Муҳокимаи масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар Кумитаи андоз

    Санаи 13 июни соли 2026 дар Кумитаи андоз ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар он муовини Раиси Кумитаи андоз Раҳимзода Абдусалом, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия — Раҳмонзода Фаромарз ва Асламзода Фарҳод, инчунин сардорони раёсатҳо, муовинони сардор ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказӣ (ҳузурӣ) иштирок намуданд. Ҳамзамон, сардорон, муовинон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони масъули мақомоти ҳудудии андоз, ҷамъ 288 нафар, ба тариқи маҷозӣ (онлайн) дар ин ҷаласа ширкат варзиданд.

    Дар ҷаласаи корӣ пешниҳодҳои Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба амалисозии марҳилаи дуюми «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (барои солҳои 2026-2030) таъкид гардид.

    Муовини Раиси Кумитаи андоз Раҳимзода Абдусалом қайд намуд, ки дар Кумитаи андоз ҷиҳати пешгирии коррупсия ба таври мунтазам корҳои муайян анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, ҳамасола бо фармоишҳои дахлдори Кумитаи андоз нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия қабул ва амалӣ карда мешавад.

    Намояндагони Агентӣ дар баромади худ таъкид доштанд, ки муқовимат бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ на танҳо вазифаи кормандони мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд мебошад.


    Дар аснои чорабинӣ байни иштирокчиён доир ба раванди муқовимат ба коррупсия, аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда, баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ муколамаи судманд сурат гирифт. Иштирокчиёни ҷаласа ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.