×
Утоқи шахсӣ
 Пардохти андозҳо ва боҷҳо
 Колл центр 151
GERB
Кумитаи андози
назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият


Давлатзода Нусратулло Муқим
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 январи соли 1962 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2006 Академияи хизматии давлатии Русияи назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1978-1982 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.

Солҳои 1982-1987 – нозир оид ба маблағгузории хоҷагии қишлоқи шуъбаи молияи ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб.

Солҳои 1987-1989 – сармуҳосиби Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб.

Солҳои 1989-1990 – муовини Раиси Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб

Солҳои 1990-1991 – тафтишотчии пешбар, сартафтишотчии Иттиҳодияи истеҳсоли меваю сабзавоти «Кӯлоб»-и вилояти Кӯлоб.

Солҳои 1991-1992 - мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисоботу тафтишотии Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб.

Солҳои 1992-1995 – директори Идораи ҳисоби хоҷагии савдои «Марҳабо»-и вилояти Хатлон.

Солҳои 1995-1997 – сардори шуъбаи савдои Базаи ҷумҳуриявии яклухтфурушии «Тоҷик-баққолисавдо».

Солҳои 1997-1998 – сарревизор-назоратчии Раёсати санҷиш ва назорати молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1998-1999 – нозири калони андози Идораи санҷиши андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1999-2000 – сардори Идораи ташкили андози Кумитаи андози вилояти Ленинобод.

Солҳои 2000-2002 – сардори Идораи Ленинободии Нозироти андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2002-2006 – сардори Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2006-2009 – муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 16 январи соли 2009 – Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Биография

Солеҳзода Аюбҷон Маруф
Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 майи соли 1968 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1985-1986 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин.

Солҳои 1986-1988 – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ.

Солҳои 1988-1992 – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин.

Солҳои 1992-1993 – референт-иқтисодчӣ Ҷамъияти саҳомии биржаи агросаноатии «Шамъ» - и Тоҷикистон

Солҳои 1993-1995 – нозири андози шуъбаи пардохтҳо аз корхонаҳои давлатӣ, иҷоравӣ, муштарак ва дигар даромадҳои Нозироти давлатии андозҳои ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе.

Солҳои 1995-2001 – сардори шуъбаи ҳисобу таҳлили андози Нозироти андоз дар ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе.

Солҳои 2001-2002 – сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андози Нозироти андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2002-2007 – сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андози Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2009 – сардори раёсати баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо таҳлил ва пешгӯии даромадҳои ҷории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 20 январи соли 2009 – муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Биография

Бахтиёр Султон
Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 апрели соли 1976 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, соли 2004 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва соли 2011 Академияи умумироссиягии давлатии андози Вазорати молияи Федератсияи Россияро бо ихтисосҳои иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос ва идоракунии давлатӣ – андозҳо ва андозбандиро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ: .

Солҳои 1993-1998 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

Солҳои 1998-2001 – нозири андози шӯъбаи ташкили андози Нозироти андози шаҳри Хуҷанд.

Солҳои 2001-2006 – сарнозири андози шуъбаи ташкили андозҳои Нозироти андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Солҳои 2006-2008 – сардори шӯъбаи хизматрасонӣ ва андозситонии субектҳои хурди соҳибкорӣ ва МНХ-и Раёсати андоз дар вилояти Суғд.

Солҳои 2008-2010 – сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.

Солҳои 2010-2011 – сардори раёсати андозбандии байналмилалии Кумитаи андози назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2011-2012 – сардори Раёсати ташкили ҷамъоварии андозҳои ғайримустақими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2012-2014 – сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2014-2015 – сардори Нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2015 (январ-июл) – сардори раёсати аудити дохилии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2015-2019 – сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд.

Аз 28 январи соли 2019 муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Биография

Маликзода Нарзулло Саймиддин
Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 сентябри соли 1962 дар шаҳри Бохтар таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1984 филиали Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе бо ихтисоси муаллими мактаби миёна ва соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1984-1987 – муаллими математикаи мактаби миёнаи №17 ноҳияи Панҷ.

Солҳои 1987-1990 – котиби Кумитаи комсоли колхози «Пограничник» ноҳияи Панҷ.

Солҳои 1990-1992 – мураббӣ-назоратчии Кумитаи комсомолии вилояти Қурғонтеппа.

Соли 1992 (феврал-декабр) – сармуҳосиби корхонаи хурди «Лайлӣ» дар ш. Қурғонтеппа.

Солҳои 1992-1993 – ҷонишини сармуҳосиби корхонаи хурди «Лайлӣ» дар ш.Қурғонтеппа.

Солҳои 1993 (май-декабрь) – директори муассисаи хурди муштараки «Лайлӣ» дар ш. Қурғонтеппа.

Солҳои 1993-1996 сармуҳосиби иттиҳодияи истеҳсолии «Ёқут»-и Ҷумҳурии тоҷикистон.

Солҳои 1996-1997 – муовини сармуҳосиби комбинати боигариҳои куҳии «Такоб»-и Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1997-1999 – сармуҳосиби комбинати боигариҳои куҳии «Такоб»-и Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1999-2002 – нозири калони андози шӯъбаи таҳлили ахборот ва назорати молияи Кумитаи андоз.

Солҳои 2002-2004 – нозири калони шӯъбаи тафтишоти мақомоти Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВДПД).

Солҳои 2004-2006 – нозири калони шӯъбаи ташкили ва бозрасии Идораи маҷмӯии ташкилию бозрасии ВДПД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2006-2007 – сармутахассис-сарнозири шӯъбаи бозрасии мақомоти андози Департаменти андози ВДПД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2008 – сармутахассис-сарнозири андози шӯъбаи аудити дохилии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2008-2009 – сардори шӯъбаи назорати истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва махсуси Раёсати аудити дохилии Кумитаи андоз.

Солҳои 2009-2010 – сардори Раёсати аудити дохилии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2010 (феврал-май) – муовини сардор, сардори шӯъбаи ташкили андозбандии субъектҳои соҳибкории миёна, супорандагони андоз аз арзиши иловашудаи Раёсати андоз дар ш.Душанбе.

Соли 2010 (май-декабр) – сардори Раёсати методология ва такмили маъмурияти андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2010-2012 – сардори шӯъбаи назоратии Раёсати андоз дар вилояти Суғд.

Солҳои 2012-2014 – сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд.

Солҳои 2014-2015 – сардори Нозироти андозсупорандагони калон дар вилояти Суғд.

Соли 2016 (январ-май) – сардори раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз.

Солҳои 2016-2017 – сардори Нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2017 (июн-октябр) – муовини сардор - сардори шуъбаи аудити Нозироти андозсупорандагони калон.

Солҳои 2017-2018 – муовини сардор, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андозсупорандагони калон.

Соли 2018 (август-сентябр) – муовини сардор, сардори шуъбаи аудити Нозироти андозсупорандагони калон.

Солҳои 2018-2019 – сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2019 (январ-июн) – сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 11 июни соли 2019 муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Биография

Раҳимзода Абдусалом
Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 сентябри соли 1968 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Соли 1985 (январ-май) – коргари совхози ба номи Амиршоеви ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон.

Солҳои 1985–1986 – хонандаи мактаби муҳосиботи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.

Солҳои 1986-1988 – хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ.

Соли 1989 (03-08) – коргари совхози ба номи Амиршоеви вилояти Кӯлоби вилояти Хатлон.

Солҳои 1989-1990 – шогирди устои комбинати абрешими шаҳри Душанбе.

Солҳои 1990-1992 – муҳосиби комбинати абрешимии шаҳри Душанбе.

Солҳои 1992-1993 – муовини сармуҳосиби ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1993-1994 – муҳосиби дараҷаи 2 Иттиҳодияи молҳои саноатии шаҳри Душанбе.

Соли 1994 (июн-декабр) – муҳосиби шӯъбаи таъминоти коргарони ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе.

Солҳои 1994-1996 - ҷонишини сармуҳосиби шӯъбаи таъминоти коргарони ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе.

Солҳои 1996-1999 – нозири андози шӯъбаи назорати андозсупорандагони азими Раёсати андозбандии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1999-2000 – нозири андози шӯъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андози Нозироти андози андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2000-2001 – нозири калони андози шӯъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андози Нозироти андози андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2001-2002 – сарнозири андози шӯъбаи таъмини ҷамъоварии андозҳо ва барҳамдиҳии қарзҳои Нозироти андози андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2002–2005 – нозири андози шӯъбаи аудити Нозироти андози андозсупорандагони азими ВДПД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2005-2007 – сармутахассиси шӯъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андозҳои Нозироти андози андозсупорандагони калони ВДПД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2008 – сардори шӯъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андозҳои Нозироти андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2008-2009 – сармутахассиси шӯъбаи аудити Нозироти андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2009-2010 – сардори шӯъбаи Нозироти андози андозсупорандагони калони шаҳри Душанбеи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2010-2012 – сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Соли 2012 (май-октябр) – муовини сардор, сардори шӯъбаи ташкили андозбандии субъектҳои соҳибкории миёна, супорандагони ААИ Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе.

Солҳои 2012-2013 – сардори шуъбаи Нозироти андозсупорандагони миёна дар шаҳри Душанбе.

Солҳои 2013-2014 – сардори Нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд.

Соли 2014 (апрел-май) – муовини сардори Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2014-2015 – муовини сардори Нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2015 (апрел-июл) – муовини сардор, сардори шуъбаи ташкили андозҳои ғайримустақими Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2015-2017 – сардори Нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд.

Солҳои 2017-2018 – сардори Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2018-2019 – муовини сардори Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2019 (январ-июн) – сардори Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 11 июни соли 2019 муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Биография

Меликзода Каъбатулло Нарзулло
Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 ноябри соли 1972 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1990-1991 – муҳосиби Ширкати кооперати давлатии сохтмони Деҳотии ноҳияи Файзобод.

Солҳои 1991-1992 – хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ.

Солҳои 1992-1994 – нозири андози Нозироти давлатии андози ноҳияи Файзобод.

Солҳои 1994 – 1995 – мутахассиси дараҷаи якум оид ба кори ҳисобу китоби Нозироти давлатии андози ноҳияи Файзобод.

Солҳои 1995-2000 – нозири андози шӯъбаи андозситонии шаҳрвандон Нозироти андози ноҳияи Файзобод.

Солҳои 2000-2001 – нозири андози гуруҳи андозбанди аз шахсони ҳуқуқии шӯъбаи ташкили андози Нозироти андози ноҳияи Файзобод.

Солҳои 2001-2002 – сардори шуъбаи ҳисобу таҳлили андозҳои Нозироти андози ноҳияи Файзобод.

Солҳои 2002-2004 – сардори шӯъбаи ҳисобу таҳлили андоз, сармуҳосиби Нозироти андози ВДПД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод.

Солҳои 2004-2007 – сардори шӯъбаи баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо, пардохтҳо, қарзҳои андоз ва пешгуии онҳо-сармуҳосиби Нозироти андоз ВДПД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод.

Солҳои 2007-2007 – сармутахассиси, сарнозир, сармуҳосиби андози бахши баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо, пардохтҳо, қарзҳои андоз ва пешгуии онҳои Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод.

Солҳои 2007-2008 – сардори бахш, сармуҳосиби Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод.

Солҳои 2008-2010 – сармутахассиси Раёсати баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо ва технологияи иттилоотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2010-2012 – муовини сардори Раёсат, сардори шуъбаи коркарди маълумотҳои Раёсати баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо ва технологияи иттилоотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2012 (январ-сентябр) – сардори Раёсати баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо ва технологияи иттилоотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2012-2019 – сардори Раёсати баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 11 июни соли 2019 – муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Биография
©    Ҳамаи ҳуқуқ муалиф ҳифз мебошад
774018 | Ҷумҳурии Тоҷикистон | ш.Душанбе | кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2