Оид ба баҳогузории низоми маъмурикунонии андоз тибқи Стандартҳои TADAT
Аз санаи 17 сентябр то 1 октябри соли 2025 бо дастгирии техникии Хазинаи Байналмилалии Асъор (минбаъд - ХБА) ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузории низоми маъмурикунонии андоз тибқи Стандартҳои воситаи ташхис ва баҳогузории маъмурикунонии андоз (минбаъд – баҳогузории TADAT) баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки баҳогузории TADAT дар доираи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2029, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2023, №594 қабул шудааст, барои муайян намудани тарафҳои мусбӣ ва манфии маъмурикунонии андоз равона гардида, ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва баланд бардоштани сатҳи шаффофияти фаъолияти мақомоти андоз мусоидат менамояд.
Баҳогузории TADAT бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ бо роҳбарии Стоян Марков-мушовири Департаменти фискалии Хазинаи Байналмилалии Асъор гузаронида шуд.
Коршиносони ХБА бо Раиси Кумитаи андоз муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим вохӯрӣ намуда, оид ба баҳогузории TADAT маълумоти мухтассар пешниҳод намуданд.
Зимни баҳогузории TADAT, Нусратулло Муқим қайд намуд, ки фаъолияти мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тибқи стандартҳои TADAT баҳогузорӣ карда шуд ва он имконият дод, ки самтҳои ниёз ба ислоҳот дар фаъолияти мақомоти андоз муайян шуда, такмил дода шаванд. Изҳори умед карда шуд, ки фаъолияти мақомоти андоз аз рӯи стандартҳои TADAT барои соли 2025 низ воқеъбинона баҳогузорӣ карда мешаванд ва он имконият медиҳад, ки Кумитаи андоз камбудиҳои мавҷударо ислоҳ намуда, маъмурикунонии андозро боз беҳтару хубтар намояд.
Рузҳои 17-25 сентябри соли ҷорӣ бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Кумитаи андоз муҳтарам Солеҳзода Аюбҷон Маруф сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи андоз, Раёсати андози андозсупорандагони калон, Раёсати андози шаҳри Душанбе вобаста ба 9 самти асосии баҳогузории TADAT, аз ҷумла ягонагии махзани иттилоотии андозсупорандагон, идоракунии хавфҳои андозӣ, мусоидат намудан ба иҷрои ихтиёрии қонунгузории андоз, саривақт пешниҳод намудани эъломияҳо ва пардохти андозҳо, дурустии маълумотҳо дар эъломияҳои андозӣ, ҳалли баҳсҳои андозӣ, идоракунии даромадҳо, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият ба коршиносони байналмилалӣ маълумоти муфассал ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, коршиносони ХБА бевосита ба Раёсати андози андозсупорандагони калон, Раёсати андози шаҳри Душанбе, нозиротҳои андози ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Шоҳмансур, Маркази тамоси Кумитаи андоз ташриф оварда, бо сохтор, самтҳои фаъолият, равандҳои хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, тартиби гузаронидани корҳои назоратӣ ва бо модулҳои Системаи иттилоотии идоракунии андозҳои мақомоти андоз аз наздик шинос шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки зимни баҳогузории TADAT коршиносони ХБА бо роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба фаъолияти мақомоти андоз вохӯрӣ намуданд.
Дар назар аст, ки натиҷаҳои баҳогузории TADAT дар таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 истифода бурда мешавад ва ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, самаранокӣ ва эътимод ба низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.