Вохӯрии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Давлатзода Нусратулло Муқим бо роҳбари навтаъини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сафир Радослав Дарски

14 апрели соли 2026 дар бинои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо роҳбари навтаъини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафир Радослав Дарски баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Раиси Кумитаи андоз Сафири Иттиҳоди Аврупоро ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба Ӯ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул барору муваффақиятҳо хоҳон шуд.

Зимни идомаи мулоқот, Ҷаноби Сафир иброз дошт, ки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ диққатҷалбкунанда буда, дар маҷмӯъ нисбат ба дастовардҳои иқтисодии кишвар таассуроти мусбӣ ҳосил кардааст.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаи маъмурикунонии андоз мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар навбати худ, Раиси Кумитаи андоз омодагии мақомоти андозро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд, идомаи муколамаи созанда ва татбиқи минбаъдаи ислоҳот дар ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалӣ иброз намуд.



Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти идомаи чунин мулоқотҳоро ҳамчун омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи босамари ташаббусҳои муштарак таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди устувори соҳаи андоз ва иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад намуд.