Самтҳои асосии ислоҳоти маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Самтҳои асосии ислоҳоти маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон





Раванди тақвияти иқтидори иқтисодию истеҳсолии кишвар ва омили таъсиррасони он беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, боз ҳам содда ва дастрас намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мебошад. Яке аз самтҳои асосии ислоҳоти системаи маъмурикунонии андоз роҳандозии системаи андоз дар асоси технологияҳои рақамӣ мебошад, ки ҳадафи асосии он аз байн бурдани тамоси шахсӣ миёни кормандони андоз ва андозсупоранда ҷиҳати паст бурдани сатҳи фасод дар системаи андоз мебошад.

Аз ҷумлаи чунин равандҳое, ки самти ислоҳоти систамаи маъмурикунонии андозро дар асоси принсипҳои иқтисоди рақамӣ муайян менамояд коркард ва ҷорӣ гаштани модули хизматрасонӣ (дафтари шахсии андозсупоранда , равзанаи ягона, пешбурди феҳристи андозсупорандагон ва ғайра) ба андозсупорандагон мебошад, ки тибқи он муроҷиаткунандагон метавонанд ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ ба мақомоти андоз ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.

Чунин модулҳо зиёданд ва тасмим гирифтаем, ки оид ба асоситарини онҳо иттилооти бештаре барои хонандагон пешниҳод намоем. Дар маҷмуъ, намудҳои хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон то 36 адад зиёд карда шуда, айни замон гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ва ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, азназаргузаронии ҳисоботҳо, тартиб додани санади муқоисавӣ, ба таври электронӣ кушодани суратҳисоби бонкӣ, пешниҳоди эъломияҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, ҳисобкунаки андоз (барои андоз аз даромад, андоз аз воситаи нақлиёт, амволи ғайриманқул, андози замин), шакли электронии Кодекси андоз барои телефонҳои мобилӣ дар платформаи Android, гирифтани маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда, пардохти андозҳо тавассути кортҳои бонкӣ ва ѓайраҳо ба роҳ монда шудааст.

Нишондиҳандаҳои мазкур дар маҷмуъ аз беҳтар гардидани маъмурикунонии андоз шаҳодат диҳанд ҳам, аммо аз ҷониби дигар ба он далолат менамоянд, ки минбаъд ба корҳо ҷиҳати сифатан боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз тақвият дода шавад. Зеро, дар сатҳи минтақаҳо камбудиҳо дар ҷодаи банақшагирӣ ва пешбинии андоз ба назар мерасанд, ки сабабҳои он истифода гардидани услубҳои номукаммал, дақиқ набудани нишондиҳандаҳои оморӣ ва ѓайра ба ҳисоб мераванд.

Аз ҷумлаи мушкилоти роҳандозии чораҳои муҳими маъмурикунонии андоз ва ҳамоҳанг будани он нокифоя будани ҳамкориҳои самараноки байниидоравӣ оид ба татбиқи сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз, мавҷуд набудани таҷрибаи пайвастаи арзёбӣ намудани таъсири танзими меъёрҳои андозҳо ва имтиёзҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ, идоракунии молияи давлатӣ, қисман ва нопурра истифода гардидани механизмҳои ҳавасмандкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ, баҳисобгирии нопурраи истифодаи имтиёзот аз ҷониби андозсупорандагон, ҳанӯз ҳам нокифоя будани имкониятҳои хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон, ба имкониятҳои техникии технологияҳои муосир оид ба интиқол ва мубодилаи иттилоот ва мутобиқ набудани баъзе муносибатҳои андозӣ миёни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мебошанд.

Яъне, беҳдошти системаи маъмурикунонии андоз то андозае такья ба консепсияи иқтисоди рақамӣ ва таҳкими механизмҳои ҳавасмандкунии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин кам кардани хароҷот вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз мебошад.

Барномаи амалкунандаи маъмурикунонии андоз, ки имсол ҷамъбаст мегардад, ва барномаи нав барои солҳои 2020-2030, ки мақсад ва вазифаҳои асосии рушди маъмурикунонии андозро муайян менамояд самтҳои асосии ислоҳотро чунин муқаррар менамоянд:

1. Такмили сиёсати андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ;
2. Таҷдиди пайвастаи системаи автоматикунонидашудаи маъмурикунонии андоз, ҳамкории фосилавӣ (бе тамоси шахсӣ) бо андозсупорандагон, мақомоти давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ;
3. Баланд бардоштани фарҳанги андоз;
4. Баланд бардоштани сифати фаъолияти мақомоти андоз.

Бинобар ин, татбиқи чорабиниҳои беҳдошти маъмурикунонии андоз ба баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ, гузариш ба моделҳои муосир ва самараноки технологияҳои пешбурди системаи мақомоти андоз, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии соҳаи андоз, огоҳии андозсупорандагон ва дар натиҷа мустақилона риоя намудани қонунҳои андоз ва, дар ин асос боло бурдани нуфузи мақомоти андоз тавассути идоракунии одилона равона карда шудаанд.