд. Хизмати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рушди адабиёти классикии тоҷику форс низ бузург буда, офаридаҳои ӯ намунаи беҳтарини осори лирикии ирфонӣ ва ахлоқӣ ба шумор мераванд. Ӯ дар ин ҷода анъанаи донишмандони барҷастаи Шарк Шайхурраис Абӯалии Сино, Умари Хайём, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳаким Саноӣ, Шайх Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва дигаронро идома додааст. Дар ашъори Амири Ҳамадонӣ инъикоси масъалаҳои ахлоқу тасаввуф, маърифату маънавият, мақому манзалати инсон ва тараннуми ишқи илоҳиву инсонӣ ҷойи сазовор дорад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шеърро воситаи муносибу мувофиқи баёни андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқиву иҷтимоии худ қарор дода, ҳамчунин дар рушду густариши забон ва адабиёти тоҷику форс хизмати шойистаеро ба анҷом расонидааст. Дар ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оҳанги ирфонӣ бо андешаҳои таълимӣ хуб омезиш ёфта, ифодаҳои рамзӣ, андарзҳои ҳаётӣ ва тараннуми кирдору амалҳои шойиста хеле зиёд ба назар мерасанд ва онҳо бо мақсади дуруст таълим додани инсон ва боиффату қаноатпеша ба воя расидани вай таълиф шуда, ҳамчун дурри маънавӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии инсон хизмат менамоянд. Фархунда бод рӯҳи бузургони миллат, офарандагони осори бегазанди маънавӣ ва ситойишгарони ахлоқу адаб! Бигзор, ҳамеша илм собитқадам, маърифат пешқадам, маънавият бобарор ва фарҳанги миллӣ пойдору устувор бошад!