Вохӯрии виртуалӣ дар доираи BRITACOM дар мавзуи вокуниш ба COVID-19 ва пешомадҳои BRITACOM


Санаи 2 июни соли 2020 бо мақсади мубодилаи афкор ва таҷриба аз ҷониби Котиботи BRITACOM (Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ») дар доираи BRITACОM дар мавзуи вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва пешомадҳои BRITACʘM вохӯрии виртуалӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ зиёда аз 120 намояндагони мақомоти фискалӣ, мушоҳидачиён, олимон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз 36 давлати дунё иштирок намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохўрӣ муовини якуми Раиси Кумита Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини Раис Маликзода Нарзулло Саймиддин ва муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ Хайриддинов Умедҷон иштирок намуданд.

Маърӯзачиён иштирокчиёнро бо тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи сиёсати молиявию андозӣ, ҷамъоварӣ ва маъмурикунонии андоз чиҳати вокуниш ба пандемия COVID-19 дар кишварҳои худ шинос намуданд.

Қайд карда шуд, ки сирояти нави коронавирус сарҳад надорад, аз ин рӯ, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо воситаи муҳими мубориза бар зидди он мебошад. Инчунин, намояндагон нақши назарраси технологияҳои муосири иттилоотӣ, платформаҳои табодули маълумот ва маъмурикунонии андозро бидуни тамоси ҷисмонӣ бо андозсупорандагон ҳангоми пандемия изҳор намуданд. Технологияҳои номбурда ба кормандони мақомоти андоз имкон дод, ки хизматрасонӣ ва иҷрои вазифаҳои худро пайваста тариқи фосилавӣ амалӣ намоянд.

Тадбирҳои андешидашуда ва дастгирии соҳибкорони давлатҳои аъзои BRITACʘM самараи худро дода ба коњиш додани таъсири манфии пандемия мусоидат намуд.

Қобили қайд аст, ки намояндагони якчанд ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд ба иштирокчиён тавсия намуданд, ки аз маводњои нашршуда ва ҳисоботњо оид ба 800 тадбирҳои беш аз 100 давлат ҷиҳати вокуниш ба COVID-19, ки дар вебсайти расмии созмони мазкур қарор дорад, барои корбарӣ истифода намоянд. Дар охир иштирокчиёни вохӯрии виртуалӣ омодагии худро барои ҳамкории боз ҳам наздик баён карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки Конфронси дуюми Форуми ҳамкории маъмуриятҳои андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ», ки баргузор гардидани он соли 2021 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст, дар шакли муқаррарӣ, яъне ғайривиртуалӣ доир гашта, дар он иштирокчиён имкон пайдо менамоянд, ки масъалаҳои рўзмарраи ҳамкориҳои минбаъда ва рушди маъмурикунонии андозро бевосита баррасӣ намоянд.