Вохўрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти андоз

    Санаи 20 ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи андоз вохўрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти андоз баргузор гардид.


    Дар вохўрӣ, ки бо иштироки муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон, сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон Акмалзода Нодир Носир ва доираи васеи кормандони мақомоти андоз баргузор гардид, масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия, татбиқи дурусти қонунгузории ҷорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда баррасӣ гардид.


    Муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон қайд намуданд, ки мақомоти андоз бо мақсади пешгирии содиршавии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ, мустаҳкам намудани боварии шаҳрвандон ва андозсупорандагон ба фаъолияти шаффофи мақомоти андоз пайваста чораҳои зарурӣ ва пешгирикунандаро роҳандозӣ намуда, дар ин замина бо фармоишҳои дахлдори Раиси Кумитаи андоз як қатор фармоишҳо ва мактубҳои дастуриву тавзеҳотӣ қабул ва тасдиқ карда шудаанд, ки ҷиҳати пурзўр намудани муқовимат бо коррупсия, пешгирии ҳолатҳои бархурди манфиатҳо ва дигар омилҳо, ки раванди кор ва иҷрои вазифаҳои қонунии кормандони мақомотро халалдор месозанд, мусоидат менамоянд.


    Қайд карда шуд, ки дар ин радиф, гузаронидани чунин вохўриҳо ба паст намудани шиддати коррупсия ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб нақши муҳим мебозад.


    Дар идомаи вохўрӣ сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ Акмалзода Н.Н. баромад намуда қайд намуданд, ки муқовимат ба коррупсия на танҳо вазифаи кормандони мақомоти Агентӣ, балки вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмўъ ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.


    Дар баробари ин, дар вохўрӣ вобаста ба татбиқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия аз ҷумла, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори Ҷукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ба иштирокчиёни вохўрӣ тавсияҳои судманд ироа гардид.


    Зикр гардид, ки солҳои охир дар кишвари мо дар самти мубориза бо коррупсия дигаргуниҳои мусбӣ ба амал омада, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ, таъмини муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия ва баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои дахлдор роҳандозӣ шуда истодааст.


    Дар ин ҷода бояд тазаккур дод, ки кормандони мақомоти андоз дар баробари вазифаҳои муҳими бар дўш доштаашон, ҳамзамон дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсиони аҳолӣ саҳми бевосита ва назаррас гузошта, дар ин самт нақши ҳар як корманди соҳа ҷиҳати муқовимат ба коррупсия зимни амалигардонии уҳдадориҳои хизматӣ дар самти иҷрои қонунгузории андоз беандоза муҳим мебошад.


    Дар фароварди вохўрӣ, муовини Раиси Кумитаи андоз зикр намуданд, ки мақомоти андоз - ҳамчун субъекти дар муқовимат ба коррупсия иштирокунанда ҷиҳати пурзур намудани фаъолияти худ дар самти мубориза бар зидди коррупсия, маҳдуд намудани омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандон, татбиқи дурусти муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваста гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар фаъолияти мақомоти андоз тадбирҳои иловагӣ меандешад.