Хизматрасониҳои электронӣ дар Кумитаи андоз

         Санаи 21 майи соли 2019 дар толори видеоконференсияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳо муаррифии (презентатсияи) модулҳои электронии барномаи компютерии Системаи муттаҳидаи иттилотии идоракунии андозҳо доир ба «Хизматрасониҳои электронии Кумитаи андоз» баргузор гардид.

         Дар рафти муаррифӣ (презентатсия) қайд карда шуд, ки дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декбри соли 2011, №643 тасдиқ шудааст, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон ва бештар намудани намудҳои хизматрасониҳои электронӣ дар айни замон 36 адад номгӯи хизматарсониҳои электрониро пешниҳод намудааст, ки аз онҳо андозсупорандагон ва шаҳрвандон истифода намуда истодаанд.

         Аз ҷумла:

  • «Утоқи шахсии андозсупоранда» - барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андозӣ, азназаргузаронии ҳисобварақаҳо ва тартиб додани санади муқоисавӣ;
  • «Донистани рақами мушаххаси андозсупоранда» - барои муайян намудани рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • «Феҳристи ягонаи давлатӣ» - барои гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
  • «Портали хизматрасониҳои электронӣ» - барои аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз;
  • «Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ» - барои дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидор;
  • «Ҳисобнома – фактураҳои электронӣ» - барои дар шакли электронӣ таҳия намудани ҳисобнома – фатураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда;
  • «Онлайн номнавис намудан барои қабул» - барои дар низоми вақти мустақим номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз;
  • «Пардохти андозҳо» - барои бо истифода аз кортҳои бонкӣ пардохт намудани андозҳо;
  • «Ҳисобкунаки (калкулятори) андоз» - барои ҳисоб ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, андоз аз даромад ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул;
  • «Утоқи шахсӣ оиди лоиҳаҳои грантӣ» - барои аз ҷониби татбиқкунандагони Лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳои андозӣ;
  • «Андози даромад аз иҷора» - барои дар шакли электронӣ баҳисоб гирифтани иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул ва ғайраҳо.

         Модулҳои мазкур ба андозсупорандагон имконият медиҳанд, ки онҳо аксари амалҳои худро доир ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ба тариқи онлайн анҷом диҳанд.

         Дар семинар қайд гардид, ки дар маҷмуъ номгӯи хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешаванд, аз 2 намуд дар соли 2009 то 36 намуд дар соли 2019 оварда расонида шуд.

         Қобили зикр аст, ки барои андозсупорандагоне, ки ба шабакаи Интернет дастрасӣ надоранд, ё дорои малакаи кофии корӣ барои ба тариқи электронӣ пардохт намудани маблағи андозҳо нестанд, имкон фароҳам оварда шудааст, ки аз хизматрасониҳои утоқҳои алоҳидаи (терминалҳои) дар 26 мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо кушода шуда, ки бо компютерҳои ба шабакаи Интернет пайвастбуда, муҷаҳҳаз мебошанд, истифода намоянд. Дар утоқҳои (терминалҳои) мазкур кормандони алоҳида барои ба андозсупорандагон мусоидат намудан ҷиҳати истифодаи дурусти хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла пардохт кардани маблағи андозҳо, вобаста гардида, дар айни замон барои давра ба давра дар тамоми нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо кушодани чунин утоқҳои (терминалҳои) корӣ, чораҷӯӣ шуда истодааст.

         Дар семинар таъкид гардид, ки то охири соли 2019 аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз 20 адад модулҳои нави компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки мақсад аз омода ва мавриди амал қарор додани онҳо пеш аз ҳама беҳтар намудани маъмурикунонии андозҳо, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва содаву қулай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ барои андозсупорандагон мебошад.

         Дар рафти семинар ба иштирокчиён тартиби истифодабарии хизматрасониҳои электронӣ намоиш дода шуда, қайд гардид, ки Кумитаи андоз омодааст ба иқтисодиёти рақамӣ гузарад.

Хизматрасониҳои электронӣ дар Кумитаи андоз