Хидматҳои навини Кумитаи андоз
барои пешниҳоди эъломияҳои хизматчиёни давлатӣ


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша хатар ва оқибатҳои харобиовари коррупсияро, алахусус дар системаи идоракунии давлатро таъкид намудаанд. Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 қайд намуданд, ки «Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад». Ва, яке аз чораҳои зиддикоррупсионӣ ин пешниҳод гаштани эъломияҳои хизматчиёни давлатӣ оид ба дарамад ва моликият мебошад.

Мақолаи иттилоотии мазкур ба яке аз хизматрасониҳои нав ва ҷолиб, ки имрўз аз ҷониби Кумитаи андоз ҷиҳати содда кардани раванди бақайдгирии эъломияҳои андози хизматчиёни давлатӣ анҷом дода мешавад, бахшида шудааст. Асоси хизматрасонии мазкур истифодаи манбаъҳои интернетии Кумитаи андоз мебошад ва он дар режими автоматӣ, содда ва мувофиқ барои корбарӣ пешниҳод карда мешавад ва механизми мазкур дар сомонаи расмии Кумитаи андоз ҷойгир карда шудааст. Сухан дар бораи механизми инноватсионии дар системаи муосири маъмурияти андоз истифодашаванда меравад, ки он яке аз чораҳои автоматикунонии бақайдгирии андозсупоранда аст ва манбаи иттилоотии бо номи «Дафтари шахсии андозсупоранда» таҳия карда шудааст.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, сарфа намудани вақти шаҳрвандон ва андозсупорандагон тибқи муқаррароти моддаи 51 Кодекси андоз ва «Тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои андоз дар шакли электронӣ»-иро бо Фармоиши Кумитаи андоз аз 26.01.2013, №2-Ф тасдиқ ва ҷорӣ намудааст. Барномаи компютерии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз аз даромади хизматчиёни давлатиро бо истифода аз манбаи интернетии «Утоқи шахсии андозсупоранда» сурат мегарад. Манбаи интернетии «Утоқи шахсии андозсупоранда» дар сомонаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.andoz.tj ҷойгир карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки таъсиси «Дафтари шахсии андозсупоранда» ҳамчун махзани иттилоотӣ таҳия карда шуд ва ҷой додани он дар сомонаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чораҳои муҳим дар занҷири умумии автоматикунонӣ ва соддагардонии расмиёт ва меъёрҳои қонунгузории соҳаи андозбандӣ маҳсуб меёбад ва, он ҳам барои андозсупоранда ва ҳам барои мақомоти андоз зарур ва муфид аст.

Дафтари шахсии андозсупоранда чун махзани иттилоотии дастрас фарогири ҷанбаҳои пурраи имкониятҳои функсионалии иттилоотӣ барои маъмурикунонии маҷрои иттилоотии Кумитаи андоз ва андозсупорандаҳо буда, имкони пешниҳод гардонидани ҷанбаи васеи веб-ҳизматрасониҳо, таъсиси модули махсус, ки робитаи мутақобилаи системаро бо дигар системаҳо ва қарорҳо аз рўйи принсипи ҳукумати электрониро дорад. Дафтари шахсии андозсупоранда бо мақсади татбиқи пурраи ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои андозсупорандагон ва мақомоти андоз, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, таъсис дода мешавад.

Дафтари шахсии андозсупоранда амали пешниҳод намудани эъломияи андозро аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ба таври назаррас осон менамояд ва ҳама андозсупорандагон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, ки ба сифати истифодабарандаи «Дафтари шахсии андозсупоранда» ба қайд гирифта шудаанд, метавонанд аз ин манбаи иттилоотӣ самаранок истифода кунанд. Бо истифода аз ин манбаи электронии интернетӣ на танҳо имкони пешниҳод намудани эъломияро дорад, балки онро метавон барои дастрас намудани ҳуҷҷат ва ё иттилооти зарурӣ аз мақомоти андоз ва дигар хизматрасониҳо ройгон ва осон истифода намоянд.

Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2005 № 289 хизматчии давлатӣ ўҳдадор аст, ки ҳар сол на дертар аз 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ ва шаҳрванд ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли зист эъломия оид ба андоз аз даромад ва вазъи молу мулкро пешниҳод намоянд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбаршуда муқаррар намудааст, ки пешниҳод накардани эъломияҳо ё дар он нишон додани маълумоти нодуруст барои аз хизмати давлатӣ озод намудани хизматчии давлатӣ ва ба хизмати давлатӣ қабул нагардидани шаҳрванд асос шуда метавонанд.

Инчунин, тибқи талаботи қисми 4 моддаи 156 Кодекси андоз мўҳлати пешниҳоди (қабули) эъломия оид ба андоз аз даромад то 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ муқаррар карда шуда, дар банди 2-и қарори мазкур мўҳлати пешниҳоди эъломияи мазкур барои шаҳрвандон ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Бинобар ин, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ метавонанд эъломия оид ба андози даромадро дар шакли электронӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.

Манбаи иттилоотии мазкур – «Дафтари шахсии андозсупоранда» махзани ҳамаҷониба ҳифзшаванда буда, аз воридшавӣ ва истифодабарии шахси бегона ба таври махсус муҳофизат карда шудааст. Системаи супоридани ҳисоботдиҳии электронӣ барои тамоми номгўи хизматрасониҳоро дар бар мегирад. Аз ҷумла, барои истифодабарандаи манбаи мазкур, махзани маълумоти ҳуқуқӣ - қонунгузории ҷорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, иттилоот ва амалиёт оид ба санади муқоисавӣ, иттилоот дар бораи қарзи андоз, дигар ҳуҷҷатҳои гуногуни бо системаи андоз вобаста буда, дастрас мебошад. Тамоми хизматрасонӣ дар реҷаи онлайн буда, ройгон ва бе ташриф овардан ба мақомони андоз сурат мегирад. Махзани маълумоти «Дафтари шахсии андозсупоранда» дар сомонаи www.andoz.tj ҷойгир аст.

Хадамоти минтақавии андоз низ вазифадор гардидаанд, барои бақайдгирии хизматчиёни давлатӣ дар ҳолати ба тариқи электронӣ пешниҳод гаштани эъломия оид ба андоз аз даромад, дар мўҳлати то 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ ва аз шаҳрвандон ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ дар давоми соли тақвимӣ тибқи тартиби нави муққарраргардида хизматрасонӣ намоянд.

Ҳамчунин, барои маълумот расонида мешавад, ки бо қарори мазкур мактуби дастурии Кумитаи андоз аз 04.02.2014, №1135/4.1 беэътибор дониста шудааст.