Пурсишнома

Вобаста ба таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав

Махфияти Пурсишнома нигоҳ дошта мешавад

Кушодани пурра

    Андозсупорандаи муҳтарам,

     Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10.05.2019 баён гардидаанд, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.2019, №АП -1236 дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав таъсис дода шудааст.

    Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо мақсади муайян намудани андешаҳои шаҳрвандон - андозсупорандагон, субъектҳои соҳибкорӣ, ташкилоту муассисаҳо оид ба камбудӣ ва норасоиҳои дар Кодекси андози амалкунанда ҷойдошта ва дар таҳрири нави Кодекси андоз бартараф намудани онҳо таклифу пешниҳодҳои худро тибқи пурсишномаи мазкур ба Кумитаи андоз ирсол намоед.

    Таклифу пешниҳодҳои Шумо гуруҳбандӣ карда шуда, ҳангоми таҳия ва таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав дар Гуруҳи кории байниидоравӣ баррасӣ карда мешаванд.

    Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки посухҳои худро ба Пурсишнома то 01.09.2019 пешниҳод намоед.

    Эзоҳ:Барои иштироки фаъолонаатон дар Пурсишнома изҳори сипос менамоем.

1. Аз нигоҳи Шумо кадом муқаррароти Кодекси андози амалкунанда садди роҳи пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ гардидааст ва ё барои рушди он монеа эҷод намуда истодааст?
Номгӯи сархат, қисм, моддаи Кодекси андоз
Шарҳи ҳолатҳое, ки боиси садди роҳи пешрафти рушди) фаъолияти Шумо гардида истодааст (дар Кодекси андози амалкунанда)
Пешниҳод барои бартараф кардани ҳолати ҷойдошта дар таҳрири нави Кодекси андоз
Асосноксозии пешниҳод
2. Кадом муқаррароти Кодекси андози амалкунанда миёни андозсупорандагон ва мақомоти андоз нофаҳмиҳоро ба миён меоранд.
Номгӯи сархат, қисм, моддаи Кодекси андоз, ки дар он нофаҳмӣ ё номуайянӣ ҷой дорад
Бо кадом сархат, қисм, моддаи дигари Кодекси андоз мухолифат менамояд
Пешниҳод барои бартараф кардани мухолифат ва номуайянӣ
Асосноксозии пешниҳод
3. Дар ҳисоб ва пардохти андозҳо чӣ мушкилиҳо доред?
Мушкилиҳои ҷойдошта
Заминаи ба миён омадаи мушкилиро дар чӣ мебинед?
Пешниҳод барои бартараф кардани мушкилиҳо
4.Нисбати номгӯи андозҳои амалкунанда ва меъёрҳои онҳо фирку андешаҳои худро баён намоед?
5. Андешаҳои Шумо оид ба корҳои назоратии мақомоти андоз (санҷишҳои ҳуҷҷатӣ ва амалиётии андоз, назорати камералӣ, муоинаи хронометражӣ).
6.Барои пешгирии иқтисоди пинҳонӣ (фаъолияти соҳибкории ғайрирасмӣ), дар асоси қонунгузорӣ ба роҳ мондани андозбандии савдои электронӣ чӣ гуна таклифҳо доред? Вобаста ба пешгирии иқтисоди соягӣ дар Кодекси андоз дар таҳрири нав кадом муқаррарот пешбинӣ карда шавад?
7. Дар таҳрири нави Кодекси андоз маъмурикунонии андоз, аз ҷумла хизматрасониҳои мақомоти андоз ба андозсупорандагонро, чӣ гуна дидан мехоҳед?

Эзоҳ: Тибқи муқаррароти Кодекси андоз маъмурикунонии андоз маҷмӯи чораҳои аз ҷониби мақомоти андоз амалишавандаи назорати андоз, маҷбуран ситонидани андоз нисбат ба ӯҳдадории андози дар мӯҳлаташ иҷронашуда, инчунин хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ба ҳисоб меравад.

8. Пешниҳод аст, ки барои тибқи қонунгузорӣ пеш набурдани ҳисобдории муҳосибӣ дар қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пурзӯр карда шавад? Ба андешаи Шумо оё дар Кодекси андоз дохил намудани муқаррароти нав оид ба ҳамин масъала зарурат дорад?
9. Дигар пешниҳодҳои Шумо барои таҳрири нави Кодекси андоз.
Рамзи ҳимоявиро ворид намоед!