Пурсишнома

Оид ба муайян намудани риояи тартиби гузаронидани назорати камералӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз

Махфияти Пурсишнома нигох дошта мешавад

Кушодани пурра

     Тибқи муқаррароти моддаи 37 Кодекси андоз назорати камералӣ шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда, маълумоти дар мақоми андоз мавучудбуда ва дигар ҳуҷҷатҳо бе рафтан ба маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда, бо мақсади огоҳ намудани андозсупоранда аз эҳтимолияти қонунвайронкунии андоз ҷиҳати мустақилона ислоҳ ва пешниҳод намудани эъломияи иловагии андоз ва расонидани ёрии амалӣ дар таъмини қонунгузории андоз, анҷом дода мешавад.

    Андозсупоранда метавонад дар мӯҳлати 10 рӯзи корӣ тавзеҳот, ҳуҷҷатҳо ва (ё) эъломияи иловагии андозро пешниҳод намояд. Дар сурати пешниход нашудани тавзеҳот, ҳуҷҷатҳо ва (ё) эъломияҳои иловагӣ корманди мақомоти андоз ӯҳдадор аст санади назорати камералӣ тартиб дода аз натичаи он карори дахлдор кабул намояд.

    Гузаронидани назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмӯию мавзӯии гузаронидашуда, такроран гузаронидани назорати камералӣ, инчунин зиёда аз як маротиба дар шаш моҳи тақвимӣ гузаронидани назорати камералӣ манъ аст, ба истиснои назорати камералие, ки дар ҳолати зарурӣ тибқи супориши хаттии Раиси Кумитаи андоз таъин мегардад.

Оё Шумо дар бораи талаботи Кодекси андоз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он назорати камералии андоз гузаронида мешавад, огоҳ хастед?
Дар фаъолияти Шумо дар 5 мохи соли 2019 аз ҷониби мақомоти андоз чанд маротиба назорати камералӣ гузаронида шудааст?
Дар 5 мохи соли 2019 аз натиҷаи назорати камералӣ ба Шумо чанд маротиба огоҳинома ирсол карда шуд?
Ҳангоми гузаронидани назорати камералӣ чанд маротиба ба макомоти андоз даъват шудааед?
Натиҷаи гузаронидани назорати камералӣ ва пешниҳоди огоҳинома оиди ислоҳи камбудиҳо асоснок аст, оё аз он қаноатманд ҳастед?
Рафтори кормандони мақомоти андозро хангоми гузаронидани назорати камералӣ чӣ тавр арзёбӣ менамоед?
Таклифу пешниходи иштироккунандаи пурсишнома
Барои самаранок ба рох мондани корҳои назоратии мақомоти андоз ва бехтар намудани сифати он, таклифу пешниҳоди худро баён намоед.
Рамзи ҳимоявиро ворид намоед!