Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои мудирияти Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия мулоқот намуд.
Рузи 11 майи соли 2026 дар шаҳри Брюссел, дар доираи сафари корӣ, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Раиси Шӯрои Мудирияти Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия ҷаноби Филип Ван де Велде мулоқот анҷом дод.
Мулоқот дар доираи сафари омӯзишӣ дар қароргоҳи Хадамоти давлатии федералии молия дар шаҳри Брюссел, баргузор гардид, ки он аз ҷониби Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия ва Хазинаи байналмилалии асъор ташкил карда шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои мубрами маъмурикунонии андоз, ислоҳоти низоми андози ду кишвар, идоракунии қарзҳои андозӣ, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти андози Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло Муқим дар ҷараёни мулоқот ҷониби Белгиявиро бо натиҷаҳои асосии ислоҳоти андозии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир амалишаванда шинос намуд. Инчунин, дар мулоқот ба масъалаҳои рақамикунонии соҳаи андоз таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти идомаи чунин мулоқотҳоро ҳамчун омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи босамари ташаббусҳои муштарак таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди устувори соҳаи андоз ва иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад намуд.
