Дар шаҳри Москва Ҷаласаи XXVI-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид





Рӯзҳои 18-21 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҷаласаи XXVI-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти андози Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатии Шӯро намояндагони мақомоти андози Озорбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Ҳайати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Кумита - Давлатзода Нусратулло Муқим роҳбарӣ намуд.

Кори ҷаласаро Роҳбари Хадамоти федералии андози Федератсия Россия Михаил Мишустин ва Муовини якуми Раиси Ҳукумат – Вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов бо суханҳои ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки мавриди муҳокимаи роҳбарони мақомоти андози кишварҳои ИДМ қарор гирифт ин “Таъсири иқтисоди рақамӣ ба рушди низоми андозбандӣ дар кишварҳои ИДМ” буд.

Бо мақсади васеъ намудани ҳамкорӣ ва таҳким бахшидан ба ҳамкории минтақавӣ дар ҷаласа ба ҳайси нозир намояндагони мақомоти андози Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ташкилотҳои байналмилалии Комиссияи Авруосиёгии Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (OECD), Созмони Дохилиаврупоии мақомоти андоз (IOTA), Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо иброз доштанд, ки ҳамкории мақомотҳои андози давлатҳо аъзои ИДМ ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳимми фаъолияти минбаъдаи мақомоти андоз дар доираи Шӯро самаранок ва муфид мебошад.

Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандии
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон